Дӯстони азиз,

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи Шумо маърӯзаи таҳиягардида дар бораи вазъ ва истифодабарии сарватҳои табиии Тоҷикистон, чораҳо ва вазифаҳои асосӣ дар самти ҳифзи муҳити зист барои доираи васеи хонандагон пешниҳод менамояд. 

Вазъи экологӣ дар тамоми ҷаҳон дар ҳолати баробарвазнии ноустувор қарор дорад. Зиёд шудани партови газҳои гулхонавӣ ва дигар моддаҳои зараровар ба ҳаво иқлими заминро тағӣир медиҳад, ба табиат ва саломатии аҳолӣ таъсир мерасонад.

Миқдори партовҳо, махсусан пластикию заҳролудкунанда, зиёд мешавад, ки он на танҳо дар ҷойи пайдошавиашон, балки дар нуқтаҳои дуртарини сайёра, аз ҷумла нуқтаҳои қутбӣ ва ҷазираҳо, баҳрҳо низ таъсири худро мерасонанд.

Омилҳои ногувори экологӣ имрӯз барои намудҳои нодири табиати зинда дар хушкию об хатар эҷод мекунанд. Оқибатҳои мушкилоти имрӯзаи экологӣ мумкин аст дар давраи даҳсолаҳо, ҳатто садсолаҳо ҳис карда шаванд. Дар баробари ин ҳисси мушкилоти экологӣ ва ҷасорати мо барои фаъолият рӯз ба рӯз мустаҳкам мегардад.

Қонунҳо қабул мегарданд, мақсаду стратегияҳо ва роҳҳои амалӣ гаштани онҳо таҳия мегарданд, донишу технологияҳо такмил меёбанд. Мутаассифона, баъзан онҳо самаранок истифода намегарданд ё захираҳо кифоягӣ намекунанд.

Мо умедворем, ки маълумотҳо ва расмҳои дар маърӯзаи мазкур овардашуда ба хонандагон дар эҳсоси васеъ ва чуқур будани мушкилоти экологӣ ва зарурияти андешидани чораҳои зарурӣ баҳри ҳалли масъалаҳое, ки бояд дар оянда ҷиҳати нигоҳ доштани табиат барои некуаҳволӣ ва гул – гулшукуфоии наслҳои имрӯзаю ояндаи мардум ҳаллу фасл гарданд, кӯмак мерасонанд. Боварӣ дорем, ки чӣ шаҳрвандони оддӣ, чӣ мансабдорон, чӣ ҷомеаи ҷаҳонии дахлдор барои беҳбудии вазъи муҳити зисти кишварҳои худ ва тамоми сайёра мусоидат менамоянд.

Бароятон осмони беғубору осоишта, обу маҳсулоти ширину безарар, замини ҳосилхез, кайфияти зебогӣ ва ҳадяҳои табиати нотакрорамонро таманно менамоем.

                                       

Хайрулло Ибодзода,

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрели соли 2018, ш. Душанбе

Дар бораи ин маърӯза

Маърӯзаи экологии мазкур дар доираи омодагӣ ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», ки бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гаштааст, таҳия гашта, саҳми мо барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор мебошад.

Маърӯза аз ҷониби Гурӯҳи ташаббускори Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ҳамшарикӣ бо Барномаи СММ оид ба муҳити зист ва иштироки фаъоли шабакаи экологии «Зой Интернешл Нетворк» (Швейтсария) дар омода сохтани матну расмҳо таҳия гардидааст.

Маърӯза дар асоси хулосаю тавсияҳои «Тафсири натиҷагирии фаъолияти экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз ҷониби мутахассисони Комиссияи иқтисодии аврупогии СММ дар соли 2017 таҳия гашта буд, инчунин дигар маърӯзаҳои экологи ва маълумотҳои омории солҳои 2000-2015 омода шудааст.

Маърӯза барои хонандагон иттилооте пешкаш мекунад, ки дар асоси сарчашмаҳои эътимоднок ва нуқтаи назари муосир дар бораи таъсири фаъолияти инсон ба муҳити зист таҳлил гашта, муҳимияти табиат ва сарватҳои табиӣ, аҳамияти онҳо барои аҳолӣ ва иқтисодиёт, чораҳои ба ҳифзи табиат ва кам кардани ифлосиҳо нигаронидашударо нишон медиҳад.

Маърӯза, дар мадди аввал, ба ҷавонон, ки қисми зиёди аҳолии Тоҷикистонро ташкил мекунанд ва ба доираи васеи аҳолӣ, аз ҷумла нафароне, ки ба онҳо табиат аҷоиб аст, нигаронида шудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-ро дар Тоҷикистон соли ҷавонон эълон намуда буданд, барои ҳамин ҳам маърӯза мақсад гузоштааст, ки маълумотро дар бораи арзишҳои табиӣ ба ҷавонон расонад ва онҳоро ба ҳалли масъалаҳои муҳими давлатию ҷамъиятӣ дар самти ҳифзи табиат ҳидоят намояд. Соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гаштааст. Маълум аст, ки сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳатҳо бо сарватҳои нотакрори табиӣ ва анъанаҳои истифодабарии онҳо алоқаманд аст, ки он низ дар маърӯзаи мазкур инъикос гаштааст.

Бо назардошти талаботи хонандагони замонавӣ дар истифодаи Интернет барои дастрас намудани маълумот ва мубодилаи он, матн ва ороиши он мувофиқи усулҳои байналмилалии замонавӣ омода гашта, маълумоти экологӣ дар намуди электронӣ пешниҳод гаштааст. Таҳиягарони маърӯза миннатдор мешуданд, агар дархостҳои хонандагон барои иловаю аниқ кардани маърӯза ва баланд бардоштани сатҳу мазмуни нашрияҳои дигари он фикру андешаҳои худро ба нишонии muhit@hifzitabiаt.tj ирсол мекарданд.

Гӯруҳӣ тартибдиҳандагони маърӯза:

Хайрулло Ибодзода, Ойхон Шарипова, Тимур Назаров, Саидисмон Судуров, Мақсатулло Мардонов, Абдуқодир Маскаев, Нилуфар Назирова, Хисрав Маҳмадуллоев, Нейматулло Сафаров, Ҷамолиддин Якубов, Сулҳия Сидиқова, Нейматулло Умонов, Нурулло Раҳимов, Каримҷон Абдуалимов, Гулрухсор Тиллоева, Назриалло Сарабеков, Беҳруз Исоев.

Гӯруҳӣ дастгирии техникии беруна ва таҳрир: Виктор Новиков, Фируза Илларионова, Матиас Байлштайн, Николай Денисов, Мария Либерт, Мария Пронина, Юлия Тромбицкая

Сарпарастон аз барномаи рушдди СММ оид ба муҳити зист: Томас Маркес, Матиас Биллот, Олжас Атымтаев.

Аксҳоро барои истифода намудан дар маъруза ба арзи эҳтиром пешниҳод намудаанд:

Мартин Мергели (http://www.mergili.at), Виктор Новиков (Экологическая сеть «Зой»),  Маркази миллии гуногунӣ ва бехатарии биологӣ, Агентии обуҳавосанҷии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Маълумотҳо ба ҳолати апрели соли 2018 оварда шудаанд. Тағйироту иловаҳо дар назар аст.

Хусусиятҳои хоси Тоҷикистон.

Арзиши баланди сарватҳои табиӣ дар миқёси минтақавӣ ва глобалӣ, таъсири нисбатан кам аз тарафи инсон ва табиат

Вазъи табиат ва сарватҳо

Табиати Тоҷикистон дар рақамҳо

Баландии мавзеъҳо – аз 300 то 7495 м аз сатҳи баҳр

Баландии миёна ва релефи асосӣқариб 3 ҳазор метр, 93% ҳудуд бо куҳҳо пӯшида шудааст.

Ҳудуди иқлими замин – субтропик, 370 арзи шимолӣ

Майдони мамлакат – 142,6 ҳаз. км2, дарозии ҳудуд аз шимол ба ҷануб 350 км, аз ғарб ба шарқ – 700 км.

Пиряхҳо 6% ҳудуди мамлакатро ишғол менамоянд: дарозии аз ҳама пиряхи калон –  Федченко – 70 км.

Резиши дарёҳое, ки дар ҳудуди мамлакат ташаккул меёбанд – зиёда аз 53   км3 дар як сол.

Шабакаи дарёҳо – зиёда аз 28 ҳазор км, аз ҷумла 1 ҳазор дарёҳои дарозиашон аз 10 км, зиёд.

Ҷангалҳо ҳамагӣ 3% ҳудуди мамлакатро ташкил медиҳанд, вале дорои навъҳои пурарзиши генетикӣ мебошанд.                                                    

Гуногунии наботот – зиёда аз 4,5 ҳазор намуд, аз ҷумла қариб 1 ҳазор. намудҳои эндемикие, ки танҳо дар Тоҷикистон ва минтақаҳои ҳамсояи он мерӯянд.

Намудҳои муҳимтарини ҳайвонот – бабри барфӣ, бузи пармашох, гӯсфанди куҳии бухороӣ, архар.

Ҷойҳои шоёни диққати табиӣ – кӯҳҳо, кулҳои Помир ва Куҳистон,   обҳои чашмаҳои табобатӣ.

Ҳунарҳои мардумӣ дар асоси ҳадяҳои табиат- ҷамъоварии хушкмеваҳо ва гиёҳҳои табобатӣ, сабадҳои бофтагӣ, зарфҳои сафолӣ, ҷавоҳироти заргарӣ аз сангҳои қимматбаҳои маҳаллӣ.

Ҷойгиршавии ҷуғрофии мамлакат ва хислатҳои асосии табиӣ

Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ ҷойгир шудааст. Аз ғарб бо Ӯзбекистон ҳамсарҳад аст, аз шимол бо Қирғизистон, аз ҷануб – бо Афғонистон, аз шарқ – бо Хитой. Аз баҳрҳо ва бозорҳои фуруш дур ҷойгир будани мамлакат, имкониятҳои рушди иқтисодии онро дар давраи глобализатсия паст мезанад. Аз ҷониби дигар, табиати нотакрор ва сарватҳои бойи он барои рушди сайёҳӣ, энергетияи барқароршаванда ва истеҳсоли маҳсулоти аз нигоҳи экологӣ тоза имкон медиҳанд.

Масоҳати мамлакат 142,6 ҳазор километри мураббаъро  ташкил дода, дарозии ҳудуди он 350 километр аз шимол ба ҷануб ва 700 километр аз ғарб ба шарқро ташкил медиҳад. Баландии ҷойгиршавиаш аз 300 то 7495 метр аз сатҳи баҳр ва баландии миёнаи он 3 ҳазор метр буда, 93% ҳудуди мамлакатро куҳҳо ташкил медиҳанд.

Ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво аз +17о С дар ҷануб то -7оС дар баландкуҳҳо дар марказ ва шарқи мамлакат дигар мешавад. Помир бо иқлими сахташ маълум аст, ки ҳарорати минималиаш то -60оС мерасад. Тобистон дар бештари нуқтаҳои аҳолинишин гарм буда, ҳарорати ҳаво аз +40оС зиёд мешавад. Дар биёбонҳои тафсони ҷануб ва баланкӯҳи хунуки биёбонҳои Помир миқдори боришоти солона аз 200 мм зиёд намешавад, дар маркази Тоҷикистон бошад, боришоти максималии солона ба 1000 мм мерасад.

Қулаи баландатрини Тоҷикистон ва Осиёи Миёна – қулаи И.Сомони, 7495 м. Помир

Аз назари геологӣ ҳудуди Тоҷикистон хело ҳам аҷоиб буда, дорои намудҳои зиёди канданиҳои фоиданоки аз ҷиҳати синну сол гуногун мебошад. Куҳҳои Тоҷикистон ҷавон ҳисобида мешаванд, ташаккули онҳо 50-60 миллион сол пеш сар шудааст, раванди фаъоли онро давраи 5-10 миллион соли охир дар бар мегирад. Ба системаи асосии куҳӣ қаторкуҳҳои Курама, куҳҳои Муғул (Тяншони ғарбӣ), куҳҳои Ҳисору Олой ва Помир ва қаторкуҳҳои бешумори онҳо дохил мешаванд. Қаъри замин аз канданиҳои фоиданок бой аст, аз ҷумла тилло, нуқра, сангҳои қимматбаҳо, уран, ангишт, намаки ошӣ, флюорит, оҳаксанг ва ғайра, вале танҳо миқдори ками ин сарватҳо айни ҳол дар мамлакат гирифтаю истифода бурда мешаванд. Обҳои минералӣ, ба монанди Гармчашма, Хоҷа-Обигарм, Шоҳамбарӣ, Тошбулоқ, барои табобат васеъ истифода бурда мешавад.

Қабатнокии хосаи ҷинсҳои куҳӣ, Тоҷикистони марказӣ

Пиряхҳо ва барфҳои баландкуҳҳои Тоҷикистон манбаи асосии об мебошанд. Пиряхҳо масоҳати 8 ҳазор километри мураббаъ ё 6% масоҳати мамлакатро ташкил медиҳанд. Масоҳати пиряхҳо аз масоҳати ҷангалҳо ду маротиба зиёд аст. Захираи об дар пиряхҳо то 550 километри мураббаъ мерасад, ки он ба ҳаҷми оби тамоми дарёҳои Тоҷикистон дар давраи 10 сол ташаккулёфта баробар мебошад. Дар Тоҷикистон чанд ҳазор пиряхҳо мавҷуд аст, ки қисми зиёди онҳо хурданд, вале 10 пиряхҳо дарозии то 20 километра доранд. Калонтарин пиряхи Тоҷикистон пиряхи Федченко мебошад, ки дарозии он 70 километр ва бараш 2 км, ғафсии ях то 1 километрро ташкил медиҳад.  Зери таъсири гармшавии иқлим ҳаҷми қисми пиряхҳо кам мешавад, сатҳи оби дарёҳо, ки аз онҳо вобаста аст, меафзояд. То нимаи асри XXI дар назар аст, ки қабати охирини яхини мамлакат хело кам коҳиш ёбад.

Пиряхи Зарафшон, Тоҷикистони Марказӣ

Дарёҳои куҳӣ манбаи асосии табии об барои кишоварзӣ ва аҳолӣ, инчунин асоси гидроэнергетикаи мамлакат мебошад. Ҷиҳати банақшагирӣ ва идоракунии  захираҳои обӣ дар Тоҷикистон айни ҳол 4 ҳавзаи дарёҳоро ҷудо мекунанд: ҳавзаи дарёҳои Сирдарё (бо суб-ҳавзаи Зарафшон) дар шимол , дарёи Кофарниҳон дар ғарб, дарёи Панҷ дар ҷануб ва дарёи Вахш дар марказ. Дар мамлакат қариб ҳазор дарёҳо мавҷуд ҳастанд, ки дарозии ҳар яки онҳо ба зиёда аз 10 километр мерасад.

Кули баландкуҳи Қаракул, Помир

Масоҳати умумии кулҳо 700 километри мураббаро ташкил медиҳанд. Кули калонтарини Тоҷикистон Қаракул (масоҳаташ 380 километри мураббаъ, баландии ҷойгиршавиаш – 3914 метр аз сатҳи баҳр) дар Помир ҷойгир шуда, дар натиҷаи танӯраи метеорит пайдо шудааст. Чуқуртарин кули мамлакат- Саррез (3263 метр аз сатҳи баҳр, чуқуриаш 500 метр) дар натиҷаи заминларза  ва резиши куҳпораҳо соли 1911 дар водии Бартанг (болотар аз Мурғоб)  ташкил шудааст.

Бо сабаби масоҳати кам ва гаронии нархи маҳсулоти ҷангал дар Тоҷикистон чӯбу тахта бо усулҳои саноатӣ тайёр намешаванд, танҳо буриши санитарии ҷангал гузаронида мешавад. Буриши босуръати ҷангал 60-80 сол пеш бо мақсади тоза кардани замин барои ташкили заминҳои кишоварзӣ гузаронида шуда буд, ки дар натиҷаи он 100 ҳазор гектар ҷангалзорҳо бурида шудаанд. Дар 25-30 соли охир масоҳати ҷангалҳо дар сатҳи 410-420 ҳазор гектар боқӣ мемонад, ки асосан аз дарахтони паҳнбарг, арчазор, майдонҳои худрӯи  пистаю бодом, марғазорҳо ва ҷангалзорҳои дарахтони майдабарг (ангат, бед, сафедору тирак ва тӯс) иборат ҳастанд. Дар ҳаммаи намуди ҷангалҳо буриши ғайриқонунии дарахтҳо, чаронидани чорво ва ҷамъоварии алаф мушоҳида мешавад.

Алафзор ва ҷангалҳои куҳӣ, Тоҷикистони Марказӣ

Набототи Тоҷикистон гуногун буда, зиёда аз 4,5 ҳазор намуди растаниҳоро ташкил мекунад. Барои Тоҷикистон, ҳамчун мамлакати куҳӣ, минтақаҳои (поясҳои) баландии руйпушшавӣ бо алаф ва маҳдудияти ҷуғрофии рӯидани намудҳои мухталифи растаниҳо хос аст. Дар мамлакат намудҳои зиёди эндемикии растаниҳо мавҷуданд ва ноҳияҳои калидии гуногунии биологӣ минтақаҳои нодири табиати зиндаро ташкил мекунанд, ки аҳамияти умумиҷаҳонӣ доранд. Олами ҳайвонот зиёда аз 360 намуд ва зернамудҳои парандаҳо, 80 намуд ва зернамуди ширхӯрон ва 50 намуди моҳиҳоро ташкил медиҳад. Бо назардошти диққати бештари аҳолии ҷойдорӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ, вазъи ширхӯрони калон, ки ҳаёти онҳо дар тамоми ҷаҳон зери хатар қарор дошт, ба монанди бабри барфӣ, гӯсфанди Марко Поло (архар),  бузи пармашох беҳтар шудааст. Барои ин ва дигар намудҳои ҳайвонот ҷойҳои куҳии душворгузар ва экосистемаҳои куҳии муҳофизатшаванда муҳити зисти табиӣ ва пинҳонгоҳи хуб ҳисоб меёбанд.

Рушди устувор ва ҷанбаҳои экологӣ

Стратегияи рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки соли 2016 қабул шуда буд, чун мақсади асоси баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолиро дар асоси рушди устувори иқтисодӣ, аз ҷумла амнияти энергетикӣ ва истифодаи самараноки энергия, индустриаликунонӣ ва тақвияти роҳҳои рафту омад, беҳтар намудани шароити зист ва бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани аҳолӣ муайян кардааст.

Зиёд шудани аҳолӣ ва талаботи ба маҳсулоти хӯрока, об, энергия, манзили зист ва нақлиёти хизматрасон дар ҳолати нарасидани сарватҳои табиӣ зарурияте пайдо мекунад, ки тараққиёти ҷомеа ҳамчун истифодабарии мутаносиб ва ҳифзи табиат, барқароркунии сарватҳои он ва коркарди партовҳо яъне иқтисодиёти ҷанбаи боҳамхурда сурат гирад.

Фуруши меваҷоти маҳаллӣ зардолу ва себ, Тоҷикистони Марказӣ

Аҳолии Тоҷикистон, чун тамоми сайёра, зиёд шуда истодааст. Аз соли 2005 то соли 2017 аҳолии кишвар 25% – аз 6,8 то 8,8 миллион нафар зиёд шудааст. Кӯдакон ва ҷавонони то 24 сола 55% аҳолӣ, аҳолии синну соли 25-60 сола – 40%, аз 60 – сола калон-5%-ро ташкил медиҳанд. Теъдоди асосии аҳолии Тоҷикистон дар деҳот зиндагӣ мекунад ва шуғли кишоварзӣ дорад. Масъалаҳои амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ ва баромадан аз бумбасти нақлиётӣ ҳамчун самтҳои афзалиятноки тараққиёти кишвар ба ҳисоб мераванд.

Бехатарии энергетикӣ ва саноатӣ

Қариб ҳамаи энергетикаи Тоҷикистон дар гидроэлектростансияҳо асос гузоштааст. Дар вақтҳои охир барои таъмини бехатарии энергетикии оянда электростансияҳои бо ангишт коркунанда сохта шуда истодаанд. Норасоии электроэнергия дар давраи зимистон дар солҳои пеш ба як қатор мушкилоти экологию иқтисодӣ, аз ҷумла буридани дарахтҳо, зарар ба кишоварзӣ, саноат, шароити номусоиди фаъолияти соҳибкорӣ оварда мерасонд.

Қариб 95% электроэнергияи Тоҷикистон дар гидроэлектростансияҳо истеҳсол мешаванд. Дар солҳои 2016-2017 истеҳсоли электроэнергия 16-18 миллиар киловат – соатро дар як сол ташкил медод. Айни ҳол 10 электростансияҳои калону миёна ва қариб 200 хурду микро – НОБ-ҳо мавҷуд ҳастанд. Тавоноии истеҳсолии электростансияҳо 5.190 МВТ буда, аз нисф зиёди онро НБО Норак истеҳсол мекунад.

Неругоҳи обию барқии Норак, дарёи Вахш

Барои зиёд кардани истеҳсоли электроэнергия корҳо дар сохтмони НОБ – и Роғун идома доранд. Дар назар аст, ки НОБ – и мазкур дар муҳлати солҳои 2018-2028 зина ба зина ба кор дароварда шуда, гидроэлектростансияи калонтарини мамлакат мегардад. Арзёбии байналмилалии таъсиррасонӣ ба муҳити зист, ки солҳои 2012-2014 бо мусоидати Бонки Ҷаҳонӣ гузаронида шуда буд, нишон дод, ки сохтмони НОБ-и Роғун дар дарёи Вахш, ки ҳанӯз дар давраи шӯравӣ оғоз ёфта буд, мақсадноку дуруст мебошад. НОБ-и Роғун ва дигар нерӯгоҳҳои барқӣ, ки айни ҳол сохтмони онҳо идома дорад, то соли 2030 аз рӯи пешгӯиҳо бояд истеҳсоли қувваи барқро 2 маротиба – то 37 – 45 миллиард киловат – соат дар як сол расонад.

Гидроэнергетика аз устувории обҳои дарёҳо вобаста аст ва осебпазир аз боду ҳавои номусоид – хунукиҳои сахт ва хушксолӣ, тағйирёбии иқлим. Бинобар вобастагии сахти Тоҷикистон аз гидроэнергетика, бо мақсади диверсификатсия иқтидорҳои нави энергетикӣ, ки  бо қувваи ангиштсанг кор мекунанд, сохта шуда истодаанд, инчунин лоиҳаҳои баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии неругоҳҳои калон ва кам кардани вобастагии онҳо аз тағйирёбии иқлим амалӣ мешаванд.  Дар баъзе касалхонаҳо ва мактабҳо дастгоҳҳои энергияи офтобӣ истифода бурда мешаванд, аммо онҳо то ҳол васеъ истифода намешаванд ва ҳиссаи онҳо дар ҳаҷми истеҳсоли энергия ночиз аст.

Тоҷикистон дорои захираҳои на он қадар калони намудҳои зеризаминии сузишворӣ – нафту газ мебошад, конҳои кашфшудаи нафту газ корҳои душвори пармакунӣ дар чуқурии 5-7 километраро талаб мекунад. Қариб ҳамаи маводи нафту гази Тоҷикистон аз Россия ва Қазоқистон ворид мешавад.

Ангишт  дар ҳаҷми 1-2 миллион тонн дар як сол дар конҳои Назарайлоқ, Шӯроб ва Фон-яғноб истеҳсол мешавад. Барои қонеъ намудани талабот  ба ангишт зиёд шудани истеҳсоли он то 7-15 миллион тонн дар як сол то соли 2030 дар назар аст. Дар давоми 10 соли охир 200 корхонаҳо ба истифодабарӣ аз ангишт гузаштаанд.

Иморатҳои нав дар шаҳрҳо аз рӯи меъёрҳои замонавӣ сохта мешаванд, вале дар бисёрии иморатҳои дар деҳот истифодашаванда технологияҳои замонавии самаранокии энергетикӣ истифода бурда намешаванд. Барои  бартараф намудани норасогии барқ лампаҳои каммасраф ва воситаҳои гарминигоҳдоранда истифода бурда мешаванд, сохтмони НОБ-ҳои хурду бузург, зиёд намудани истеҳсоли қувваи барқ аз ҳисоби дигар манбаъҳо идома дорад.

Кони корношоями уран ва партовоҳи радиоактивӣ, Истиқлол, Тоҷикистони марказӣ

Дар давраи шӯравӣ дар Тоҷикистон саноати куҳӣ босуръат рушд меёфт, аз ҷумла саноати металлургӣ ва истеҳсолоти химиявӣ. Дар шимоли мамлакат конҳои ртуту сурма, дигар металлҳои камёфт истеҳсол мешуданд. Дар натиҷаи он, ки чораҳои зарурии экологӣ ва бехатарии саноатӣ андешида нашудаанд, аз он вақт то ҳозир миқдори зиёди партовҳои саноатии беҳисоб ҷамъ шудаанд. Айни ҳол корҳои безараркунии партовҳои гӯршудаи урандор дар наздикии шаҳрҳои Хуҷанд ва Истиқлол гузаронида шуда истодаанд. Дар ҷанубу – ғарби мамлакат корхонаҳои химиявӣ ва металлургӣ сохта шудаанд, ки дар замони гузашта об, қаъри замин ва ҳавои атмосфераро заҳролуд мекарданд. Қисми ин корхонаҳо самти кориашонро дигар карданд, қисми дигарашон бо технологияи навин фаъолият бурда истодаанд. Дар муқоиса бо балантарин нишондоди истеҳсолии давраи шӯравӣ, наздик ба 30 сол ҳаҷми партови заҳровари саноатӣ 50-80% кам шудааст. Ҳамаи корхонаҳои калони нав ба арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист фаро гирифта мешаванд, ки он барои интихоб ва мувофиқаи технологияи аз лиҳози хизматрасонӣ ба саломатии аҳолӣ ва муҳити зист беҳтар мусоидат менамояд.

Амнияти хӯрокворӣ ва кишоварзӣ

Кишоварзӣ аз рӯи шумораи шуғли  аҳолӣ ва муҳимияти иқтисодӣ  соҳаи пешбаранда ба ҳисоб меравад. Соли 2015 дар соҳаи кишоварзӣ 25% меҳнаткашон шуғл меварзиданд, саҳми он дар муҳсулоти умумии кишвар 23 % – ро ташкил медиҳад. Маҳсулнокӣ ва фоидаоварии кишоварзӣ дар сатҳи хело ҳам паст қарор дорад, ки сабаби асосии он кӯҳна будани усулҳои корӣ, имкониятҳои маҳдуди содирот ва норасогии энергия барои нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулот мебошад. Чун қисми зиёди аҳолӣ дар деҳот зиндагӣ карда, бо корҳои кишоварзӣ машғули коранд, ба вазъ ва истифодабарии сарватҳои табиии мамлакат инъикос мегарданд.

Заминҳои обёришаванда 85% ҳаҷми умумии оби нӯшокиро мегиранд ва он ба вазъи захираҳои обӣ таъсири худро мерасонад. Обҳои аз майдонҳои кишт тариқи заҳкашу заҳбурҳо баромада сифати обро паст мекунанд. Чорвопарварӣ манбаи калони партови газҳои гулхонавӣ – метан (СН4) ба атмосфера мебошад.

Порӯ ҷамъоварӣ, хушк ва дар бисёри хоҷагӣ ҳамчун сӯзишворӣ истифода бурда мешавад, ки он ба ифлоскунии ҳаво дар кӯчаҳо ва дохили биноҳо оварда мерасонад, танҳо қисми ками порӯ ба сифати нурии минералӣ истифода бурда мешавад. Қисми зиёди партовҳои хонагии зудвайроншаванда бе ҷудокунӣ ба навъҳо ба партовгоҳҳо партофта мешаванд, ки он ба партови метан ба ҳаво оварда мерасонад, хоҷагиҳои деҳқониро аз истифодабарии онҳо ба сифати компост ва хӯроки чорво маҳрум месозад. Истифодабарии босуръати моддаҳои химиявӣ дар хоҷагии қишлоқ дар ноҳияҳои алоҳидаи мамлакат дар давраи шӯравӣ сабаби заҳролудшавии замин ва ба вуҷуд омадани партовгоҳҳои заҳрхимикатҳои кӯҳна гардидааст.

Ба чарогоҳҳои мавсимӣ рондани ҳайвоноти хонагӣ, Тоҷикистони марказӣ

Аз 14 миллион гектар заминҳои мамлакат қариб 3,6 миллион гектар дар хоҷагии қишлоқ истифода бурда мешаванд, масоҳати боқимондаи замин – ин ҷойҳои душворгузари кӯҳӣ,  пиряхҳо ва биёбонҳо мебошанд. Дар ҷойҳои одаму чорвогузари масоҳати 2,7 миллион гектари заминҳо чарогоҳҳо ва 0,65 миллион гектар ҳамчун заминҳои корами кишоварзӣ истифода мешаванд. Дар ихтиёри хоҷагиҳои деҳқонии шахсӣ 80% заминҳои корам қарор доранд, аммо барои фермерҳо маълумоти зарурӣ дар бораи тарзи истифодабарии оқилонаи нуриҳои минералӣ, воситаҳои ҳифзи замин ва ҳосили он намерасад. Дар натиҷаи истифодабарии замин бе ҳисоби дониши хусусияти замин, дар водии Ёвон ва дигар ноҳияҳо равиши таназзули замин идома дорад ва оббурдаҳои барашон 20 метр ва дарозиашон то 100 метр пайдо шудаанд.

Тахрибшавии босураъти заминҳои корам ва бавуҷудоии ҷариҳо, водии Ёвон

Бисёрии таллу теппаҳои барои кишт истифодашаванда  бидуни чораҳо оид ба ҳифзи замин аз бодлесӣ истифода шуда истодаанд.

Чаронидани бенизоми  чорво дар чарогоҳҳои табиӣ ва ҷангалзорҳои кӯҳӣ сабаби кам гардидани намудҳои зиёди ҳайвоноти ваҳшӣ ва растаниҳо, аз инкишоф мондани ҷангалҳо ва паст гардидани маҳсулнокии чарогоҳҳо мегарданд, ки он боигарии табиати кишварро маҳдуд месозад. Дар ноҳияҳои алоҳида бемасъулиятӣ дар кишти заминҳо ба зиёд шудани биёбоншавии онҳо оварда расонидааст.

Кишоварзӣ аз боду ҳавои номусоид осебпазир аст – жола, борони сел, гармии сахт, камобӣ, хунукиҳои сахт, оқибатҳои тағйирёбии иқлим, аз ҷумла ҳарорати баланд, обхезӣ ва дигар шудани обнокии дарёҳо ба соҳа таъсири манфии худро мерасонад. Барои  расидан ба мақсади гузошташуда то соли 2030 таъминот бо маҳсулоти худӣ дар сатҳи 60-70%, Тоҷикистонро зарур аст, ки боигарии табиии замин ва чорагоҳҳоро нигоҳ дошта, таъсири номатлуби обу ҳаво ва тағйиёрбии иқлимро ба соҳаи кишоварзӣ маҳдуд созад.

Нақлиёт, инфрасохтори сайёҳӣ ва манзилӣ

Нақлиёт ва роҳҳо ба сифати ҳаво дар шаҳрҳо ва ба табиати зинда таъсир мерасонанд. Аз як тараф, сохтмон ва барқарорсозии роҳҳои нав ва амаликунанда ба беҳтар гаштани сифати хизматрасонӣ ва бехатарии ҳаракти роҳ мусоидат менамояд. Аз тарафи дигар, роҳсозӣ сабаби азхуд кардани мавзеъҳои кашфнашудаи табиӣ мегардад, ки дар он ҷо пештар одамон, саноат ва партовҳо кам буданд. Рушди роҳҳо дар Тоҷикистон, чун дар тамоми ҷаҳон,  ба фрагментация, яъне тақсимоти муҳити табиӣ ба қисмҳои алоҳида ва вайронкунии роҳҳои мигратсияи ҳайвонот мусоидат мекунад.

Айни ҳол дар Тоҷикистон 14 ҳазор километр роҳҳои автомобилгард истифода шуда истодаанд, ки аз он қариб 5 ҳазор километр дар экосистемаҳои куҳӣ ҷойгиранд. Дар 10-12 соли наздик Хитой сармоягузории калонро барои Осиёи Марказӣ ба нақша гирифтааст, ки он рушди минтақаи иқтисодии Роҳи нави абрешим (лоиҳаи «Минтақа ва Роҳ»), инчунин роҳҳо, хатҳои газгузар ва саноатиро дар бар мегирад. Дар доираи амалисозии лоиҳаи нави Роҳи абрешим Тоҷикистон метавонад дар ояндаи наздик ба давлати транзитӣ дар роҳи энергия, мол ва маҳсулот аз Хитой ба давлатҳои дигар ва баръакс табдил ёбад. Дар дарёи Панҷ пулҳо байни Тоҷикистону Афғонистон, хати интиқоли барқ ба Покистон (лоиҳаи CASA-1000), нақбҳои нав ва роҳҳои оҳан сохта шуда истодаанд. Тамоми инфрасохтори мазкур, ба ғайр аз ба даст овардани имкониятҳои иқтисодии нав ва раҳоӣ ёфтан аз бумбасти иқтисодӣ, экосистемаи куҳиро барои истифодабарӣ наздик меорад ва  ҳамзамон, метавонад ба вазъи табиати зинда таъсири манфӣ расонад.

Дучархасаворони таҳҷоӣ дар роҳи Душанбе-Варзоб

Дар Тоҷикистон ба 1 ҳазор нафар аҳолӣ қариб 50 автомобилҳо рост меоянд. Аз рӯи талаботи имрӯза ва дар муқоиса бо кишварҳои тараққикарда ин нишондод калон нест. Вале дар давоми даҳсолаи охир миқдори воситаҳои нақлиёт қариб 2 маротиба зиёд шудааст, дар натиҷа ҳаракат дар роҳҳо душвор шуда истодааст, ҳаво заҳролуд мегардад, дар шаҳрҳо оромиро халалдор мекунад, таъсири манфии ҳаракти роҳ ба табиати зинда меафзоянд. Нақлиёти ҷамъиятӣ то ҳол суст тараққӣ ёфтааст, талаботи афзояндаи аҳолиро қонеъ намекунад, ки он ба боз ҳам зиёдшавии миқдори автомилҳои шахсӣ дар роҳҳои мамлакат мусоидат мекунад.

Синну соли миёнаи парки автомобилҳои боркаш дар Тоҷикистон 15 солро ташкил медиҳад. Нақлиёт манбаи асосии ифлоскунандаи ҳаво ба ҳисоб меёбад ва он 70-80% ҳамаи партовҳои мамлакатро ба ҳаво мепартояд. Партовҳо аз манбаҳои ҳаракаткунандаи ифлоскунӣ айни ҳол 340-540 ҳазор тоннаро дар як сол ташкил мекунанд, ки ин 2 маротиба аз 10 соли пеш зиёд аст. Чораҳои асосии кам кардани партовҳои нақлиёт ин нав кардани парки воситаҳои нақлиёт мебошад (бо параметрҳои экологии беҳтар), истифодабарии сӯзишвории сифати хубтар,истифодабарии филтрҳо ва катализаторҳои партовҳои хориҷшаванда ва мукаммалгардонии кори нақлиёти ҷамъиятӣ мебошад. Автомобилҳои ҳозиразамон, аз ҷумла бо муҳарикҳои омехтагӣ ва барқӣ ва бо таҷҳизоти партовҳои муҳарикиро несткунанда кам дучор мешаванд.  Аз соли 2018 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воридоти автомобилҳои соли бароришашон то соли 2005-ро бо мақсади ҳавасмандкунии воридот ва истифодабарии воситаҳои нақлиёти замонавӣ маҳдуд кард. Дар мамлакат ҳамчун сӯзишворӣ гази моеъ васеъ истифода карда мешавад, ки он барои кам кардани партовҳои моддаҳои зарарнок ба ҳавои атмосфера мусоидат мекунад.

Дараи Варзоб

Инфрасохтори сайёҳии оммавӣ – истироҳатгоҳҳои лижаронии кӯҳӣ, табобатгоҳҳо ва базаҳои истироҳатӣ  дар Тоҷикистон ба таври васеъ тараққӣ наёфтаанд, ба ғайр аз водиҳои Варзоб ва Ромит, ки дар наздикии Душанбе ҷойгиранд. Сабаби асосии он маҳдудияти нақлиёти мамлакат ва суст тараққӣ ёфтани хизматрасонии меҳмонхонавӣ мебошад. Қисми ноҳияҳои кӯҳӣ дар вазъи қадимаи худ қарор доранд, аз ҷумла табиат, расму оинҳо ва фарҳанги аҳолии ҷойдорӣ, ки он дӯстдорони сайёҳии пиёдагардӣ ва фарҳангиро ҷалб менамояд. Ҷойҳои шӯҳратёфти таърихию табиӣ ва меҳмоннавозии Тоҷикистон зиёд қадр мекунанд ва дар ярмарка – намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳи васеъ инъикос мешаванд, барои ҳамин ҳам аҳолии ҷойдорӣ, мақомоти давлатӣ ва доираҳои соҳибкорӣ зиёд гаштани миқдори сайёҳонро интизоранд. Тартиби  омадан ва ба қайд гирифтани меҳмонон содда мегардад. Дар  ҷойҳо барои тараққӣ додани майдончаҳои истироҳатӣ барои кӯдакону калонсолон дар ҳавои тоза диққати калон дода мешавад.

Дар 10 соли охир фонди манзили мамлакат 50% зиёд шуд. Новобаста ба сохтмони умумӣ дар шаҳру ноҳияҳо нишондоди таъминоти аҳолӣ ба манзил ҳоло ҳам паст аст – 11 метри мураббаъ барои як нафар. Дар тамоми мамлакат барқарорсозии  умумии фонди манзил ҷиҳати таъмини бехатарии он, беҳтар кардани шароити зисти одамон ва сарфаи энергия зарур аст.        

Ҷанбаҳои экологӣ

Мақомоти ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон таърихи 30-сола дорад. Айни замон системаи давлатии ҳифзи табиат аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (мақоми асосии ваколатдор) ва мақомоти зертобеи он, инчунин дигар идораҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимият, ки сиёсатро дар соҳаи истифодабарии сарватҳои табиӣ, аз ҷумла вазорати Энергетика ва захираҳои об, Вазорати кишоварзӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геология ва ғайра иборат мебошад.

Дар мамлакат қонунҳои қабулшуда, меъёрҳо, стратегияҳо ва нақшаҳо аз рӯи самтҳои алоҳидаи экологӣ амал мекунанд, аз ҷумла оид ба ҳифзи муҳити зист дар маҷмӯъ, ҳифзи ҳавои атмосфера, иқлим ва қабати озони Замин, нигоҳдории биогуногунӣ (табиати зинда) ва ҷангал, сарфаю истифодабарии оқилонаи об ва энергия, мубориза алайҳи биёбоншавӣ ва ҳифзи замин, мониторинги пиряхҳо, мубодилот бо партовҳо, масъалаҳои санитарию гигиекнӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ.

Барои иҷрои қонунҳо, стратегияю  нақшаҳо низомномаҳо, дастурамалҳо таҳия гаштаанд ва лоиҳаҳои гуногун тадбиқ мегарданд. Механизмҳои меъёрию иқтисодӣ барои идоракунӣ истифода бурда мешаванд, аз ҷумла меъёрҳои иҷозатдиҳии таъсиррасонӣ ба табиат, ҷуброн ва ҷаримаҳо барои ифлоскунӣ, партови аз меъёр зиёди моддаҳои зараровар ба муҳити зист ва ҳосилкунии партовҳо. Арзёбии экологӣ, аудит ва экспертизаи корхонаҳо ва лоиҳаҳо имкон медиҳанд, ки иҷрои қонунгузории ҳифзи табиат таҳти назорат қарор дода шавад, технологияҳои беҳтар истифода шаванд ва маҳсулоти беҳтари экологӣ истеҳсол гардад.

Мамнунгоҳи Бешаи палангон ва ҷангалоти соҳилии поёноби д. Вахш, Тоҷикистони Ҷанубӣ

Дар Тоҷикистон шабакаи тараққикардаи ҳудудҳои махсус муҳофизатшаванда вуҷуд дорад, ки он барои нигоҳдории табиати зинда роли муҳим мебозад. Ба ғайр аз ин, вазифаҳои  ҳифзи ҳайвонот, наботот ва ҷангалҳоро инчунин хоҷагиҳои ҷангал ва шикор, парваришгоҳҳо иҷро мекунанд, шикори ҳайвонот ва ҷамъоварии наботот идора мешавад, яъне теъдоди ҳайвонот ҳисоб ва шумораи популятсияи онҳо барқарор мешавад.

Ҷиҳати иштирок дар лоиҳаҳои байналмилалӣ, ҳалли мушкилоти экологии минтақавию глобалӣ мамлакат ба Фонди байналмилалии наҷоти Арал (ФБНА), созишномаҳои глобалию минтақавӣ оид ба ҳифзи объектҳои мероси умумибашарӣ, ҳифзи қабати озони Замин, тағйирёбии иқлим, гуногунии биологӣ, мубориза бо биёбоншавӣ, дар бораи маҳдуд сохтани ифлоскунандаҳои устувори органикӣ,  пешгирии савдои ғайриқонунии намудҳо ва интиқоли партовҳои хатарнок шомил шудааст.

Тоҷикистон барои иттилоотонии аҳолӣ дар бораи мушкилоти ҳифзи табиат чораҳо андешида, аъзои фаъоли Конвенсияи Орхусии Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо дар бораи дастрасӣ ба маълумот, иштироки ҷомеа дар раванди қабули қарорҳо ва адолати судӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист мебошад. Дар манотиқи гуногуни мамлакат 7 марказҳои орхусӣ ташкил ва фаъолият доранд. Мақолаҳо ва мусоҳибаҳо дар бораи проблемаҳои экологӣ таҳия ва чоп мешаванд. Тайёр намудани экологҳо ва биологҳои маълумотнок амалӣ мегардад. Дар мактабҳои ибтидоию миёна фаннҳои табиатшиносӣ, география, биология ва экология омӯхта мешаванд. Аз ҷониби ташкилотҳои ҷамъиятии ғайриҳукуматӣ чорабиниҳои омӯзишӣ, аз ҷумла,  лагерҳои тобистонаи омузишӣ оид ба масъалаҳои экологӣ ва ҳифзи табиат гузаронида мешаванд. Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар гузаронидани чорабиниҳои иттилоотрасонӣ, идҳои экологӣ, намоишҳо ва корҳои дигар, масалан дар тоза намудани ҳудудҳо аз партовҳо, ниҳолшинонӣ ҳамкорӣ менамояд.

Иншооти нави варзишӣ, истироатӣ ва энергетикӣ дар қисмати шимолии шаҳри Душанбе

Қонунҳои нав «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист» (АТМЗ) қабул шудаанд. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби гузаронидани  АТМЗ, намудҳои объектҳо ва фаъолияти онҳо вобаста ба таъсиррасонии экологӣ муайян шудааст. Коркарди методикаи ҳисоби партовҳо, партофтан ва ташаккули партовҳо вобаста ба технологияҳои замонавӣ ва ба маълумоти умум расонидани натиҷаҳои АТМЗ амалӣ мегардад. Айни ҳол бо иштироки ҷомеа дар АТМЗ асосан оид ба лоиҳаҳои калони бо сармоягузории хориҷӣ татбиқшаванда амалӣ карда мешаванд.

Маблағи пардохт барои ифлоскунӣ, партовҳои саноатӣ ва табиатистифодабарӣ дар давоми 10 соли охир кам тағйир ёфтааст, ҳатто бо назардошти таваррум дар муқоиса бо хароҷотҳои зарурӣ вобаста ба барқароркунии муҳити зист ва бартарафсозии оқибатҳои ногувори табиатистифодабарӣ, ночиз аст. Ҳар сол барои вайронкунии меъёрҳои ҳархелаи экологӣ ҷаримаҳои зиёд муайян мешаванд, вале маблағҳои муқарраргардида ва ситодани онҳо нокифоя аст. Андозҳо барои сӯзишворӣ ва нақлиёт ҳануз ҳам барои кам гаштани партовҳо ва баланд шудани сифати сӯзишворӣ мусоидат намекунанд. Маблағи ками пардохти ҳаққи хизматрасонии оби ошомиданӣ ва кишоварзӣ барои ҷорӣ намудани технологияҳои сарфакорӣ ва ҳисоби оби истифодашуда, беҳтар намудани сифат ва кам кардани ифлосшавии он мусоидат намекунад. Аз тарафи дигар, бояд аҳамияти иҷтимоии тарифҳои паст ва кумак барои табақаҳои камбизоати аҳолӣ ба назар гирифта шавад.

Маводҳои асосии экологӣ

Ҳаво ва иқлим

Сифати ҳаво дар шаҳрҳои асосии Тоҷикистон дар сатҳи ҷоиз нигоҳ дошта мешавад. Манбаи асосии ифлосшавии атмосфера партовҳои нақлиёт ба ҳисоб мераванд,  партовҳои бештари моддаҳои зараровар аз манбаҳои доимӣ ва ҳаракаткунанда дар минтақаҳои саноатии мамлакат мушоҳида мешаванд.

Партовҳои газҳои гулхонавӣ (ГГ), ки қодиранд ба иқлим таъсир расонанд, дар Тоҷикистон камтар аз 1 тонна гази карбон (СО2) ба як нафари аҳолӣ рост меояд. Ҳиссаи Тоҷикистон дар партовҳои ҷаҳонӣ ночиз аст, вале мамлакат нисбат ба оқибатҳои ногувори тағйирёбии иқлим осебпазир мемонад. Аз соли 2005 то соли 2010 партовҳои СО2 қариб дар як сатҳ нигоҳ дошта мешаванд, вале вобаста ба зиёдшавии аҳолӣ, рушди иқтисодиёт ва зиёд шудани теъдоди нақлиёт партовҳо ба ҳаво зиёд шуда истодаанд. Иштироки Тоҷикистон ва аксарияти давлатҳо дар тадбиқи Созишномаи Париж оид ба иқлим ва амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба кам кардани партовҳо бояд барои пешгирии зиёдшавии ҳарорати глобалӣ дар доираи 20С ва коҳиш додани оқибатҳои ногувори гармшавӣ мусоидат намояд.

Зери таъсири партовҳои ҷаҳонии гулхонавӣ ва гармшавӣ майдони бо пиряхҳо пушидашудаи Тоҷикистон аз соли 1930 то ин ҷониб 25-30%- и он кам шудааст. Дар назар аст, ки то соли 2050 майдон ва ҳаҷми пиряхҳо боз 25-30 % кам гардад, ҳаҷми оби ҳавзаи дарёҳо аз ҳисоби обшавии босуръати пиряхҳо бошад аввал зиёд шуда, баъдан кам мегардад. Қуллаи обнокии дарёҳо ба муҳлатҳои пештар гузашта, ба таъминот бо оби кишоварзӣ метавонад таъсир расонад. Зиёд шудани эътимолияти селфароӣ, обхезӣ ва камобӣ низ дар назар аст.

Тоҷикистон дар байни давлатҳои Осиёи Марказӣ пешсафи гуногунӣ ва миқдори чораҳо дар самти мутобиқшавӣ ба тағйиёрбии иқлим аст. Ҳаҷми сармоягузорӣ дар намуди грантҳо ва қарзҳо дар 5 соли охир ба лоиҳаҳо оид ба иқлим дар Тоҷикистон ба 150 миллион доллари ИМА расидааст. Вазифаҳои ин лоиҳаҳо аз модернизатсияи шабакаҳои мушоҳидаҳои гидрометеорологӣ, тараққиёти кадрӣ ва иқтидори техникӣ барои омӯзиш ва моделикунонии оқибатҳои тағйирёбии иқлим, баланд бардоштани устуворӣ ва ҳимоя аз таъсироти осебпазирӣ ба тағйирёбии иқлими соҳаҳои иқтисодӣ– гидро-энергетика, кишоварзӣ, соҳибкории хурд, махсусан дар ноҳияҳои кӯҳи ва ноҳияҳои кишоварзӣ иборат мебошанд.

СИФАТИ ҲАВО

Қасри Президентӣ ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе

Ҳавои тоза барои нигоҳ доштани саломатӣ ва зиндагии боҳаловат зарур аст. Сифати ҳаво ба вазъи табиати зинда, нигоҳдории арзишҳои фарҳангӣ, фоиданокии кишоварзӣ ва ҷозибадории шаҳрҳо таъсир мерасонад. Фаъолияти нақлиёт, энергетика ва саноат бисёр вақт сабаби партовҳои моддаҳои заҳрнок ва ифлоскунандаҳои ҳаво мегардад.  Дар натиҷаи ифлосшавии ҳаво саломатии аҳолӣ, кишоварзӣ ва табиат метавонанд зарар бинанд. 

Манбаҳои асосии доимии партовҳо ва ифлосшавии ҳаво дар Тоҷикистон корхонаҳои металлургӣ ва сементбарорӣ, инчунин марказҳои обугармидиҳии бо ангишт  коркунанда ба ҳисоб мераванд. Тағйиротҳо дар сохтори саноат барои камшавии партовҳои моддаҳои ифлоскунанда мусоидат намуданд. Дар муқоиса бо нишондодҳои максималии 30 сол пеш (100 ҳазор тонн) дар давраи ҳозира ҳаҷми партовҳои зарарнок аз манбаҳои доимӣ 3 маротиба (35 ҳазор тонн) кам шудааст.

Нақлиёти автомобилӣ дар давоми 15 сол манбаи асосии ифлоскунандаи атмосфера ба ҳисоб меравад: ба он 70-80 % ҳаҷми ҳамаи партовҳо дар сатҳи 340-540 ҳазор тонн дар як сол (маълумотҳои давраи солҳои 2015-2017) рост меояд. Ба нақлиёт қисми асосии партовҳо (омехтаҳои карбон ва нитроген) ва ҳиссачаҳои сахт рост меояд. Теъдоди автомобилҳо дар роҳхои мамлакат сол то сол зиёд шуда, тибқи маълумоти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 аз 440 ҳазор адад зиёд шуд. Ҳаҷми калони партовҳо бо куҳнашавии парки автомобилҳо, ки муҳлати миёнаи истифодабариашон аз 15 сол зиёд аст, вобаста мебошад. Сифати пасти сӯзишворӣ низ ташвишовар аст.

Ҳаҷми аз ҳама хурди партовҳо дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон (Помир)  мушоҳида мешавад (камтар аз 10 ҳазор тонн дар як сол), ҳаҷми аз ҳама калони партовҳо дар шаҳри Душанбе (35-55ҳазор тонна дар як сол) ва вилояти Суғд (105-135 ҳазор тонна дар як сол) ба қайд гирифта мешавад. Манбаи калонтарини доимии ифлоскунанда (корхонаи саноатӣ)- корхонаи алюминийбарорӣ дар шаҳри Турсунзода (15-20 ҳазор тонн дар як сол) ба ҳисоб меравад.  Барои кам кардани партовҳо дар корхонаи мазкур филтрҳои ҳавотозакунанда насб шудаанд, системаи омӯзиши экологӣ ҷорӣ шудааст, электролизҳо ва технология истеҳсолот нав мешавад, гирду атрофи корхона мониторинги доимии давлатию идоравии сифати ҳаво ва об гузаронида мешавад.

Манбаи маълумотдиҳӣ дар бораи партовҳои моддаҳои зарарнок ба ҳавои атмосфера дар Тоҷикистон Агентии омор мебошад, ки он маълумоти расмӣ пешниҳод менамояд (www.stat.tj). Маълумотҳо дар бораи ғунҷоиши моддаҳои ифлоскунанда, бо нишон додани ҳиссаи ғунҷоиши ҳадди имкон ҳар ҳафта дар сайти Агентии обуҳавошиносӣ чоп мешавад (www.meteo.tj).

Мушоҳидаҳо аз рӯи сифати ҳаво дар панҷ шаҳрҳо гузаронида мешаванд. Миқдори моддаҳои ифлоскунанда дар ҳаво одатан аз меъёрҳои ғунҷоиши ҳади имконпазир зиёд намешавад. Баъзан шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар (Қӯрғонтеппа)  ба ифлосшавии зиёди ҳаво дучор мешаванд, ки сабаби асосии он  партовҳо, сабабҳои метеолорогӣ – миқдори ками боришот, туфонҳои ҷангӣ, ҳавои бешамол, беҳаракат мондани гардишҳои атмосферӣ дар фасли зимистон.

Шабакаҳои гармидиҳии марказию инфиродӣ, ки бо ангишт  ва ҳезум кор мекунанд, сифати ҳаворо дар фасли зимистон бад мегардонанд, гази табиӣ барои гармкунии хонаҳо истифода намешавад. Барои тайёр намудан ва гармкунии хӯрок ҳезум ва ангишт истифода мешаванд. Партовҳо ба ҳавои атмосфера инчунин аз ҳисоби сӯзонидани пояи пахта (ғузапоя) ҳосил мешаванд. Беназорат сӯзонидани партовҳои истеъмолӣ ва пасмондаҳои муассисаҳои табобатӣ низ манбаи моддаҳои ифлоскунанда ба ҳисоб мераванд.

Чораҳои андешидашаванда.

Аз ҷониби давлат чораҳои дахлдор андешида мешаванд – санҷиши дуднокӣ, назорати сифати сӯзишворӣ, дастгирии рушди нақлиёт бо сӯзишвории газ. Дар давоми 15 соли охир ҳиссаи автомобилҳои бо газ коркунанда чанд маротиба зиёд шудааст, аз 5% то 30- 40%. Истифодаи васеи гази моеъ аз ҳар ҷиҳат бояд дастгирӣ ёбад, чунки он метавонад партовҳоро ба ҳаво нисбат ба бензин ва сӯзишвории дизелӣ кам кунад. Автомобилҳои сабукрави электрикӣ ва гибридӣ кам истифода бурда мешаванд, вале бо тараққиёти технологияи истеҳсол ва паст рафтани нархи хариди онҳо дар шароити электроэнергияи арзон ин намуди нақлиёт ояндаи хуб дорад. Аз соли 2018 дар мамлакат воридоти автомобилҳои куҳна, соли бароришашон то соли 2005 манъ шудааст.

ТАҒЙИРЁБИИ  ИҚЛИМ

Обшавии пиряхҳои майда, Қаторкуҳҳои Ҳисор, Тоҷикистони марказӣ

Иқлим зери таъсири омилҳои зиёд арзи вуҷуд ва тағйир меёбад. Таъсири инсон ба иқлим, системаи дигаршавии он аён ва хатарнок аст. Истеҳсоли қувваи барқ ва истифодаи намудҳои канданиҳои зеризаминӣ (ангишТ, нафт, газ),  рушди соҳаҳои  мухталифи саноат ва сохтмон, кишоварзӣ, нақлиёт барои зиёд шудани таъсиррасонӣ ба иқлим бо сабаби зиёдшавии партовҳои газҳои гулхонавӣ мусоидат мекунад, чунки ин газҳо таъсиррасонӣ ба табиатро тез мекунонанд. Ҳамаи ин ба гармшавии сайёраи мо, тағйирёбии миқдори боришот, обшавии пиряхҳо  ва дигар тағйиротро дар табиат меорад. Бад шудани вазъи ҷангалҳо, ки истеъмолкунандаи асосии гази карбон мебошад, ин мушкилотро зиёд менамояд.

Газҳои асосии гулхонавӣ ин гази карбон (СО2), метан (СН4) ва оксиди азот (N2O) мебошанд. Қисми зиёди партови газҳои гулхонавӣ дар миқёси ҷаҳонӣ дуоксиди карбон мебошад – зиёда аз 65%. Дар солҳои 2015-2017  партовҳои  глобаблии СО2 – 35 миллиард тонн дар як солро ташкил доданд, якҷоя бо дигар газҳо гулхонавӣ– 50 миллиар тонн СО2 бо эквиваленти солона. Ғунҷоиши глобалии атмосферии СО2 аз соли 2015 сатҳи 400 қисмҳои ба миллион (РРт) зиёд шуда, ҳанӯз ҳам зиёд шуда истодааст, дар баробари ин самаранокии гармшавӣ низ меафзояд.

Дар миқёси ҷаҳонӣ ҷойи аввалро аз рӯи партовҳои газҳои гулхонавӣ ва моддаҳои ифлоскунанда ба атмосфера Хитой мегирад. Барои ҳалли ин мушкилоти вазнин Хитой иқтисодиёти худро тавре дигар карда истодааст, ки ба роҳи тарақкиёти «пасткарбондор» ва рушди «шуурнокии» экологӣ равона созад. Бо назардошти он, ки Хитой мавқеи муҳимро дар сармоягузорӣ, тараққиёти технологӣ ва истеҳсолоти нав дар Тоҷикистон ишғол мекунад, ва ҳамсояи муҳим ва шарики стратегӣ дар Созмони Ҳамкории Шанхай ба ҳисоб меравад, арзёбии экологӣ ва экспертизаи лоиҳаҳои нав ва ҳамкорӣ дар самти ҳифзи муҳити зист аз ҳисоби ҷорӣ намудани технологияи замонавӣ, усулҳо ва меъёрҳо аҳамияти муҳим дорад.

Дар Тоҷикистон манбаи асосии партовҳои газҳои гулхонавӣ хоҷагии қишлоқ (чорвопарварӣ ва истифодабарии нӯриҳо), истеҳсоли семент ва аллюминий, истифодабарии сӯзишворӣ дар нақлиёт, саноат, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва корхонаҳои  энергетикӣ маҳсуб меёбанд. Қисми ками партовҳо аз партовгоҳҳои партовҳои истеъмолӣ ба вуҷуд меоянд. 

Ҷомеаи ҷаҳонӣ мушкилоти тағйирёбии иқлимро дарк мекунад ва ба ҳамкории глобалӣ муроҷиат менамояд. Қадами муҳим дар ин самт қабули Созишномаи Париж оид ба иқлими дар доираи Конвенсияи чорчӯбаи СММ дар бораи тағйирёбии иқлим ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон ба ин Созишнома шомил гашт ва маълумотномаро оид ба саҳми мамлакат дар татбиқи он таҳия намуд. Тоҷикистон таҷрибаи 15 – солаи банақшагирӣ ва амалгардонидани чораҳои мутобиқшавӣ ва тағйирёбии иқлим дорад ва ибрати тарақкиёти камкарбонӣ дар Осиёи Марказӣ аст. Партовҳои  газҳои гулхонавӣ дар Тоҷикистон камтарин дар минтақа чӣ аз рӯи миқдори умумӣ ва чӣ аз рӯи нишондод барои ҳар як нафари аҳолӣ мебошад.

Писарчаи харсавор, водии Ёвон

Партовҳои газҳои гулхонавӣ дар Тоҷикистон камтар аз 1 тонна СО2 барои як нафар мебошад (бо ҳисоби ҳамаи газҳои гулхонавӣ аз рӯи эквиваленти СО2).  Аз соли 2005 то соли 2010 ҳаҷми онҳо қариб тағйир наёфтааст, вале зиёд шудани аҳолӣ, талабот ба энергия ва маводи хӯрока дар оянда метавонанд ба зиёд шудани партовҳо оварда расонанд. Кишоварзӣ калонтарин манбаи партовҳои амиак ва газҳои гулхонавии Тоҷикистон (63% ҳаҷми умумии партовҳои СН4 ва N2O). Дар давраи солҳои 2000-2014 саршумори ҳайвонот 60% зиёд шуд, мутаносибан партовҳо низ афзоиш ёфтанд.

Дар давраи аз соли 1990 то соли 2010 дигаргуншавии ҳаҷми қиёсии манбаҳои гуногун дар партови газҳои гулхонавӣ ба вуҷуд омад. Масалан, соли 1990 энергетика манбаи калонтарини партови газҳои гулхонавӣ ба ҳисоб мерафт (70%) ва гази гулхонавии асосӣ СО2 буд. Дар соли 2010 партови СО2 аз сӯзонидани сӯзишворӣ ва энергетика танҳо 10% – ро ташкил медод, партовҳои саноатӣ бошад – 40% аз соли 1990.

Ҳаҷми ками партови газҳои гулхонавӣ дар Тоҷикистон аз истифодабарии васеи гидроэнергетика ва истифодабарии ками сӯзишвории нафтӣ вобаста аст. Ҳаҷми зиёдтари партовҳои газҳои гулхонавӣ ба хоҷагии қишлоқ рост меояд. Партовҳои умумии газҳои гулхонавӣ дар Тоҷикистон дар соли 1990 ба 24 миллион тоннаи СО2 – эквивалент, дар соли 2010 бошад – қариб 8,8 миллион тоннаро ташкил медоданд. То соли 2010 ангишт кам истифода мешуд, вале дар солҳои 2011-2017 вазъият дигар шуд ва дар фасли зимистон истифодабарии МГБ бо истифодабарии ангишт сар шуд, инчунин истифодабарии ангишт аз ҷониби аҳолӣ хеле зиёд шуд, истеҳсоли семент низ афзуд. Маълумотҳо оид ба партовҳо дар ин давра ҳисоб шуда истодаанд.

Пешгӯии партови газҳои гулхонавӣ то соли 2030 дар ҳисоботи миллии мамлакат дар бораи иҷрои Созишномаи Париж оид ба иқлим дарҷ гардидааст. Бо назардошти зиёд шудани истихроҷ ва истифодабарии ангишт дар саноат, энергетика ва ҳаёти маишӣ, инчунин рушди кишоварзӣ, боло рафтани газҳои гулхонавӣ  дар Тоҷикистон, дар назар аст, аммо на зиёда аз ҳаҷми сатҳи соли 1990. Пешгӯии партовҳо дар рафти тараққиёти мамлакат, гуфтушунидҳои байналмилалӣ ва чораҳои ҳимояи иқлим аз нав дида баромада мешавад.

Гармшавии иқлим дар ноҳияҳои мухталифи Тоҷикистон ҳархела ҳис мешавад. Масалан, дар ноҳияҳои баландкӯҳ гармшавӣ суст ҳис мешавад (ба 0,2 – 0,4 дараҷа), аммо ин барои обшавии пиряхҳо басанда аст. Дар ноҳияҳои аҳолинишин суръати гармшавӣ ба 0,1 -0,2 дараҷа дар даҳсола баробар аст, дар ҷойҳои алоҳида дар давраи солҳои 1940-2012 гармшавӣ аз 1 дараҷа зиёд шудааст. Дар 10-15 соли охир ҳарорат аз меъёр 0,8-1,0 дараҷа зиёд буд. Мувофиқи баъзе сенарияҳои дигаршавии партовҳо, дар Тоҷикистон мумкин аст баландшавии минбаъдаи ҳарорат 2 дараҷа то нимаи аср ва то охири аср аз он ҳам зиёд гардад. Вобаста ба баландшавии ҳарорат дигаршавӣ ва зиёд шудани суръатнокии давраҳои гидрологӣ дар назар аст, аз он ҷумла миқдори боришот дар намуди борон ва барф, омадани хушксолиҳо. Хушксолиҳои шадид ва доираҳои камобӣ метавонанд таъсири манфӣ ба истеҳсоли электороэнергия ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ расонанд. 

Чораҳои андешидашаванда

Қонун «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера»  ваколатҳои мақомоти гуногуни давлатӣ  ва самтҳои амалиётро барои кам кардани ифлоскунии ҳаво муайян мекунад. Қонун «Дар бораи таъмини бехатарии экологии нақлиёти автомобилӣ» чораҳои паст кардани таъсири манфии нақлиёт ба сифати ҳаво, аз ҷумла санҷиши ҳолати нақлиёт ва назорати сифати сӯзишвориро дарҷ намудааст. То ҳол дар сатҳи қонунгузорӣ масъалаҳои идоракунии партовҳои газҳои гулхонавӣ ва чораҳои танзими оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба он инъикос нагаштаанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист масъули сиёсати ҳифзи ҳаво, гузаронидани мониторинги пешниҳоди маълумотҳо дар бораи ифлосшавии ҳаво, инчунин барои иштирок дар чорабиниҳои байналмилалӣ, лоиҳаҳо ва барномаҳо дар соҳаи ҳифзи иқлим ва қабати озони Замин мебошад. Маркази назорати таҳлилӣ ҳаҷми ифлоскуниро аз манбаҳои доимӣ чен мекунад. Шӯъбаи назорати давлатии ҳавои атмосфера барои додани ичозатҳо барои партовҳои зараровар ба атмосфера ва гузаронидани санҷишҳои дахлдор вазифадор аст.

Агентии обуҳавошиносӣ мониторинги сифати ҳаворо дар шаҳрҳо мегузаронад ва ҳаррӯза ин маълумотҳоро дар сомонаи интернетии худ ҷой медиҳад. Вай инчунин барои ҷамъоварии маълумотҳо ва омода сохтани кадастри миллии газҳои гулхонавӣ вазифадор аст, ки осебпазирӣ ва тағйирёбии иқлимро арзёби менамояд, офатҳои экстремалии боду ҳаворо пешгӯи мекунад, дар бораи онҳо маълумотро вобаста ба иқлим паҳн мекунад, дар муомилоти глобалии маълумот таҳти сарпарастии Ташкилоти умумиҷаҳонии метеорологӣ ва лоиҳаҳои байналмилалӣ иштирок мекунанд.

Истгоҳи обуҳавосанҷӣ дар Помир

Вазорати энергетика ва захираҳои об масъули сиёсат ва танзим дар соҳаи энергетика, аз ҷумла гидроэнергетика, тараққиёти марказҳои гармию барқдиҳӣ мебошад. Вазорати нақлиёт барои тараққиёти инфрасохтори роҳҳо масъул аст ва дар фаъолияти худ масъалаҳоро оид ба ифлоскунии ҳаво аз тарафи нақлиёт ба ҳисоб мегирад. Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар татбиқи лоиҳаҳое, ки барои ҷорӣ намудани технологияҳои энергия нигоҳдоранда ва маҳсулоти «сабз» вазифадор аст. Агентии омор маълумотҳоро дар бораи партови моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера ҷамъоварӣ ва нашр мекунад.

Тоҷикистон ба Конвенсияи қолабии СММ дар бораи тағйирёбии иқлим соли 1998 шомил шудааст, ба Протоколи Киотӣ – соли 2008, ба Созишномаи Париж оид ба иқлим – соли 2016. Тоҷикистон чунин мешуморад, ки дар ҳолати дастгирии байналмилалӣ метавонад, то соли 2030 ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонавиро дар ҳаҷми 65-75% сатҳи соли 1990 нигоҳ дорад. Айни замон саҳми Тоҷикистон дар партовҳои ҷаҳонии газҳои гулхонавӣ камтар аз 0,2% -ро ташкил медиҳад. Дар баробари ин мамлакат хело ҳам осебпазир ба таъсири тағйирёбии иқлим мебошад ва ба Созишномаи Париж умеди калон мебандад, чунки татбиқи он метавонад болоравии ҳароратро дар ҳаҷми 20С нигоҳ дорад.

Аз соли 2010 Тоҷикистон дар татбиқи як қатор лоиҳаҳои байналмилалӣ дар самти тағйирёбии иқлим, аз ҷумла «Мукаммалсозии истифодабарии устувори замин ва воситаҳои зиндагӣ дар деҳот», «Паст намудани талафоти ҳосил дар хоҷагии қишлоқ», «Беҳтар намудани таъминот бо оби ошомиданӣ дар шаҳрҳо», «Баланд бардоштани устувории иқлим дар ҳавзаи дарёи Панҷ», «Барқарорсозии иқтидори НБО Қайроққум» ва ғ. иштирок мекунад.  Аз соли 2015 Тоҷикистон дар лоиҳаҳои минтақавии ҳавзаи баҳри Арал иштирок карда истодааст.

Лабиринти экологӣ дар мавзӯи “Ҳаво ва иқлим”

PDF барои чоп

Об ва замин

Иқдомҳои Тоҷикистон оид ба об, ки аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ дастгирӣ шудаанд, «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015» , «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013»,  Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» мебошад. Иқдомҳои мазкур диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба аҳамияти об, иҷрои чораҳои амалӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи об ҷалб намудаанд. Дар сатҳи минтақавӣ, Тоҷикистон дар фаъолияти Фонди байналмилалии наҷоти Арал (ФБНА), кори комиссияҳои он оид ба масъалаҳои хоҷагии об ва рушди устувор фаъолона иштирок мекунад.

Намуди асосии обистифодабарӣ дар Тоҷикистон обёрии замин ба ҳисоб меравад, ки ҳаҷми истифодаи об дар он 75-85%-ро ташкил медиҳад. Барои муқоиса, истифодабарии об аз ҷониби хоҷагиҳои оилавӣ 4-5%, саноат-2-3%-ро ташкил медиҳад. Талафи об дар соҳаи обёрӣ ва шабакаҳои обрасонӣ ба 20-40% мерасад, шабакаҳои канализатсионӣ ва обпартовтозакунӣ таъмиру васеъкуниро талаб мекунанд.

Обҳое, ки баъд аз обёрӣ бароварда мешаванд, минерализатсияи баланд доранд ва ба сифати обҳои табиӣ таъсири манфӣ мерасонанд. Ба захираҳои об инчунин тағйирёбии иқлим таъсир мерасонад. Дар куҳҳо пиряхҳо об мешаванд, ки он ба зиёд шудани ҳаҷми оби дарёҳо, фаромадани селҳо ва обхезӣ оварда мерасонад, дар ояндаи дарозмуҳлат бошад,  дар натиҷаи кам гаштани майдони пиряхҳо ҳаҷми захираҳои об кам гашта, таҳдиди хушксолӣ меафзояд. Вазъи истифодабарии захираҳои об ва захираҳои замин бо ҳамдигар зич алоқаманданд. Барномаи такмили хоҷагии об барои солҳои 2016-2025 ба он равона шудааст, ки гузариши тарзи таърихан ташаккулёфтаи маъмурӣҳудудии захираҳои об ба идоракунии ҳавзавии дарёҳо дар Тоҷикистон таъмин гардад.

ОБ

Кули афсонавии Искандаркул, Тоҷикистони марказӣ

Дар шароити иқлими хушку гарм об воситаи асосии зиндагӣ ба ҳисоб рафта, дар қатори замин аз ҳама захираи муҳими табиӣ барои иқтисодиёт ва аҳолии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад. Истифодаи ғайриоқилонаи захираҳои обу замин сабаби буҳрони экологии  баҳри Арал гаштааст. Проблемаи асосии обии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, аз он ҷумла Тоҷикистон, фаққат норасогии об нест, инчунин ба талаботи замонавӣ ҷавобгӯй набудани самаранокии обрасонӣ ва истифодабарӣ мебошад.

Резиши умумии солонаи дарёҳои дар ҳудуди Тоҷикистон ташаккулёфта 64 километри мукаабро ташкил медиҳад, резиши солонаи ҳамаи дарёҳое, ки аз қаламрави Тоҷикистон мегузаранд, ба 80 километри мукааб мерасад. Дар ҳудуди Тоҷикистон нисфи ҳаҷми дарёҳои ҳавзаи Баҳри Арал ташаккул меёбад. Дарёҳои асосӣ  Панҷ, Вахш, Кофарниҳон, Зарафшон ва Сирдарё ба ҳисоб меравад. Захираҳои обии дарёҳо аз ҳисоби обшавии барф ва пиряхҳо ва боришот ташаккул меёбанд. Дар Тоҷикистон шабакаи зичи дарёҳо вуҷуд дорад, ки он иборат аз 947 дарёҳо бо дарозии зиёда аз аз 10 километр ва дарозии умумии ин дарёҳо зиёда аз 28 ҳазор километрро ташкил медиҳад. Гузариши аз ҳама зиёди оби дарёҳо дар давраи максималии обшавии барф ва пиряхҳо дар моҳҳои июн-август мушоҳида мешавад. Дар баъзе ноҳияҳои камбориши ҷануб об намерасад.

Майдони пиряхҳо 8 ҳазор километри  мурабаъ  (6% ҳудуди мамлакат)-ро ташкил медиҳад, захираи об дар пиряхҳо 550 километри мукааб арзёбӣ мешавад, ҳаҷми пиряхи калонтарини мамлакат – Федченко ба 93 километри мукааб баробар аст, ки он аз ҳаҷми умумии дарёҳои Тоҷикистон зиёд аст. Вале пиряхҳо абадӣ нестанд ва обшавии онҳо зери таъсири гармшавии иқлим идома меёбад. Масоҳати бо пиряхҳо пӯшидашуда аз аввал ва миёнаи асри гузашта алакай тақрибан 25-30% коҳиш ёфтааст (тибқи арзёбии ҳаҷми пиряхҳои миёна ва хурд). Дар назар аст, ки то соли 2050 ин масоҳат боз 25-30% коҳиш меёбад, ҳаҷми дарёҳои асосӣ бошад, дар натиҷаи босуръат зиёд шудани миқдори об аз ҳисоби пиряхҳо дар аввал меафзояд, вале баъдтар, дар баробари хароб гаштани пиряхҳо, кам мегардад. Сарфи максималии ҳаҷми оби дарёҳо ба муҳлатҳои пештар  мегузарад ва тобистон ва тирамоҳ, вақте, ки заминҳои кишоварзӣ аз ҳама зиёд ба об ниёз доранд, кам мегардад. Таҳдиди селфароӣ зиёд мешавад.

Кулҳои мамлакат қариб 44 километри мукааб об дорад. Кули Сарез дар Помир, ки он соли 1911 дар натиҷаи сангрезӣ дар давраи заминларза ба вуҷуд омадааст, 17 миллиард метри мукааб  оби нӯшокӣ дорад. Кулҳои сарбаста дар шарки Помир оби намакдор дорад. Калонтарин кулҳои Тоҷикистон инчунин обанбори Қайроққум бо ҳаҷми 3,4 миллиард метри мукааб ва обанбори Норак бо ҳаҷми 10,5 миллиард метри мукааб, ки болотар аз он айни замон обанбори боз ҳам калонтар сохта  шуда истодааст, дохил мешаванд. Ҳамагӣ дар мамлакат 10 обанборҳо  вуҷуд доранд, ки онҳо барои истеҳсоли электроэнергия ва обёрӣ истифода бурда мешаванд. Қариб 95% электроэнергия дар Тоҷикистон дар неругоҳҳои обӣ истеҳсол мегардад, асосан дар силсила НБО-ҳо дар дарёи Вахш. Барои бисёрии дарёҳо лойолудшавӣ хос аст, ки он дар натиҷаи такшинии лой ғунҷоиши фоиданоки кулҳоро кам мекунад.

Обанбори Норак ва бандар дар дарёи Вахш

Ҳаҷми сарфи обҳои рӯизаминӣ айни замон қариб 10 километри мукааб дар як сол, истифодабарии онҳо – 8 километри мукаабро ташкил медиҳад. Ба ғайр аз обҳои рӯизаминӣ дар Тоҷикистон обҳои зеризаминӣ истифода бурда мешаванд (қариб 1 километри мукааб дар як сол), инчунин қисми об такроран истифода бурда мешавад, асосан барои эҳтиёҷоти саноат ва обтаъминкунии шаҳрҳо .  Барои   табобат ва нӯшидан обҳои зеризаминии минералӣ истифода бурда мешаванд, аз ҷумла Обигарм, Хоҷа- Обигарм, Шоҳамбарӣ ва Гарм – Чашма.

Истеъмолкунандаи асосии об ин заминҳои кишоварзии обёришаванда мебошанд, ки ҳиссаи онҳо дар истифодабарии об 75-80%-ро ташкил медиҳад, ё 6,5-7 километри мукааб дар як сол. Дар баробари ин талафоти об дар давраи обёрӣ зиёд аст ва он зиёда аз 20%-ро ташкил медиҳад, сабаби асосии он истифодабарии усулҳои куҳнаи ирригатсионӣ  (обмонии ҷуякӣ), каналҳои обрасонӣ рӯйпуш нестанд, омили иқтисодии сарфа намудани об вуҷуд надорад. Дарозии каналҳо 30 ҳазор километрро ташкил мекунад; шабакаҳои заҳкашу заҳбурҳо – 11 ҳазор километр.  Ҳисоби омории истифодабарии об солҳои тӯлонӣ боз гузаронида намешавад. Қисми зиёди маълумотҳо дар бораи истифодабарии об дар хоҷагии қишлоқ дар асоси пурсишӣ – баҳодиҳӣ ҷамъоварӣ мешаванд ва камбудиҳои он зиёд аст.

Технологияҳои замонавии обёрӣ, масалан, обёрии қатрагӣ, истифодабарии обро 50-80% дар муқоиса бо усулҳои ҳозира сарфа мекунад, вале бо сабаби арзиши баланди ин технологияҳо ва нархи пасти (тарифҳои) об, қариб истифода бурда  намешаванд. Обёрии зиёду ғайрисамаранок на танҳо ба талафоти зиёди об, инчунин ба шӯршавӣ ва бодлесии замин ва дигар оқибатҳои нохуш оварда мерасонад. Масалан, дар водии Ёвон партоиши обҳои дренажӣ ба хокҳои ноустувори теппаҳо ва обёрии исрофкорона ташкил ёфтани оббурдаю ҷариҳои калон оварда расонд.

Барои обёри на танҳо оби бисёр, балки энергияи зиёд низ сарф мегардад. Стансияҳои обкаш ҳар сол 1,3-1,5 миллиард  киловатт – соат қувваи барқ (15-20% аз ҳаҷми умумии истеҳсоли он) барои кашида гирифтани 5-6 миллиард метри мукааби об, асосан дар давраи тобистон, истеъмол мекунанд. Қисми зиёди насосҳои обкаш куҳнаю фарсуда шудаанд ва барқарорсозиро талаб мекунанд. Хароҷот барои барқарсозии системаи ирригатсионӣ 1 миллиар доллари ИМА арзёбӣ мегардад, аммо дар 15 соли охир ба мелиоратсия ва обёрӣ дар намуди қарзҳо, грантҳо ва кумаки техникӣ фаққат 200 миллион доллари ИМА хароҷот шудааст, ки он 5 маротиба аз талабот кам аст.

Ҷуйи обёрӣ дар водии Ёвон

Хоҷагиҳои фермерӣ дар ассотсиатсияҳои обистифодабарандагон муттаҳид мегарданд, то ки ҳисоби истифодабарӣ ва тақсимоти байнихоҷагии об, ҷамъоварӣ, пардохти ҳаққи хизматрасонӣ ва истифодабарии  иншооти  байнихоҷагиро таъмин намоянд. Ҳамагӣ 400 ассотсиатсияҳои обистифодабарандагон ташкил шудаааст (АИО). Вале пардохти ҳаққи истифодабарии об танҳо хароҷоти минималии онро (қувваи барқ барои кори насосҳо ва корҳои нигоҳдории каналҳо), хароҷоти гузаронидани корҳои барқарорсозӣ, нигоҳбонии ҳавзҳои об, дар бораи пардохт барои об, ҳамчун захира ва хизматрасонии экосистемавӣ (бо усули табиӣ тоза кардани об ва ғайра) тамоман гап намеравад. Нархҳои паст, аз як тараф, шакли дастгирии иҷтимоии аҳолӣ ба ҳисоб мераванд, аз тарафи дигар, сабаби ғайримақсаднок истифода бурдани об, суст ҷорӣ намудани технологияҳои замонавӣ ва зиёдшавии норасогии маблағҳо барои барқароркунӣ мегарданд. Ба вазъияти истифодабарии захираҳои обӣ кам гаштани майдони кишти пахта то 350-400 ҳазор гектар таъсири мусбӣ расонд, ки он ба кам гаштани истифодабарии умумии об дар хоҷагии қишлоқ сабаб шуд.

Ҳиссаи истифодабарии оби нӯшокӣ ва барои зарурияти хоҷагӣ дар истифодабарии умумии он 4-5% -ро ташкил медиҳад, барои зарурияти саноат-2-3%; қисми зиёди ин об аз ҳисоби обҳои зеризаминӣ истифода бурда мешаванд. Аз 400 чоҳҳои КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» нисфи он ба таъмири капиталӣ ниёз дорад. Ба ҳолати соли 2015 барои аҳолӣ қариб 20 ҳазор ҳисобкунанкҳои об насб шудааст, аз зарурияти умумии 200  ҳазор ҳисобкунанкҳо 10%-и ин миқдорро ташкил медиҳад.

Айни замон 86% истиқоматкунандагони шаҳрҳо, 61% истиқоматкунандагони  шаҳракҳо ва 43% истиқоматкунадагони деҳот бо оби нӯшоки таъмин гаштаанд. Нисбат ба соли 2000 ин нишондод беҳтар шудааст. Қариб нисфи хоҷагиҳои оилавӣ оби водопроводро аз шабакаҳои умумии таъминоти об, боқимондаи хоҷагиҳо, 25% (2 миллион нафар) аз обҳои манбаҳои рӯизаминӣ – обҳои тозанашудаи дарёҳо, кулҳо, ҷӯйҳо, каналҳо, ҷӯякҳо ва каналҳо истифода мебаранд, ки онҳо ҷавобгуи меъёрҳои санитарӣ нестанд, агарчи сифати обҳои руизаминии Тоҷикистон дар маҷмӯъ баланд аст.

Дарёи Сир, шаҳри Хуҷанд, Тоҷикистони Шимолӣ

Қисми зиёди нуқтаҳои аҳолинишин  шабакаҳои дурусти обтозакунӣ ва канализатсионӣ надорад, аз ин сабаб дар ҷойҳо сатҳи баланди касалиҳо, махсусан дарунравӣ ва гипатит мушоҳида мешавад, ки он бо ҳолати нохуби санитарию гигиениӣ вобаста аст.

Дар шаҳрҳо наздики 50% аҳолӣ аз ҳоҷатхонаҳои обшустатозакунанда ва канализатсия истифода мебаранд, дар баробари ин дар ноҳияҳои деҳот зиёда аз 95% аҳолӣ ҳоҷатхонаҳои кӯчагӣ бо чуқурии кандашуда доранд, ки онҳо ба ифлосшавии замин ва об таъдид месозанд. Инфрасохтори шабакаҳои канализатсионӣ ва тозакунии об таъмиру васеъкуниро талаб менамояд. Ба ғайр аз Душанбе ва Хуҷанд обҳои истифодашудаи шаҳрҳо фаққат қисман тоза мешаванд ва баъд аз он ба дарёҳо ҷорӣ мегарданд, аз 62 шаҳру шаҳракҳои мамлакат танҳо нисфи онҳо шабакаҳои канализатсионӣ доранд. Обҳои боришот дар шаҳрҳо ба ариқҳои ду тарафи роҳҳо партофта мешаванд ва бе тозакунӣ ба дарёҳо ҷорӣ мегарданд.

Маблағҳои барои таъмири шабакаҳои обтаъминкунӣ ва канализатсионӣ ҷудошуда, 20 миллион доллари ИМА-ро дар як сол ташкил мекунанд, дар ҳолате, ки талаботи таъмир, васеъкунӣ ва сохтмони шабакаҳо 2 миллиард доллари ИМА мебошад. Дар доираи лоиҳаҳое, ки аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалӣ маблағгузорӣ мешаванд, дар 30 шаҳрҳо, шаҳракҳо ва нуқтаҳои аҳолинишини деҳот айни ҳол корҳо ба маблағи қариб 170 миллион доллари ИМА амалӣ гашта истодаанд. Барқарорсозию азнавкунии шабакаҳои обтаъминкунии нӯшокӣ ва санитарӣ, мукаммалсозии тарафҳо ва сифати хизматрасонӣ идома дорад.

Минерализатсияи  зиёди обҳои заҳбурӣ аз майдонҳои обёришаванда ва сатҳи пасти тозакунии обҳои истифодашуда сабаҳои асосии ифлосшавии ҳавзҳо ба ҳисоб мераванд. Дар қисми ноҳияҳои сераҳолӣ, аз ҷумла ноҳияҳои назди Душанбе, сохтмони  қад –қади дарёҳо ба назар мерасад, ки он ба ҷамъшавии партовҳо дар соҳилҳо ва пастшавии сифати об оварда мерасонад. Таъсири манфӣ ба сифати об инчунин чаронидани чорво ва гирифтани шағал аз соҳилҳои дарёҳо мерасонад. Партовҳои саноатии корхонаҳои амалкунанда ва қитъаҳои партовҳои бесоҳиб низ таъдиди муайян доранд ва эътимолияти ба дарёҳо партофтани онҳо вуҷуд дорад.

Дар муқоиса бо давраҳои шӯравӣ (30 сол пеш) вақте, ки ҳаҷми партоиши обрезҳо зиёда аз 100 миллион метри мукааб дар як сол ташкил медод, партоиши обҳои ифлосшуда кам гаштааст, вале ҳисоби он гузаронида  намешавад ва арзёбии ҳаҷми обрезҳо айни ҳол душвор аст. Дар гузашта истифодаи босуръати  моддаҳои кимиёвӣ дар хоҷагии қишлоқ ба зиёдшавии миқдори заҳрхимикатҳо дар об ва замин оварда расонид.Дар замони ҳозира сатҳи пасти истифодабарии заҳрхимикатҳо ва нӯриҳо ба сифати об таъсири мусбӣ мерасонанд.

Арзёбии сифати оби дарёҳо ва кулҳо бо роҳи гирифтан ва ташхиси намунаҳо, мониторинги обҳои рӯизаминӣ аз ҷониби хадамоти гидрометеорологӣ амалӣ мегардад. Сифати об дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ хуб аст, махсусан дар минтақаҳои куҳии ташаккулёбии дарёҳо. Дарёҳои Панҷ, Кофарниҳон, Вахш ва Зарафшон бо сифати хуби об фарқ мешаванд, вале ифлосшавии на он қадар зиёдро партови обрезҳо аз нуқтаҳои аҳолинишин , объектҳои хоҷагидорӣ ва обҳои дренажӣ  аз майдонҳои кишт ба вуҷуд меорад. Сифати об дар Сирдарё, ки ба он аз болооб (дар водии Фарғона) обҳои дренажӣ ва обрезҳо аз мамлакатҳои дигар ворид мешаванд, аз хуб то миёна вобаста ба давра тағйир меёбад. Дар гузашта паст гаштани сифати об дар Сирдарё, сохтмони дарғотҳо, каналҳо, насосҳои обкаш ва шикори бетанзими моҳӣ ба нестшавии намуди нодири ҷойдории моҳӣ – белбинии сирдарёӣ оварда расонд.

Чораҳои андешидашаванда

Барои танзими истифодабарии захираҳои обӣ дар Тоҷикистон қонунҳо қабул шудаанд, гузариш ба тарзи ҳавзавии  идораи захираҳои обӣ амалӣ шуда истодааст. Масъалаҳои хоҷагии об (ҳам миқдор ва ҳам сифат) ба идоракунии мақомоти Вазорати энергетика ва захираҳои об, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Вазорати тандурустӣ дохил мешаванд. Барои кам кардани ифлоскунии об системаи иҷозатдиҳии истифодабарии об ва партови обҳои истифодашуда ба ҳавзҳо амал мекунад. Чи аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва чи бо кумаки ташкилотҳои байналмилалӣ иншоотҳои обтозакунӣ барқарор мегарданд, хати водопровод дар шаҳрҳо ва деҳот гузаронида мешавад.

Кодекси азнавтаҳиягаштаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи ислоҳоти сектори об барои давраи то соли 2015 гузариш ба идоракунии захираҳои обӣ дар миқёси воҳиди гидрографӣ (ҳавзавӣ ва субҳавзавии дарёҳо) бо назардошти рушди иқтисодӣ ва имкониятҳои маҳаллӣ ба назар гирифтаанд. Дар ҳавзаи  Сирдарё, аз ҷумла ҳавзаи дарёи Зарафшон, дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон – ҳавзаи дарёи Қаратоғ (Сурхандарё),  дар ҳавзаи дарёи Панҷҳавзаи дарёи Қизилсу, ҳавзаи дарёи Вахш бошад ҳамаи шохобҳои он чунин тарзи идоракунӣ бояд ҷорӣ шавад. 

Ташкил шудани ташкилотҳои ҳавзавӣ,  шӯрои миллии об ва шӯроҳои ҳазавии дарёҳо барои ба ҳисоб  гирифтани манфиатҳои ҳамаи тарафҳо ба назар гирифта шудааст. Яке аз аввалинҳо дар Тоҷикистон соли 2014 бо маблағгузории ҳориҷӣ нақшаи идоракунии ҳавзаи қисми Тоҷикистонии дарёи Исфара (дар қатори нақшаи якхела барои қисми қирғизии ҳавза) таҳия гардида буд.

Вазорати энергетика ва захираҳои об мақомоти асосии ҷавобгӯйи сиёсат ва танзими соҳаи захираҳои об ва комплекси сӯзишворию энергетикӣ мебошад. Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ барои нигоҳдорӣ ва истифодабарии системаҳои ирригатсионӣ ва дренажӣ ҷавобгар аст. Ассотсиатсияҳои обистифодабарандагон (АИО) обро дар байни аъзоёни худ тақсим мекунад ва маблағи хизматрасонии обтаъминкуниро ҷамъоварӣ менамоянд. Дар соли 2016 – 400  АИО  ба қайд гирифта шудаанд, ки фаъолияти онҳо қариб 400 ҳазор гектар заминҳои обиро дар бар мегирифт.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист назоратро оид ба риояи меъёрҳо ва қонунҳо вобаста ба об амалӣ мекунад  иҷозат барои истифодабарии об ва партови обҳои истифодашуда медиҳад. Агентии обуҳавошиносии Кумита мониторинги сифат ва миқдори обҳои рӯизаминиро мегузаронад.

Саридораи геология (Тоҷикгеология) хулосаҳоро барои об дар манбаҳои обҳои зеризаминӣ медиҳад ва мониторинги обҳои зеризаминиро мегузаронад. Хадамоти назорати санитарӣ – эпидемиологии назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мониторинги оби нушокӣ ва обҳои шиновариро мебарад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи  гражданӣ барои паст фаровардани хавфи офатҳои фавқулодда, аз ҷумла обхезӣ ҷавобгар аст. КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» барои идоракунии шабакаҳои оби ошомиданӣ ва канализатсионӣ дар шаҳрҳо ва деҳот  ҷавобгар аст, вале шабакаҳои обтаъминкунӣ ва канализатсионии шаҳрҳои калон ба монанди Душанбе, Хуҷанд, Норак, Роғун, Файзобод дар тобеи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошад.

Ташкилотҳои маҳаллӣ ва ғайриҳукуматӣ дар таҳияи нақшаҳои маҳаллии истифодабарии захираҳои обӣ, паҳн  намудани донишҳои дахлдор дар байни аҳолӣ дар чорабиниҳои намоиш додани усулҳои замонавӣ ва таҷҳизот барои обмонӣ иштирок менамоянд. Иштироки корхонаҳои хусусӣ дар идоракунии захираҳои обӣ ва обтаъминкунӣ  на он қадар фаъол аст.

Дар соли 2010  Тоҷикистон ва Афғонистон созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар истифодабарии захираҳои обии ҳавзаи дарёҳои Панҷ ва Амударё ба имзо расониданд. Аз он давра ҳамкории дутарафа дар асоси мулоқотҳо, экспедитсияҳо ва тадбиқи лоиҳаҳои обӣ – экологӣ бо кумаки ташкилотҳои байналмилалӣ амалӣ шуда истодааст. Соли 2014  Тоҷикистон ва Афғонистон «Меморандум дар бораи якдигарфаҳмӣ дар масъалаҳои мубодилоти маълумоти гидрологӣ ва иттилоот вобаста ба ҳавзаи дарёҳои Панҷ ва Амударё дар давраи то соли 2020» имзо карданд. 

ЗАМИН

Киштгоҳо ва парваришгоҳҳои обёришаванда дар минтқаи д. Панҷ

Замини ҳосилхез ва чарогоҳҳои хуб шартҳои муҳими тараққиёти устувори Тоҷикистон  ба ҳисоб мераванд, ки дар ин ҷо аз қадимулайём заминкорӣ ва чорвопарварӣ тараққӣ карда буданд ва айни замон бошад аз ҳисоби хоҷагиҳои ёрирасон қисми зиёди аҳолӣ зиндагӣ мекунад. Дар Тоҷикистон заминкории лалмӣ ва обёришаванда ва боғдорӣ (дар масоҳати 1 миллион гектар), инчунин чарогоҳҳои табиӣ истифода бурда мешаванд (дар масоҳати 3,6 миллион гектар), вале қисми зиёди ҳудуди мамлакатро заминҳои санглохи беҳосил, куҳҳо ва пиряхҳо ишғол мекунанд.

Майдони заминҳои обии истифодашаванда қариб 515 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Дар миёнаи асри XX ин заминҳо қариб 300 ҳазор гектар, то соли 1990 бошад, майдони онҳо то 640 ҳазор гектар зиёд шуд, асосан аз ҳисоби азхуд кардани заминҳои нав. Аммо солҳои 1992-2015 майдони намудҳои гуногуни заминҳои обӣ 100-150 ҳазор гектар бо сабаби шӯршавӣ ва ботлоқшавии замин, нарасидани об, тағйирёбии таркиби кишт, таъсири ҳолатҳои табиӣ ва дар натиҷаи ҷудо шудани қитъаҳои замин барои сохтмон кам гашт. Солҳои 2015-2017 қариб 460 ҳазор гектар заминҳои шудгорӣ обёрӣ шуданд (барои муқоиса, 1990-560 ҳазор гектар). Дар қисми зиёди заминҳои обӣ ғалладонагиҳо кишт мешаванд, ҳоло он ки дар давраҳои шӯравӣ пахта корида мешуд. Бо сабаби кам шудани майдони обёришаванда ҳаҷми истифодабарии об низ кам шудааст.

Проблемаи истифодабарии оқилонаи хок ва муҳофизати замин барои Тоҷикистон ниҳоят муҳим аст, чунки майдони замини барои хоҷагии қишлоқ мувофиқ зиёд намегардад, дар баробари ин аҳолӣ афзуда истодааст. Таназзули хок майдини замини барои кишт мувофиқро кам мекунад, ки он барои мамлакатҳои дигар низ хос аст, дар тамоми ҷаҳон ин проблема қариб миллиард нафари аҳолиро халалдор месозад. Сабабҳои асосии таназзул ин буридани ҷангалҳо, усулҳои ғайриоқилонаи обёрӣ, шудгор кардани заминҳои лалмӣ, инчунин чаронидани интенсивии чорво ба ҳисоб меравад. Аз сабаби таъмин нагаштани киштгардон дар бисёр чарогоҳҳои зимистона таназзули хок ва кам гаштани ҳосилнокии замин мушоҳида мешавад.

Тоҷикистон миёни биёбонҳои калон – Қайроққум, Қизилқум ва Такламакон – ҷойгир шудааст ва қисми ҳудуди онро доимо биёбоншавӣ таъдид мекунад. Дар натиҷаи хушксолии шиддатнок ҷараёни биёбоншавӣ меафзояд.

Тахрибшавӣ аз обёрӣ ва бавуҷудоии ярчҳо дар заминҳои корам дар водии Ёвон

Шудгори замини таллу теппаҳо ва нишебиҳои куҳӣ ба зиёдшавии бодлесӣ мерасонад. Бодлесии заминҳои корам аз шуста шудани хок ва обмонии зиёд, шӯршавии замин ва пайдоиши ҷариҳо мушоҳида мегардад. Мисоли намоён – азхудкунии заминҳои водии Ёвон, аз аввали обёрӣ дар соли 1965 ҷариҳои калонҳаҷм пайдо шудаанд, чуқурии онҳо то 25 метр ва паҳноии онҳо то 100 метрро ташкил медоданд. Бодлесии шамолӣ дар ноҳияҳои шамоли сахтдошта, асосан дар шимоли мамлакат, ба вуҷуд меояд

Ҳолати ғайриқаноатбахши шабакаҳои коллекторӣ – дренажӣ барои баланд гаштани обҳои зеризаминӣ ва бад шудани сифати хок мусоидат мекунад. Майдонҳои  шӯрзаминҳои обёришаванда то ба 30 ҳазор гектар мерасанд, боз 30 ҳазор гектари дигар заминҳои ботлоқшуда мавҷуданд. Шусташавии хоки замин дар тамоми ҳудуди мамлакат 50 миллион тонна арзёбӣ мешавад, аз он ҷумла як миллион тоннаи қабати ҳосилхез. Дар  Помир дар натиҷаи чаронидани чорво ва истифодабарии буттаҳои терескен таназзулёбии чорогоҳҳои куҳӣ мушоҳида мешавад. Таназзули замин ба бадшавии шароитҳои пешбурди кишоварзӣ, харобшавии боигарии табиии маҳаллӣ ва дар мадди охир, ба пастшавии сатҳи зиндагии аҳолӣ оварда мерасонад.

Чораҳои андешидашаванда

Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ дар бораи мубориза бо биёбоншавӣ шомил шудааст, дар мамлакат Барномаи миллии амал таҳия гаштааст. Қонун «Дар бораи ҳифзи табиат» ва Кодекси замин табиатистифодабарандагонро вазифадор мекунанд, ки нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи заминҳоро таъмин намоянд. Мамлакат дар барномаҳои байналмилалӣ – масалан WOCAT (Тафсири умумиҷаҳонии равандҳо ва технологияҳои хок- ва обнигоҳдорӣ) ва CACILM (Иқдоми мамлакатҳои Осиёи Миёна оид ба идоракунии захираҳои замин). Як қатор лоиҳаҳои хурду бузург оид ба паст фаровардани таназзули хок, беҳтар кардани идоракунии чарогоҳҳо, пешбурди хоҷагии қишлоқ тадбиқ шуда истодаанд.

Дар мамлакат системаи ягонаи иттилоотӣ, ки барои дастрас кардани маълумоти аниқ дар бораи вазъи ҳозираи захираҳои об ва замин мусоидат кунанд, вуҷуд надорад. Кадастри давлатии замин таҳия мегардад, вале маълумотҳо дар бораи таназзули замин ва ҳолати хок ва  замин дастрас нестанд.

Ба Вазорати энергетика ва захираҳои об, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, Вазорати кишоварзӣ ва Кумитаи ҳифзи муҳити зист лозим аст, ки дар ҳамкорӣ бо дигар тарафҳои дахлдор системаи иттилоотиро барои истифодабарии ҳамагон таҳия ва ҷорӣ намоянд, ки он маълумотҳои аниқро дар бораи захираҳои об, замин, аз ҷумла дар бораи миқдор ва сифати захираҳои об ва замин, дар бораи истифодабарии об ва замин ва моликони захираҳо дарҷ карда бошад. Дар лоиҳаҳо ва рушди инфрасохтори хоҷагии об ва замин бояд ҷабҳаҳои дарозмӯҳлат ва оқибатҳои тағйиёрбии иқлим дарҷ гардад.

Лабиринти экологӣ дар мавзӯи “Об ва замин”

PDF барои чоп

Олами наботот ва ҳайвонот

Олами наботот ва ҳайвоноти Тоҷикистон на танҳо барои табиати зинда арзишманд аст, балки бо шарти истифодабарӣ ва нигоҳдории оқилонаи он, метавонад имконияти ба даст овардани фоидаи доимӣ барои аҳолӣ бошад. Вобаста ба аҳамияти экологӣ ва иқтисодии гуногунии биологӣ, дар Тоҷикистон як қатор ҳудудҳои махсус муҳофизатшаванда (ҲММШ) ташкил ва тараққӣ ёфта истодаанд, ки онҳо 21% ҳудуди ҷумҳуриро дарбар мегиранд. Калонтарин аз онҳо Парки миллии Тоҷикистон мебошад, ки он аз соли 2013 ба объектҳои мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО (Конвенсия дар бораи муҳофизати мероси умумиҷаҳонии табиӣ ва фарҳангии СММ оид ба масъалаҳои маориф илм ва фарҳанг) дохил шудааст. Аммо идоракунии парваришгоҳҳо, паркҳо ва мамнӯъгоҳҳои давлатӣ беҳбудии фаъолиятро талаб менамояд. Дар Тоҷикистон инчунин хоҷагиҳои шикори хусусӣ ва дар истифодаи коллективӣ қарордошта тараққӣ мекунанд ва онҳо барои ҳифзи табиати зинда мусоидат менамоянд.

Дар Тоҷикистон 3% замин бо ҷангалзорҳо пӯшида шудааст. Солҳои охир, дар натиҷаи беҳтар гаштани таъминоти аҳолӣ бо қувваи барқ, буриши ғайриқонунии ҷангалҳо  кам шудааст, инчунин шинонидани дарахтҳо ва ташкил шудани ҷангалзорҳо зиёд шудааст. Аммо дар ҷангалҳо чаронидани чорво зиёд аст, ки он ба барқароршавӣ ва ҳолати ҷангалҳо таъсиррасон аст. Нақшаҳо ва стратегияҳои барқароркунии ҷангалҳо, васеъ гаштани майдонҳои дарахтзорҳо барои ҳезум ва чӯбу тахта таҳия гаштаанд, идоракунии ҷангалҳо дар сатҳи маҳаллӣ низ гузаронида мешавад.

Тоҷикистон аъзои фаъоли як қатор созишномаҳои байналмилалӣ оид ба истифодабарии оқилонаи табиати зинда мебошад. Соли 2016 Тоҷикистон ба Конвенсия дар бораи савдои байналмилалии намудҳои ваҳшии фауна ва флора (СИТЕС) шомил шуд, ки он барои пурзӯр намудани назорат дар самти мубориза бо қочоқ имконият медиҳад. Истифодабарии стандарти нави глобалӣ оид ба муайян намудани ноҳияҳои калидии гуногунбиологӣ (НКТ) дар соли 2016 барои муайян кардани зиёда аз 25 минтақаи аҳамияти ҷаҳонии экологӣ дошта мусоидат кард (аз ҷумла ҷойҳои ҷамъшавии калони парандаҳои муҳоҷир, минтақаҳои сукунати намудҳои ҳайвонот ва наботот ки ба ҷойҳои осебпазир дар сатҳи ҷаҳонӣ дохил шудаанд, ҷамъшавии намудҳои эндемикӣ), ки дар ҳифзи онҳо дар оянда бояд чорабиниҳо бо иштироки мақомоти давлатӣ, табиатистифодабарандагони маҳаллӣ ва ҷомеа гузаронида шаванд.

Дар Тоҷикистон Китоби сурх таҳия ва нашр шудааст, ки дар он рӯйхати намудҳои нодир ва зери хатари маҳвшавӣ қарорёфтаи ҳайвонот ва наботот дарҷ гаштааст, барои онҳо чораҳои гуногуни муҳофизатӣ аз ҷониби давлат ва аҳолӣ тавсия мегарданд. Нашри нави Китоби сурх солҳои 2015-2017 аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо ҷалби Академияи илмҳо амалӣ гаштааст. Илова бар ин ҳамкориҳо, мақомоти илмӣ дар муайян намудани ҳиссаи истифодабарии флора ва фауна, аз ҷумла барои шикор, роли муҳим мебозад. Дар натиҷаи ғайрату ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ, олимон, ташкилотҳои маҳаллӣ ва ғайридавлатии байналмилалӣ ва иштироки аҳолии маҳалӣ имкон гашт, ки шумораи бузи пармашох ва архар барқарор гардад ва вазъи популятсияи бабри барфӣ беҳтар шавад. Вале барои нигоҳ доштани баробарвазнии экологии наонқадар устувор ва сабук кардани вазни экосистемаҳо корҳои зиёде бояд амалӣ гарданд.

* * *

Фаъолияти инсон ба вазъи табиати зинда таъсир мерасонад ва метавонад ба камшавӣ ва нестшавии пурраи баъзе  намудҳои ҳайвонот ва наботот оварда расонад. Истифодабарии ғайриоқилона ва азҳад зиёди захираҳои табиӣ, ифлоскунӣ ва фрагментацияи табиат, азхудкунии ҷойҳои истифодашудаи ёбоӣ, тағйирёбии иқлим, ҷорӣ намудани намудҳои бегона ва вайрон гаштани мувозинати экологӣ метавонанд дар алоҳидагӣ ва дар маҷмӯъ ба вазъи табиати зинда ва сукунати намудҳои алоҳида таъсири манфии худро расонанд.

Ҳудуди куҳии Тоҷикистон ба шумораи минтақаҳои ҷаҳонии ташаккули намудҳои биологӣ ва экосистемаҳо дохил мешавад. Олами набототи  Тоҷикистон хело ҳам бой ва гуногун аст, аз 4,5 ҳазор намуди наботот, аз ҷумла тақрибан 1 ҳазор намудҳое, ки танҳо дар Тоҷикистон ва мамлакатҳои ҳамсоя мерӯянд, иборат аст. Аз ҳама зиёд гуногунии флора дар куҳҳои Ҳисору Дарвоз ва Бадахшон мушоҳида мешавад.

Гулҳои ёбоии таҳҷоӣ ( Гули ҳолмон/ Fritilari eduardii), Тоҷикистони марказӣ

Гуногунии олами ҳайвонот аз баландии ҷой, иқлим ва миқдори алаф вобаста аст. Дар Тоҷикистон 84 намуд ва зернамудҳои ширхӯрон, 365 намуду зернамудҳои парандаҳо, 50 намуди хазандагон ва моҳӣ, чанд намуди хушкию обӣ ва зиёда аз 10 ҳазор намудҳои бемӯҳрагон мавҷуданд. Дар мамлакат чанд намуди ҳайвоноте сукунат доранд, ки аҳамияти ҷаҳонӣ доранд, ба монанди бабри барфӣ, архар, бузи пармашох, ғизоли бухороӣ ва ғайра.

Қариб нисфи ширхӯрон ва хазандагони мамлакат дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор доранд. Дар асри XX дар Тоҷикистон паланги туронӣ гум шуд, паланг ва суғури Мензибир бошанд, акнун ҳело ҳам кам вомехӯранд. Растаниҳои эндемикии табобатӣ ва камшумор ҷамъоварӣ ва ғайриқонунӣ фурӯхта мешаванд.

Озодапаланг дар Помир

Қисми намудҳои ҳайвонот ва растаниҳои Тоҷикистон аҳамияти ҷаҳонӣ доранд ва хело ҳам машҳуранд, масалан, бабри барфӣ (Pantera uncial) ба Китоби сурхи Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат (ИБҲТ) чун намуди VU (намуди осебпазир) ворид гаштааст. Пештар вай дар ҳолати бадтар – дар мақоми EN (зери таҳдиди маҳвшавӣ) қарор дошт, дигар гаштани мақоми он дар соли 2017 аз беҳтар гаштани вазъи зисти он шаҳодат медиҳад. Вале барои намуди мазкур чун пештара норасогии хӯрока (хӯроки асосии он ҳайвоноти сумбдор ба ҳисоб мераванд, ки онҳо бо сабаби шикор кам гаштаанд) таҳдид мешаванд, инчунин шикори ғайриқонунӣ ва куштори бабри барфӣ бар қасди куштори ҳайвоноти хонагӣ. Миқдори бабри барфӣ дар Тоҷикистон қариб 280-300 сарро ташкил медиҳад, дар ҳолате, ки дар тамоми ҷаҳон 4-6 ҳазор сар муайян шудааст.

Гӯсфандии куҳии  бухороӣ – уреал (Ovis orientalis dochariensis) аз ҷониби  ИБҲТ ҳамчун намуди осебпазир (VU) ворид гаштааст. Дар ҳудуди Тоҷикистон популятсияи он 900 сарро ташкил мекунад (ҳисоби соли 2012). 

Вазъи паҳншавии (популятсияи) бузи пармашох – морхур (Capra falconeri), ки онро солҳои дароз, аз ҷумла ҳанӯз соли 2008, ба гурӯҳи намудҳои зери маҳвшавӣ (EN) шабоҳат медоданд ва соли 2015 ба гурӯҳи намудҳои наздик осебпазирӣ (NT) гузаронида буданд, хуб шудааст. Популятсияи он дар Тоҷикистон қариб 1500 сарро ташкил медиҳад ва асосан дар Дашти – Ҷум, дар доираи мамнӯъгоҳ, парваришгоҳ ва дар ҳудуди хоҷагии шикори аз ҷониби ташкилотҳои маҳаллӣ ташкилшуда барои гузаронидани шикори трофей сукунат дорад.

Гусфанди куҳии помирӣ – архар ё гусфанди Марко Поло (Ovis ammon polii) аз ҷониби ИБҲТ ба гурӯҳи намудҳои наздик ба осебпазирӣ (NT) гузаронида шудааст. Теъдоди архар зиёд шудааст ва 25 ҳазор сар арзёбӣ мегардад (5 маротиба зиёд аз давраи 25 сол пеш). Архар объекти асосии шикори трофей дар Помир ба ҳисоб меравад.

Намудҳои зиёди ҳайвонот ва растаниҳо қурбони қонуншиканҳо ва ҷамъоварикунандагони ғайрииҷозатӣ мегарданд, вале баҳодиҳии зарурии сатҳи қонуншиканӣ дар мамлакат вуҷуд надорад. Омилҳои дигари номусоид, ки ба олами наботот ва ҳайвонот таъсири манфӣ мерасонанд, ин чаронидани бесилсилавии чорво ва таназзулёбии ҷойҳои сукунат дар натиҷаи сохтмон, васеъ гаштани нуқтаҳои аҳолинишини назди ҳудудҳои махсус муҳофизатшаванда, ворид кардани намудҳои бегона ва тағйирёбии иқлим мебошанд.

Рушди шабакаҳои роҳҳо ба зиёдшавии бесилсилавӣ ва осон гаштани дастрас ба гӯшаҳои пеш одамногузари мамлакат оварда расонд. Тибқи маълумотҳои Вазорати нақлиёт дарозии роҳҳои мамлакат 14 ҳазор километрро ташкил медиҳад, ба ғайр аз ин қариб 18 ҳазор километр роҳҳои аҳамияти маҳаллӣ мавҷуданд. Қисми зиёди роҳҳои куҳӣ қад – қади дарёҳо мегузарад ва бисёр вақтҳо роҳҳои мигратсияи ҳайвонотро мебуранд. Истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ низ шароити табии сукунати ҳайвонот ва набототро халалдор месозад.

Истифодабарии аз меъёр зиёди заҳрхимикатҳо дар хоҷагии қишлоқ солҳои 1960-80 таъсири ногувори худро ба ширхӯрҳо, хазандаҳо, парандаҳо ва дигар гуруҳҳои ҳайвонот расонд. Обҳои ҷоришаванда, обанборҳои ифлосшуда, насосҳо ва дарғотҳоба экосистемаҳои дарёҳо таъсир мерасонанд. Қисми намудҳои камёфти моҳиҳо, масалан, белбинӣ, дар ҳолати ногувори осебпазирӣ қарор доранд.

Дар нимаи аввали асри ХХ (солҳои 1930-40) дар Тоҷикистон бо мақсади васеъ намудани заминҳои кишт водиҳои наздикуҳӣ ва дарёбодҳо азхуд мешуданд. Бо ин мақсад қариб 100 ҳазор гектар ҷангалҳо, аз ҷумла туқайзорҳо, пистазорҳо ва ҷангалҳои паҳмбарг бурида шудаанд. Майдони ҷангалҳои пистазор, тибқи маълумоти экспедитсияи комплексии соли 1932,170 ҳазор гектарро ташкил медоданд, ҳозир бошад аз 80 ҳазор гектар кам мондаанд. Аз ҳама зиёд дар Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон ҷангалзорҳо туқайзорҳо бо сабаи азхудкунии заминҳо ва дигар шудани маҷрои дарёи зарар доранд. Буриши ғайриқонунии ҷангалҳо бо сабаби норасоии энергия дар даҳсолаи охир ба паст шудани маҳсулнокии ҷангалҳо оварда расонд. Чаронидани чорво дар ҷангалҳо таназзулёбии хок ва паст кардани иқтидори барқароршавии ҷангалҳоро зиёд кард.

Ҷангалҳо функсияҳои муҳими экологии танзими баланси об ва иқлим, муҳофизати хок, пешгирии бодлеси обию шимолӣ ва мустаҳкам шудани пешбиниҳоро доранд. Сустшавии қабати хок мумкин астсабаби биёбоншавӣ, фурӯ рафтани замин, фаромадани сел ва дигар офатҳои табиӣ гардад.

Маълумоти нисбатан пурра дар бораи ҷангалҳо дар мамлакат то соли 1991 дастрас буд, вақте, ки арзёбӣ ва баҳисобгирии пурра гузаронида мешуд.

Дар замони ҳозира воситаҳои масофавӣ ва усулҳои арзёбии ҷангалҳо мавҷуданд, вале онҳо то ҳол дар Тоҷикистон кам истифода бурда мешаванд. Тибқи маълумотҳои мавҷуда, майдони ҷангалҳо тайи  10-20 соли охир кам дигар шудааст ва 410-420 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Сатҳи  ҷангалпушии мамлакат 3% – и ҳудуди онро ташкил медиҳад, ки ин нишондоди паст мебошад ва Тоҷикистонро ба қатори мамлакатҳои бо руйпушии ками ҷангалзорҳо ворид месозад. Қариб ҳамаи ҷангалҳои мамлакат моликият давлат ҳисоб мешаванд, қисми ҷангалҳо дар идоракунии мақомоти маҳаллӣ ё ба иҷораи дарозмӯҳлат ба шахсони воқеӣ супорида шудааст. Майдони фонди давлатии ҷангалзорҳо 1,8 миллион гектарро ташкил медиҳад, аз он ҷумла 0,4 миллион гектар ҷангалҳо ва 1,4 миллион гектар майдонҳои бо ҷангал пӯшиданашуда. Захираи чубу тахтаи ҷангалҳо 6 миллион метри мукаабро ташкил медиҳад. Истифодабарии оқилонаи ҷангалҳо асоси рушди устувори мамлакат мебошад.

Ҷангалзори арча, Тоҷикистони шимолӣ

Ҷангалҳои сӯзанбарг қисми зиёди майдонро ишғол мекунанд, асосан  дарахтони ардач (арча)(juniperus zeravshanica, j.semiglobosa, j. turhestanica,  j. sibirica), майдони 150 ҳазор гектарро (35% майдони ҷангалҳо) ишғол мекунад ва синну соли миёнаи онҳо наздик 200 сол мебошад. Онҳо дар куҳҳо дар баландиҳои 1500 то 3500 метр месабзанд, асосан дар нишебиҳои шимоли қаторкуҳҳои Туркистон, Зарафшон ва Ҳисор. Дар минтақаҳои ташаккулёбии об қарор гирифта, ин ҷангалҳо аҳамияти муҳими обидоракунӣ, обмуҳофизатӣ, хокнигоҳдорӣ ва муҳофизат аз селҳо доранд ва бинобар ин онҳоро муҳофизати доимӣ бояд кард.

Ҷангалҳои паҳмбарги намнокидӯстдошта майдони 45 ҳазор гектарро ишғол мекунанд. Онҳо баландиҳои  аз 1200 то 2500 метр дар доираҳои қаторкуҳҳои Ҳисор ва Дарвоз, саргаҳи дарёҳои Яхсу ва Қизилсу паҳн гаштаанд. Дар ин ҷангалҳо зиёдтар дарахтҳои чормағз, заранги (клён) туркистонӣ, себи Сиверс мерӯянд, онҳо бо гуногунии флора ва фаунаи худ фарқ мекунанд ва бояд зери муҳофизати доимӣ қарор гиранд.

Қад – қади дарёҳо туқайзорҳо ва ҷангалзорҳои сӯзанбарг ҷойгир мешаванд. Онҳо дар баландиҳои аз 300 то 3500 метр мерӯян. Дар таркиби онҳо дарахтони бед, тус, сафедор, ангат, потта, қор, туранга, санҷид, газ зиёдтар мебошанд. Масоҳати ҷангалҳои сузанбарг 15 ҳазор гектар, тӯқайзорҳо бошад камтар (қисми зиёди онҳо азхуд шудаан). Аз ҳама хуб ҷангалҳои тӯқаӣ дар нишебиҳои дарёи Вахш ва мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон», инчунин қад – қади Сирдарё, дарёҳои Панҷ ва Зарафшон меруяд. Ҷангалҳои дарёбод аҳамияти муҳофизати об доранд, соҳилҳоро мустаҳкам мекунанд, ҷойҳои сукунати парандаҳои намудҳои камшумор, ҷамъшавии парандаҳо ва ҳайвоноти гуногун ба ҳисоб меравад ва барои ҳамин ҳам бояд доимӣ муҳофизат шаванд.

Ҷангалҳо ва дарахтзорҳои дигар аз пистаҳои ба хушкию гармӣ тобовар, бодом, анҷир, анор ва дигар дарахтҳо иборат мебошанд. Асосан онҳо дар ҷануби Тоҷикистон дар баландии 600-1700  метр ҷойгир гаштаанд ва масоҳати то 100 ҳазор гектарро ишғол мекунанд. Синну соли пистаҳои табиӣ 80-120 сол, пистаҳои шинондашуда 10-80 солро ташкил  медиҳанд. Меваҳои писта, бодом ва анҷирро мардуми маҳаллӣ ба сифати хӯрока ва доруворӣ истифода мебаранд.

Ҷангалзори писта дар Тоҷикистони ҷанубӣ

Барои идора намудани ҷангалҳо шабака иборат аз 25 корхонаҳои хоҷагии ҷангал ташкил шудааст, ки онҳо чораҳои муҳофизат ва зиёдкунии ҷангалзорҳо, тайёр намудани маҳсулоти ғайри чубу тахтаи ҷангалро амалӣ месозанд. Онҳо инчунин муҳофизати ҷангал аз зараррасонҳо, буриши ғайриқонунӣ, пешгирии сӯхтори ҷангал ва мубориза алайҳи он ва дигар чораҳоро меандешанд. Новобаста аз чораҳои андешидашуда, ҷангалҳо дар ҳолати хуб қарор надоранд, барои он ки аҳолӣ онҳоро ҷиҳати тайёр кардани чуб, чаронидани чорво аз сабаби набудани маблағ барои харидани хӯроки чорво истифода мебаранд.

То соли 2017, бо сабаби норасогии қувваи барқ дар фасли зимистон, аҳолӣ чӯби ҷангалро ба сифати манбаи энергия истифода менамуд ва маҷбур мешуд, ки ғайриқонунӣ ҳезумро ҷамъоварӣ ва дарахтҳоро бурад, аз ҷумла дар ҷойҳои душворгузари арчазорҳо. Дар Тоҷикистони Марказӣ ҷангалҳои паҳмбарг ба сифати чарогоҳҳо истифода мешуданд ва хело ҳам зарар диданд, барои он ки навниҳолҳо поймол мешуданд, барқарорсозии табиии ҷангалҳо коҳиш ёфта буд.

Изтироби асосии мутахассисон ин пастшавии зичии ҷангалҳо, хислатҳои сифатии онҳо (қадкашӣ ва зичӣ) мебошад. Суръати таназзулёбӣ, ки сабаби он чаронидани чорво ва ҷамъоварии ғайриқонунии ҳезум аст, аз рушди табиии ҷангалҳо зиёд аст ва барои барқароршавии онҳо имкон намедиҳад.

Айни ҳол манбаи асосии ҳезум на ҷангалҳо, балки қитъаҳои хусусие, ки истиқоматкунандагон барои таъминоти эҳтиёҷоти худ бо энергия ва чӯбу тахтаи сохтмонӣ нигоҳубин мекунанд, ба ҳисоб мераванд. Хоҷагиҳои зиёд ба сифати сузишворӣ ангиш истифода мебаранд.    

Аҳолии ҷойдорӣ маҳсулоти табиии ҷангалро анъанавӣ барои хоҷагидорӣ , табобат, истеҳсоли асбобу олоти маҳаллӣ ва дигар мақсадҳо истифода мебарад. Аҳолӣ меваи дарахту буттаҳои худрӯй-агат, зирк , қот, тамашк, дӯлона ва дигар намудҳои гиёҳҳои табобатӣ, инчунин меваю мағзи писта, чормағз, бодом,себ, нок,  зардолӯ, олӯ ва олучаро ҷамъоварӣ ва истифода мебаранд. Чарогоҳҳои табиӣ хӯрока ва масоҳатро барои нигоҳдории 2,2 миллион сар ҳайвоноти шохдори калон, 3.5 миллион гӯсфанд, 2 миллион буз ва 80 ҳазор асп фароҳам меоваранд. Растаниҳои чубию-буттагӣ вазифаҳои муҳими обмуҳофизатӣ иҷро менамоянд ва хоку заминро аз таназзулёбӣ, нуқтаҳои аҳолинишинро аз офатҳои табиӣ ҳимоя мекунанд.Ҷамъоварии гиёҳҳои табобатӣ ҳар сол на кам аз 2.5-5 миллион сомонӣ фоида меоварад.

Чораҳои андешидашаванда.

Нигоҳ доштани табиати зиндаи Тоҷикистон яке аз вазифаҳои муҳими ҷамъият ва давлат маъсуб меёбад. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ қонунҳо қабул шуданд,  аз ҷумла дар бораи ҳифз ва истифодабарии олами наботот, олами ҳайвонот, ҳудудҳои табии муҳофатшаванда, Кодекси ҷангал ва ғайра.

Стратегияи миллӣ ва нақшаи амал оид ба муҳофизат ва истифодабарии гуногунии биологӣ вобаста   ба қабули мақсадҳои  умумиҷаҳонии  дар Айти қабулгашта барои давраи то соли 2020 таҳия гаштаанд. Барои тадбиқи ин ҳуҷҷатҳо  чорабиниҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ, лоиҳаҳои байналмилалӣ,   бо ҷалби аҳолӣ ва ташкилотҳои ҷаъиятӣ амалӣ мегарданд. Ҳамкориҳо бо мамлакатҳои ҳамсоя дар самти нигоҳдории экосистемаҳои куҳии Тяншон ва Помир ба роҳ монда шудааст. Барномаи миллии идоракунии ҷангалҳо ва барқароркунии онҳо таҳия гаштааст. Корҳо дар самти барқароркунии ҷангалҳо дар масоҳати 2 ҳазор гектар гузаронида мешаванд. Барои зиёд намудани серҷангалии мамлакат ва барҳам додани таназзули ҷангалҳо, майдони ҷангалшинонӣ бояд то 3-4 ҳазор гектар дар 1 сол зиёд шавад. Навҳои асосии чубӣ, ки дар давраи ҳозира дар ҷангалшинонӣ истифода бурда мешаванд, – ин писта, бодом, сафеддор ва арча мебошанд.

Навниҳолон дар парваришгоҳҳои дараи Варзоб

Аз байни иқдомҳои муваффақ нигоҳдорӣ ва барқароркунии миқдори саршумори бузи пармашох, гавази бухороӣ, архар ва бабри барфиро қайд кардан ҷоиз аст. Бо назардошти андешидани чораҳои самараноки назоратӣ дар самти шикор, аз ҷумла ҷалби хоҷагиҳои шикори хусусӣ ва аҳолӣ, миқдори архар (гусфанди Марко Поло) зиёд шудааст ва мумкин то 25 ҳазор сар расидааст.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар асоси маълумотҳои илмӣ ва ҳиссаи ҷудошудаи (квотаи) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои шикори ғаниматӣ  иҷозат медиҳад. Барои шикори ғайриқонунӣ, нобуд кардани набототу ҳайвоноти ба Китоби сурх воридшуда, маҳдуд сохтани ҷойи сукунати онҳо ҷаримаҳои калон пешбинӣ гаштаанд. Аз ҷониби баъзе ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ механизмҳои пардохт барои хизматрасониҳои экосистемавӣ (ПХЭ) барои ҳудудҳои алоҳида (масалан, барои парки табиии «Ширкент») таҳия гаштаанд, вале онҳо  ҳануз дар амал истифода бурда намешаванд. Самти дигари нав, ки фаъолона дар тамоми ҷаҳон ва дар Тоҷикистон низ тараққӣ меёбад,- ин арзёбии иқтисодӣ ва ҳисоботи захираҳои биологӣ ё «боигарии табиӣ» дар иқтисодиёт мебошад.

Манзараи мамнӯъгоҳ ва парваришгоҳи Даштиҷум

Барои нигоҳ доштани табиати зинда, намудҳои нодир ва зери хатари маҳвшавӣ қарорёфтаи наботот ва ҳайвонот дар мавзеҳои табиии сукунати онҳо (in siti) шабакаи ҳудудҳои махсус муҳофизатшаванда ташкил шудааст, аз ҷумла мамнӯъгоҳҳо, паркҳои табиӣ, парваришгоҳҳо ва ёдгориҳои табиӣ. Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда (ҲТММ) қисми зиёди Тоҷикистонро – қариб 3 миллион гектар ё 21% масоҳати умумии мамлакатро ташкил мекунанд. Масоҳати ҲТММ дар Тоҷикистон аз стандартҳои байналмилалии тавсиядодашуда, ки тибқи он барои ҳифзи табиати зинда бояд 10% ҳудуд ҷудо гардад, зиёд аст. Бо мақсади нигоҳдории намудҳои берун аз ҷойҳои табии сукунат (exsitu) дар мамлакат  боғҳои ботаникӣ дар баландии аз 300 то 2000 метр ташкил шудааст.

Самаранокии бисёрии ҲТММ аз сабаби норасоии воситаҳои техникӣ, кадрҳо ва дигар сабабҳо паст мебошад. Вазифаи муҳим барои оянда баланд бардоштани самаранокии кори ҳудудҳои муҳофизатшаванда бо дастгирии давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва кумаки хориҷӣ мебошад.

Парки миллии Тоҷикистон, ки соли 1992 таъсис ва соли 2001 васеъ гаштааст, барои нигоҳдории экосистемаҳо, флора и фаунаи куҳҳои Помир ташкил ёфта, масоҳати он 2,6 миллион гектар мебошад. Таҳқиқи ҳудуди парк намудҳои анъанавии табиатистифодабарӣ ва нигоҳдории гуногунии биологиро ба ҳисоб мегирад. Дурӣ ва дастнорасии ҳудуди парк фаъоляти инсон ва таъсири онро ба табиат маҳдуд месозад, доимӣ дар он 50 кормандон кор мекунанд, нисфи онҳо ҷангалбонҳо мебошанд. Парк ба руйхати объектҳои мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО соли 2013 ворид шудааст.

Баландкуҳи Помир, қисмате аз Парки миллии Тоҷикистон

Ба ғайр аз Парки миллии Тоҷикистон, то аввали соли 2018 дар Тоҷикистон 4 мамнӯъгоҳҳо фаъолият доштанд – Бешаи палангон, Дашти Ҷум, Ромит ва Зоркул, 13 парваришгоҳҳо ҳамчун мавзеъҳои обию ботлоқии дорои  аҳамияти байналмилалӣ шинохта шудаанд. Дар ҳаммаи мамнӯъгоҳҳо тартиботи сахти ҳифзи табиат ҷорӣ гаштааст. Онҳо барои ҳифзи намудҳо ва экосистемаҳо хизмат мекунанд, фаъолияти хоҷагидорӣ дар онҳо маън аст.

Ба парваришгоҳҳо ҳудудҳое дохил мешаванд, ки дар онҳо дар муддати муҳлати муайян тартиботи махсуси истифодабарӣ ҷорӣ мешавад. Онҳо қитъаҳои табиии хуб нигоҳдошташуда ба ҳисоб мераванд, вале майдон ва мақоми онҳо вобаста ба вазъият дигар мешаванд. Масалан, мақоми парваришгоҳи «Сари Хосор», ки соли 1959 ташкил шудааст, соли 2003 дигар шуд, дар асоси он парки табиии «Сари Хосор» ташкил шуд, майдони он нисбатан хурд аст (4 ҳазор гектар). Соли 2013 муҳлати мақоми гирифтаи қисми зиёди парваришгоҳҳои Тоҷикистон ба охир расид ва соли 2015 он ба мӯҳлати 10 сол тамдид гашт. Ба ғайр аз паркҳои табиии давлатӣ, парваришгоҳҳо ва хоҷагиҳои ҷангал дар мамлакат инчунин хоҷагиҳои шикори хусусӣ амал мекунанд.

Дар солҳои 2006-2007 бо мусоидати Фонди байналмилалии ҳифзи табиат (ФБҲТ) корҳо оид ба нақшагузории шабакаи экологии «Эконет» ҷиҳати беҳтар гаштани алоқа байни ҷойҳои асосии сукунати намудҳо ва ҲТММ гузаронида шудаанд. Даҳ сол баъд, солҳои 2016-17, мутахассисони тоҷик бо истифода аз таҷрибаи «Эконет» дар асоси стандарти нави байналмилалӣ (ИБҲТ, 2016) бо дастгирии Фонди нигоҳдории глобалии экосистемаҳои муҳим ва осебпазир (CEPF)  на кам аз 25 ноҳияҳои калидии биогуногунӣ (НКБ) муайян гаштаанд. Ин ноҳияҳо қитъаҳои сабзиши намудҳои эндемикӣ (растаниҳои дар қитъаҳои хеле кам сабзишёфта), ҷойҳои сукунати намудҳое, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ ба намудҳои осебпазир дохил шудаанд (масалан, бабри барфӣ ё ин ки ноки ёбоии тоҷикӣ), коридорҳои мигратсияи ҳайвонот ва ҷойҳои ҷамъшавии зиёди парандаҳои муҳоҷир. Вобаста  ба ин, дар 5 соли наздик солҳои (2018-2022) чораҳо ва лоиҳаҳои ҳифзи намудҳои алоҳидаи флора ва фауна ва ноҳияҳои калидии гуногунбиологӣ бо ҷалби аҳолӣ, ТҒҲ, мақомоти давлатӣ ва дигар шарикон ба нақша гирифта шудаанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист аз хоҷагиҳои шикорӣ дархостҳоро қабул карда, онҳоро ба Академияи илмҳо барои гирифтани маълумоти дақиқ оид ба имконпазирии аз табиат гирифтан мефиристонад. Шикори намудҳое, ки зери хатари маҳвшавӣ ҳисоб намеёбанд, тибқи тартиби иҷозатномадиҳӣ аз ҷониби Агентии хоҷагии ҷангал идора карда мешавад. Иҷозат барои шикори ҳайвоноте, ки ба Китоби сурх ворид шудаанд, то 50 ҳазор доллари ИМА арзиш доранд. Қисми ин маблағ ба буҷетҳои давлатӣ ворид мегардад, қисми дигар ба ҳисоби махсус гузаронида шуда, барои маблағгузории мубориза ба муқобили қӯруқшиканӣ, муҳофизат ва дигар чораҳои ҳифзи табиат истифода бурда мешавад.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи ҳифз ва истифодабарии олами наботот», «Дар бораи ҳудудҳои махсус муҳофизатшаванда», «Дар бораи чарогоҳҳо», « Дар бораи шикор ва хоҷагиҳои шикор»  ва Кодекси ҷангал масъалаҳои ҳифз ва истифодабарии табиати зинда, таъминоти алоқамандӣ ва пуррагии экологиро идора мекунанд. Қонун «Дар бораи амнияти биологӣ» ба паст фаровардани хатари таъсири манфии организмҳои генашон тағйирдодашуда ба саломатӣ, баробарвазнии экологӣ ва вазъи муҳити зист равона гаштааст. Қабул ва миқдори қонунҳо на ҳама вақт аз иҷрои масъалаҳо шаҳодат медиҳад, барои он ки бисёр қоидаҳо пурра аниқ нагаштаанд, интизоми иҷро ва назорати онҳо суст аст, муқобилият ё шарҳи дутарафаи қонунҳо ё масъалаҳои дар онҳо гузошташуда вуҷуд доранд.

Экосистемаҳои куҳӣ ва обӣ дар ҳавзаи миёнаи д.Панҷ

Стратегияи миллӣ ва Нақшаи амал оид ба истифодабарии оқилонаи захираҳои гуногунии биологӣ ҳуҷҷатҳои асосии стратегӣ дар ин соҳа ба шумор мераванд. Барномаи давлатии экологӣ барои давраи солҳои 2009-2019 низ чораҳои ҳифзи табиати зиндаро дар бар мегирад.

Барномаи давлатии рушди ҳудудҳои табии муҳофизатшаванда васеъ намудани ҲТММ ва табдил додани баъзе парваришгоҳҳо ба мамнӯъгоҳҳо ва паркҳоро ба назар гирифтааст. Ташкил намудани парки комплексӣ дар доираи каридори Вахон якҷоя бо Афғонистон, Хитой ва Покистон (дар Помир ва Ҳиндукуш, бо марказаш дар Вахон) ба нақша гирифта шудааст. Барномаҳо ва стратегияҳо дар соҳаи хоҷагии ҷангал шинонидани дарахтҳо ва васеъ намудани майдони ҷангалҳоро ба назар мегиранд. Бо сабаби он, ки барои тадбиқи ҳаммаи барномаҳо ва стратегияҳои номбурдашуда маблағҳои зарурӣ ҷудо намегарданд, онҳо қисман иҷро мешаванд. Дар нақшаҳо мақсаду вазифаҳои муҳиму зарурӣ гузошта мешаванд, вале имкониятҳои кадрию молиявии мавҷуда ба онҳо мувофиқ нестанд, ки он ба иҷрои нопурраи қисми зиёди стратегияҳо оварда мерасонад.

Баланд бардоштани самаранокии идоракунии ноҳияҳо бо биогуногунии баланд, ки арзиши ҷаҳонӣ доран, аз ҷумла ҲТММ ва НКБ вазифаи муҳим мебошад. Самти дигари муҳими ҳифзи табиат ташкил намудани парваришгоҳҳои табиии хурд барои муҳофизати намудҳои нодир ва зери хатари нестшавӣ қарордоштаи наботот мебошад. Дар замони ҳозира шабакаи ҳудудҳои табиии муҳофизатшаванда ба таври зарурӣ гуногунии бойи флораи пурарзишро ҷалб карда наметавонад. Вобаста аз намудҳо ва ҷойҳои сукунат нигоҳдории табиати зиндаро мумкин аст бо роҳи дигарсозии низоми заминистифодабарӣ ва ҷалби аҳолии маҳаллӣ таъмин карда шавад.

Муассисаи давлатии «Маркази миллии биогуногунӣ ва биоамниятӣ» (ММББ) дар ҳайати  Кумитаи ҳифзи муҳити зист фаъолияти худро дар самти таҳлил ва омода намудани маълумотҳо барои қабули қарорҳо дар соҳаи биогуногунӣ ба роҳ мемонад. Дар веб-сайти ММББ (www.biodiv.tj) маълумотномаҳои электронӣ дар бораи флора, фауна ва ҲТММ инчунин маълумотҳои тадқиқотии давраҳои шӯравӣ ҷойгир ҳастанд. Аз ҷониби Марказ дар солҳои 2016-2017 ситемаи нишондодҳои экологӣ (eims.biodiv.tj) кор карда шудааст, ки он дар усули санҷишӣ қарор дорад, васеъ мегардад ва барои мақсадҳои арзёбии экологӣ ва қабули қарорҳо хизмат мекунад.

Дар самти омӯзиш ва нигоҳдории табиати зинда ташкилотҳои дигари илмӣ, аз ҷумла Академияи илмҳо ва Маркази биотехнологии назди Донишгоҳ фаъолият карда истодаанд. Барои самаранокии бештари идоракунии захираҳои табиии арзишнок  такмили ихтисоси кадрҳо ва рушди инфрасохтори мониторинг ва ҳифзи биогуногунӣ зарур аст.

Агентии хоҷагии ҷангал барои кор карда баромадан ва татдбиқи сиёсат,  танзими захираҳои хоҷагии ҷангал, инчунин шикор ва ҲТММ ҷавобгар аст. Агентӣ чи вазифаҳои хоҷагидорӣ ва чи назорати соҳавиро амалӣ мегардонад. Таркиби он аз мақомоти нозирӣ, институти илмӣ – тадқиқотии ҷангал ва қариб 40 хоҷагиҳо, ки ба онҳо ҳаммаи шабакаи ҲТММ дохил мешавад, иборат аст.

Роли муҳимро дар нигоҳдории гуногунии биологӣ ташкилотҳои ҷамъиятӣ бозӣ мекунанд. Аввали ҳаракати ҷамъиятии ҳифзи табиат миёнаи асри ХХ ба ҳисоб меравад,  вақте  ки дар мамлакат Ҷамъияти ҳифзи табиат, Ҷамияти шикорчиён ва моҳигирон ва баъдтар, Ассотсиатсияи шикорчиён ташкил гашта буданд. Айни ҳол дар Тоҷикистон наздик 100 ташкилотҳои ҷамъиятӣ фаъолият мебаранд, ки бо омӯзиши табиат машғул буда, дар тарбияи экологии аҳолӣ, хизмати посбонӣ, кабудизоркунӣ иштирок мекунанд. Воситаҳои ахбори омма мусоҳибаҳоро дар мавзӯъҳои экологӣ омода месозанд.

Дар соли 2017 Тоҷикистон ба Конвенсия оид ба гуногунии биологӣ (КГБ) ва баъдтар ба Протоколи Картахенӣ оид ба биоамниятӣ ва Протоколи Нагойи дар бораи  танзими дастрасӣ ба захираҳои генетикӣ ҳамроҳ шуд. Соли 2016 мамлакат аъзои Конвенсия дар бораи савдои байналмилалии намудҳои фаунаи ваҳшӣ ва флора (СИТЕС) шуд.

Ба самтҳои муҳими ҳифзи табиати зинда дохил мешаванд:

  • баланд бардоштани самаранокии шабакаҳои ҳудудҳои табиии махсусмуҳофизатшаванда;
  • ташкили микропарваришгоҳҳо барои нигоҳдории намудҳои растаниҳои эндемикӣ ва арзиши ҷаҳонӣ дошта;
  • нигоҳдории генофонди намудҳои ёбоии дарахтони мағзию мевагӣ ва буттаҳо;
  • истифодабарии оқилонаи чарогоҳҳо, барқарорсозии терескен дар Помир, ҷудо намудани ҷангалҳо ва дигар минтақаҳои арзишманд аз ҳудуи чарогоҳҳои истифоданашаванда;
  • ҳавасмандкунии табиатистифодабарандагон дар асоси устувори идоракунии устувори захираҳои табиӣ;
  • васеъ намудани ҳаҷми корҳои барқароркунии ҷангалҳо то сатҳи 3-4 ҳазор гектар дар як сол ва ҷалби аҳолии маҳаллӣ дар нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи ҷангалҳо;
  • тарақкиёти танзимкунандаи майдонҳо барои парвариш ва истеҳсоли чӯбу тахтаи сӯзишворӣ ва сохтмонӣ;
  • гирифтани роҳи қӯруқшиканӣ, ҷалби аҳолии маҳаллӣ ва соҳибкорон ба фаъолият оид ба ҳифзи табиати зинда ва мушоҳидаи ҳайвоноти ваҳшӣ, паррандаҳо ва моҳӣ;
  • пурзӯр намудани назорат дар минтақаҳои муҳофизати об;
  • гузаронидани ҳисоби ҳаматарафа ва мониторинги растаниҳо, олами ҳайвонот ва ҷангалҳо;
  • рушди системаи иттилоотдиҳӣ ва мубодилаи маълумотҳо дар байни мақомоти давлатӣ, гурӯҳҳои илмӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматии экологӣ ва хоҷагиҳои шикорӣ.

 

Лабиринти экологӣ дар мавзӯи “Табиати зинда”

PDF барои чоп

Партовҳо

Дар Тоҷикистон то ҳол далелҳои боэътимод нисбат ба ҷамъшавии партовҳои сахти маишӣ ва саноатӣ  дар обҳо ва муомилот бо онҳо мавҷуд нест. Дар ду шаҳрҳои калонтарини кишар Душанбе ва Хуҷанд ҳар сол зиёда аз 300 ҳазор тонна партовҳои маишӣ ташаккул меёбад. Дар асоси  баҳодиҳӣ ба 40% аҳолӣ дар самти ҷамъоварӣ ва кашонидани партовҳо хизмат расонида мешавад, ки асосан аҳолии шаҳрҳо мебошанд.

Дар Консепсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба солимгардонии маҳфузгоҳҳои партовҳои коркарди маъдани уран барои солҳои 2014-2024 ҳалли масъалаи муносибат бо партовҳои хатарноки радиоактивӣ пешниҳод гардидааст. Ба солимгардонии партовҳои маҳфузгоҳҳои  калонтарини воқеъ дар шаҳри Истиқлол (Табошар) ва Деҳмой, ки дар наздикии шаҳри  Хуҷанд воқеъанд нуфузи бештар додашудааст. Бо ҷалбӣ  маблағҳои кӯмаки  беруна, аз ҷумла бо дастгирии молиявии Россия ва Иттиҳоди Аврупо лоиҳаи коҳиш додани амалисозии партовҳои хатарноки радиоактивӣ,  амалӣ мегардад.

Партовҳои соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла пеститсидҳои мӯҳлати истифодаашон гузашта, дар шимол и кишвар (Конибодом) ва дар ҷануб (Вахш) ба ҳолати нисбатан бехатар гузаронида шуданд. Бо ҷонибдории Фонди глобалии экологӣ, дигар фондҳои  байналмилалӣ ва ташкилотҳо нақшаи дар оянда коҳиш додани таъсири ин партовҳо ва нобудсозии моддаҳои устуворӣ органикӣ  тартиб дода шуда истодааст.

Муассисаи давлатии Маркази миллии иҷрои конвенсияи Стокголм оид ба ифлоскунандаҳои устувори органикии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати коҳиш додани хатари заҳрхимикатҳо ба муҳити зист ва саломатии аҳолӣ, иҷрои қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи Нақшаи миллии иҷрои ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба Конвенсияи Стокголми Созмони Милали Муттаҳид оид ба ифлоскунандаҳои устувори органикӣ» таъмин намуда, дар ин самт корҳои заруриро анҷом ва лоиҳаҳои марбутаро амалӣ гардонида истодааст.

Бо дастгирӣ ва иштироки шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла Фонди Швейсарии  «Салиби сабз», Созмони  амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо, Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон, Барномаи  озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар  Тоҷикистон ва Бонки байналмилалии рушд, ҷиҳати таъмини амнияти экологии аҳолӣ  чораҳои судманд амалӣ гардида истодааст. Дар ҷамоати Панҷ (ҷануби кишвар, виояти Хатлон), якҷоя бо ташкилоти Швейтсарии зиддиминнаҳо дар Тоҷикисион ва «Салиби сабз» барои 4 оилаҳое, ки анбори қаблии заҳрхимикатҳоро ба манзили истиқомати табдил дода, дар он зиндагӣ менамуданд, 4 хонаи истиқоматӣ сохта ба онҳо ройгон тақдим гардид. Ҳамзамон дар ҳамин ноҳия атрофии анбори қаблии заҳрхимикатҳо дар масоҳати 1 гектар бо симтур маҳкам карда шуд.

Дар шимоли кишвар, вилояти Суғд атрофии партовгоҳи заҳрхимикатҳои шаҳри Конибодом, ки дар он пеститсидҳои кӯҳна гӯронида шудаанд, дар масоҳати 1 гектар маҳкам гардид. Чунин корҳои безараргардонӣ дар ҷануби кишвар, дар дар партовгоҳи заҳрхимикатҳои ноҳияи Вахши вилояти Хатлон анҷом дода шуда, масоҳати 6 гектар бо маҳкам карда шуд.

Дар деҳаи Яккатут (ноҳияи Ҷомӣ, вилояти Хатлон) барои тоза намудани атрофии маҳал, Аксияи Тозагии замин гузаронида шуд ва дар натиҷа 120 тонна пеститсидҳои кӯҳнашудаи бо замину хок олудагардида, тибқи стандарт ва меъёрҳои байналмилалӣ барои нигоҳдории муввақатӣ ба партовгоҳи ноҳияи Вахш интиқол дода шуданд. Барои беҳсозии шароити партовгоҳи мазкур он бо хати обёрӣ, системаи мушоҳидавӣ таъмин, батареяи офтобӣ  насб ва бо шинонидани дарахтони гуногун, майдони кабудизор ташкил карда шуданд.

Афзоиши аҳолӣ ва истеъмол, рушди саноат, вусъатёбии сохтмони ва нақлиёт боиси ташаккули намудҳои гуногуни партовҳо гардидааст. Таи 10 солаҳои охир, дар самти ташакулёбии партовҳои саноатӣ ва истеъмолӣ  ҳисоботҳои оморӣ бурда намешавад. Аз ин лиҳоз, маълумоти боэътимод дар ин самт мавҷуд нест. Аз рӯи баҳои мутахассисон, ҳар сол дар Тоҷикистон 1-2 миллион тонна партовҳои истеҳсолӣ ва исмтеъмолӣ ташаккул меёбанд.  Дар корхонаҳои Саноатӣ ҳанӯз аз давраҳои иттиҳоди шӯравӣ  200 миллион партовҳи истеҳсолӣ ҷамъ гардидаанд. Масоҳати майдони заминҳое, ки зери анборкунонии ҳамаи намуди партовҳо қарор доранд 1100 гектарро ташкил медиҳад, ки асоси онро партовҳои саноати коркарди куҳӣ ташкид мекунад (то 300 гектар замин зери партовҳои сахти маишӣ қарор доранд).

Асоси ташакулёбии партовҳои саноатиро корхонаҳои металургӣ (сурма, алюминий, тилло, нуқра, сурб), комбинатҳои кимиёвӣ, нассоҷӣ ва озуқаворӣ ташкил медиҳанд. Муассисаҳо аз 5% то 50% партовҳои худро коркард менамоянд. Фаъолияти истеҳсолӣ ва партовҳои саноатӣ, аз ҷумла партовҳои радиоактивӣ асосан дар шимоли Тоҷикистон, вилояти Суғд мавҷуданд. Дар ин ҷо  (то соли 1990) аз ҳама зиёд то 1 миллион тонна маъдан дар як сол истеҳсол карда шудааст. Дар тулии ним аср, дар 10 маҳфузгоҳҳо зиёда аз 55 миллион тонна партовҳои радиоактивӣ ҷамъ гардидааст. Аз ҳама бештар ин партовҳо дар Дегмой бо ҷоришавии самти (Чкаловск) ва дар шафати шаҳри Истиқлол (Табошар) ғарам гардидаанд. Гард ва буғи ин объектҳои таҷҳизоти ҳимоявӣ надоштаи партовҳои хатарнок, метавонад ба масофаҳои дур интиқол ёбанд ва боиси таъсири номатлуб ба саломатии одамон ва ифлосшавии замин гарданд.

Маҳфузгоҳҳо ва ғарамҳои партовҳои таҷҳизониданашуда, хатари рахнашавӣ ва селро ба вуҷуд меоранд. Инчунин ду даҳяки ғарамҳои маъдан  бо радиактивҳои баланд таъсир пайдо гардидаанд. Баъди пошхӯрии иттиҳоди шуравӣ дар соли 1991 коркарди уран қатъ гардид ва аз ҳамин давра нигоҳдории маҳфузгоҳҳо масъалаи ҷиддиро ба миён овардааст. Дар ҳолати кунунӣ дар шимоли кишвар беҳдошти ҳолати объектҳои муҳимтар ба нақша гирифта шуда, кор дар ин самт идома дорад.

Партовҳои радиоактивӣ ва саноатии аз давраи Шуравӣ боқимонда, Табошар, Тоҷикистони Шимолӣ
Партовҳои радиоактивӣ ва саноатии аз давраи Шуравӣ боқимонда, Табошар, Тоҷикистони Шимолӣ

Дар даҳсолаи гузашта, дар деҳот тавассути истифодабарии кимиёдоруҳо безараргардонии замин аз малах, ҳашаротҳои пахта, дефолятсияи пахта ва дигарҳо бошиддат ҷараён гирифт.

Партовҳои радиоактивӣ ва саноатии аз давраи Шуравӣ боқимонда, Табошар, Тоҷикистони Шимолӣ Дар давраи шуравӣ  истифодабарии пеститсидҳо ба як гектар то ба 20-40 килограмм расид. Дар ҳолати имрӯза истифодабарии пеститсидҳо ба як гектар аз 10 то 100 маротиба кам гардидааст. Пеститсидҳо метавонанд дар хок ва обанборҳо солҳо ҷамъ ва худро нигоҳ доранд, ки  боиси расонидани таъсири манфӣ ба саломатӣ ва системаҳои экологӣ гарданд.

Партовгоҳҳои пеститсидҳо ва химикатҳои куҳнашуда, партовҳои хатарноктарин буда, масъалаи муракабро ба миён меоранд. Миқдори онҳо 10-15 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад (кодоме, ки қисми зиёди онҳоро Дуст (Дихлор -диффелин –Трихлорэтан ташкил мекунад) ва миқдори заминҳои ифлосгардида, аз ин зиёдтар мебошад. Ин намуди партовҳои хатарнок асосан дар ду партовгоҳӣ калонтарин- дар шафати деҳаҳои  ноҳияи Вахш ва шаҳри Конибодом воқеъ мебошанд. Қаблан аҳолии маҳаллӣ реҷаи нигоҳдории пеститсидҳоро вайрон карда, онро мефурухтанд. Ҳолати партовгоҳҳои пеститситҳои аз истифода соқидгардида,  дар давраи солҳои 2011 то2016 дар доираи лоиҳаҳо ва  барномаҳои  байналмилалии Фонди глобарии экологӣ, Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон, Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар ташкилотҳо беҳтар карда шуда, ба устувории бехатарии онҳо мусоидат намуд. Дар давраи солҳои 2018-2020 безараргардонии  партовгоҳи калонтарини кишвар – Вахш тавассути ҷорӣ намудани технологияи муосири нав – петитсидҳо нобуд карда мешаванд, ки дар натиҷа системаи бехатарӣ ва назорати партовгоҳ хубтар мегардад.

Партовҳои хатарноки кишоварзии аз замони Шуравӣ боқимонда (заҳрхимикатҳои куҳнашудаи маъншуда, аз он ҷумла доруи Дуст ДДТ), қитъа дар Конибодом, Тоҷикистони Шимолӣ

Ҳар сол дар шаҳри Душанбе 250-270 ҳазор тонна ва дар шаҳри Хуҷанд 50-60 ҳазор тонна партовҳо ташаккул ёфта, ба партовгоҳҳо кашонида мешаванд ва ҳаҷми партовҳо сол то сол зиёд мегарданд. Тибқи далелҳои пурсиш, ба 80% аҳолии шаҳрҳо ва 15% аҳолии деҳот, дар самти ҷамъоварӣ ва кашонидани партовҳо хизмат расонида мешаванд, ки ба ҳисоби миёна қариб 40% аҳолии Тоҷикисионро дар бар мегирад. Ҷиҳати ҷамъоварӣ ва кашонидани партовҳо- Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва ё мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллии масъул мебошанд. Дар партовгоҳи партовҳои сахти маишӣ партовҳое, ки хатарнокиашон хеле баланд мебошанд ба монанди батареяҳои акумляторӣ, плита ва қубурҳои асбестӣ, маҳлулкунандаҳо ва ашёҳои кимиёвии рӯзғор, таҷҳизотҳои симобдор низ ҷойгиронида мешаванд. Ҳамин тариқ партовҳои маишӣ бо гӯруҳҳо ҷудо карда намешаванд, ки дар натиҷа ҳангоми коркарди онҳо душвориро ба миён меоранд. Асосон ба ҷамъоварии партовҳои такрористифодашаванда шахсони тасодуфӣ ва корхонаҳои хурд машғул мебошанд.

Партовҳои маишии электронӣ симобдор ва модаҳи дигари хатарнок

Ҳоло тамоми ҷаҳон  ба истифодаи технологияи кампартов ва бепартов майл намуда истодаанд, кадомеки дар онҳо партов ҳамчун манбаи ашё ва энергия ба шумор мераванд. Солҳои қаблӣ аз сабаби камёфт будани қуттиҳои партовҷамъкунӣ, саривақт накашонидани партовҳо ва маълумоти пасти аҳолӣ дар ин самт, боиси пайдоиш ва ҷаъшавии партовгоҳҳои тасодуфи дар шаҳрҳо гардида, ҳолати ғайриэкологиро ба вуҷуд оварданд. Ин гуна партовгоҳхо ҳангоми боришот манбаи ифлосшавии обу замин ва ҳангоми сӯзонидани партовҳо боиси ифлосшаваии атмосфера гардидаанд. Вале дар 5-10 соли охир  барои барҳам додани партовгоҳҳои  тасодуфӣ, қатъ гардонидани сӯзонидани партовҳо дар шаҳрҳо, чораҳои зарурӣ андешида шуда, ба комёбиҳо назаррас датрасӣ пайдо гардид. Дар ҳоли ҳозир, дар тамоми кишвар амалигардонии 10 лоиҳаҳои марбут ба беҳтар намудани идоракунии партовҳо ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамзамон муомилот бо партовҳои тиббӣ беҳтар гардид, вале ҳоло ҳам, истифодаи усулҳои куҳнаи безараргардонӣ: – сӯзонидани партов дар печҳои номувофиқи таҷҳзониданашуда, сӯзонидани партов дар ҳудуди беморхона ва дар ҳавои кӯшод идома дорад. То ҳол дар кишвар ҳисоби ташаккулёбӣ ва нобудсозии партовҳои тиббӣ бурда намешавад.

Тадбирҳои андешидашаванда

  Барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба партовҳо дар кишвар Қонун  «Дар бораи партовҳои истеъмолӣ ва истеҳсолӣ» қабул гардида, лоиҳаи Стратегияи миллии идоракунии партовҳо таҳия гардид ва ҳоло мавриди баррасии Ҳукумати кишвар  қарор дорад. Барои амалигардонии стратегияи мазкур системаи оморӣ ва малағ зарур мешавад.

Муомилот бо партовҳои радиоактивиро Қонун «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ» танзим менамояд. Қонуни мазкур уҳдадориҳои асосии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, инчунин қоидаҳои литсензиякунонии фаъолиятро вобаста ин намуди партовҳо муайян менамояд.

Дар Консепсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба солимгардонии маҳфузгоҳҳои партовҳои коркарди маъдани уран барои солҳои 2014-2024 масъалаи таваҷҷуҳӣ аввалиндараҷа додан ба солимгардонии маҳфузгоҳҳои шаҳрҳои Истиклол и Деҳмой муайян гардидааст.

 

Соли 2016 Тоҷикистон ба Конвенсияи Базел оид ба назорати аз сарҳадгузаронии партовҳои хатарнок ва нобудсозии онҳо шомил гардид. Конвенсияи  мазкур, масъалаи ҳифзи интиқоли партовҳои хатарноки ба қайд гирифта нашударо баланд бардошта, ҷиҳати дастрасӣ  ба маълумотҳо дар самти муомилот бо партовҳои хатарнок ва мавҷудияти иқтидор барои нобудсозии онҳо имконият медиҳад.

Дар соли 2015 Бонки Аврупоии рушд ва таҷдид барои ҳалли масъалаҳои вобаста оқибатҳои коркарди уран дар Қиғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон фонд таъсис дод.

Дар асоси дархости Комиссияи Аврупоӣ Барномаи экологии барқарорсозӣ барои Осиёи Марказӣ таҳия гардид ва он ба тартиби маблағгузорӣ ва ба пайдоиши имкониятҳои иловагӣ барои маблағгузорӣ мусоидат намуд. Аз тарафи иқдоми «Муҳити зист ва бехатарӣ» дар соҳаи рушди иқтидор ватабодули таҷриба оид ба партовҳои радиоактивӣ дар Осиёи Марказӣ тадбиқ гардида истодааст.

Бонки Аврупоии рушд ва таҷдид лоиҳаҳоро дар самти беҳтар намудани ҷамъоварӣ, коркард ва нобудсозии партовҳои сахти маиширо дар шаҳрҳои калон аз ҷумла Душанбе ва Хуҷанд амалӣ намуда истодааст. Корхонаҳои ҳозиразамон ташкил гардида,  барои ҷамъоварӣ ва кашонидани партовҳо, инфрасохтори зарури таъмин дастрас карда шуданд ва аллакай дар ин самт беҳбудӣ ба назар мерасад. Маркази коркарди партовҳо – шишапора, қоғаз ва маҳсулоти нассоҷӣ шаҳри  Хуҷанд буда, дар шаҳри  Душанбе партовҳои пластикӣ қисман коркард карда мешаванд.  Дар шаҳрҳои Исфара, Кӯлоб, Бохтар, ноҳияи Ёвон ва дар дигар нуқтаҳои аҳолинишин лоиҳаҳои беҳтарсозии системаии ҷамъоварӣ, коркард ва нобудсозии партовгоҳо амалӣ гардида истодаанд. 

Аз соли 2012 Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба татбиқи барномаи ҷамъоварӣ ва безараргардонии лампаҳои каммасрафи аз истифода соқидгардидаи симобдор шуруъ намуд.  То ҳол бештар аз 3 миллион ин намуд лампаҳо ҷаъоварӣ гардида, тавассути таҷҳизоти махсус безарар гардонида шуда, симобҳояшон ҷудо карда гирифта шуда истодааст ва яке аз ин таҷҳизотҳо дар партовгоҳӣ шаҳри Душанбе васл карда шудааст. Вале ин таҷҳизот ҳоло фаъолият намекунад ва шумораи лампаҳои болозикр афзуда истодааст. Илова бар ин то ҳол ҳалли масъалаи безараргардонии партовҳои лампаҳои электрикӣ ва электронӣ ҳалли худро наёфтааст.

Бо иқдоми Кумита соли 2017 барои ҷаъоварӣ ва ҷиҳати безараргардонӣ барои ба шимоли кишвар, шаҳри Хуҷанд интиқол додани ин лампаҳо, 3 воситаи нақлиётии махсус харидорӣ гардида, ба истифода дода шуданд.

Масъулияти асосӣ, ҷиҳати таҳияи сиёсат, стратегия ва қонунгузорӣ дар самти ҷаъоварӣ, коркард ва безараргардонии партовҳо ба зиммаи Кумитаи ҳифзи муҳити зист гузошта шудааст.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳангоми ҷамъоварӣ ва кашонидани партовҳо, ба назорати таъмини иҷрои меъёрҳои сатитарӣ-гигенӣ ҷавобгӯй мебошад.

Агентии бехатарии ядроӣ ва радиатсионии Акадамияи илмҳо ба пешбурди ҳисобот ва мониторингӣ партовҳои радиоактивӣ ҷавобгӯй мебошад.

Ҷавобгарӣ дар самти муомилоту истифодаи пеститсидҳои аз истифода соқидгардида,дар доираи саллоҳият ба зиммаи  Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Вазорати кишоварзӣ вогузор аст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ, ба татбиқи амалии қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрӣ дар самти муомилот бо чунин партовҳо ҷавобгӯй мебошад. Муассисаҳои фаъолияташон ба ҷамъоварӣ ва кашонидани партовҳо марбут буда, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ итоат менамоянд.

Дар самти ҷамъоварӣ ва кашонидани партовҳои истеъмолӣ пардохт манбаи асосии иқтисодӣ ба шумор меравад. Дар ҳолати мавҷуда, он фақат ба масрафҳои оператсиониро басандагӣ намуда, барои таккомули рушди воситаҳои нақлиётӣ ва амалигардонии усулҳои ҳозиразамони муштараки муомилот бо партовҳо басандагӣ намекунад. Дар шаҳру ноҳияҳои мухталиф, меъёри пардохт барои ҷамъоварӣ ва кашонидани партовҳо аз ҳамдигар фарқ фарқ мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист якҷоя ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» беҳтар намудани ҷамъоварӣ ва нобусозии партовҳои истеъмолӣ ва истеҳсолиро бо роҳҳои зерин дар назар доранд:

– амалигардонии Стратегия миллӣ дар бораи муомилот бо партовҳо (баъди қабули Ҳукумат);

– рушди системаи объектҳои ҳозиразамон барои ба навъҳо ҷудокунӣ,коркард ва нобудсозии партовҳо;

– андешидани тадбирҳо ҷиҳати ҳавамандгардонӣ дар самти беҳсозии коркард ва кам намудани партовҳои шаҳрҳо ва корхонаҳо.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист, бо ташкилотҳои байналмилалие, ки барои ҳисоботу ҷамъоварии  пеститсидҳои аз истифода соқидгардида, таъмини бехатарии нигоҳдории онҳо дар партовгоҳҳои марказонидашуда ва ҷустуҷуи роҳҳои пурра нобудсозии ин партовҳо кӯмаки молиявӣ мерасонанд, ҳамкориро идома медиҳад.

Агентии омор дар ҳамкорӣ бо Кумита, ҷиҳати беҳтар намудани системаи ҷамъоварии маълумотҳо оид ба партовҳо ва васеъ намудани  миқдори маълумотҳое, ки аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ ва корхонаҳои саноатӣ пешниҳод мегарданд, кӯшишҳо ба харҷ медиҳанд.

Лабиринти экологӣ дар мавзӯи “Партовҳо”

PDF барои чоп

Инсон ва муҳити зист

Саломатии аҳолӣ ва муҳити зист

Тибқи маълумоти Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ), чун дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон низ муриши барвақтӣ ва ҳодисаҳои беморшавии аҳолӣ ба ифлосшавии маишии ҳавои атмосферӣ ва сифати пасти об марбут мебошад. Яке аз комёбиҳои кишвар, аз коҳиш додани фавти кӯдакон мебошад. Дар соли 1990 ба 1000 одам 98 ҳолат, дар соли 2007 бошад то 50 ҳолат ва дар соли 2016 ба 37 ҳолат коҳиш ёфт. Лоиҳаҳои беҳтар намудани ҳолати таъминоти об ва такрористифодакунии партовҳо дар Тоҷикистон ба васеъгардии дастрасии аҳолӣ ба оби нӯшокӣ ба паст гардидани сатҳи беморшавӣ аз ҷумла, дар байни кӯдакон мусоидат намуд.

Бинобар сабаби афзоиши миқдори воситаҳои нақлиётӣ ва зиёд гардидани сафарҳо, виситаҳои нақлиёти заминӣ, сабаби асосии ифлосшавии ҳаво дар шаҳрҳои калон гардидан.  Ҳамзамон бо ин ҳолат сифати пасти сӯзишворӣ (бо таркиби баланди сулфур) ва воситаҳои нақлиётии куҳна мусоидат намуда истодааст. Аҳолии деҳот ба сифати сӯзишворӣ ҳезум, ангишт, поруии хушк ва пояи пахтаро (ғузапоя) истифода мебаранд, ки ба сифати ҳавои дохили ҷойӣ истиқомат таъсири ҷиддӣ мерасонад.

Дар ҳоли ҳозир, бинобар сабаби ба истифода додани Маркази Гармидиҳии Барқӣ – бо сӯзишвории ангиштӣ ва ба сӯзишвории ангишти табдил додани объектҳои саноатӣ, ки бо сӯзишвории газӣ фаъолият менамуданд, боиси афзудани истифодаи ангишт гардидааст. Дар ҳолати истифода нагардидани технологияи системаҳои самарабахши тоза кардани партовҳо истифода нагарданд, ин метавонад ба сифати ҳаво ва саломатии аҳолӣ таъсири манфӣ расонад.

Нонҳои анаънавӣ ва пухтупази онҳо дар Шимоли Тоҷикистон

Дар кишвар беморшавӣ вобаста ба таъсири асбест, то ҳол ба рӯйхати бемориҳои касбӣ шомил нагардидааст, вале маълум аст, ки облӯлаи асбестӣ ва матариалҳои болопӯш махсусан, асбобҳои кимиёвӣ  ҳангоми васлкунӣ бе ҳимоякунандаи боэътимоди шахсӣ метавонад ба саломатии инсон хатари ҷиддӣ эҷод намояд.

Дар Тоҷикистон маълумот дар бораи таъсири  металҳои вазнин ба саломатии аҳолӣ мавҷуд нест. Металҳои вазнин ба монанди сурб ва симоб ҳатто дар ҳолати бевосита  метавонад ба рушди системаи асаби кӯдакон таъсири худро расонанд. Бинобар сабаби даст кашидан аз истифодаи сӯзишвории (бензин) этилдор партоовҳои сурб кам гардидааст. Вале дар ҷойҳои истифодаи ифлоскунандагони қадимаи дорандагони металҳои вазнин ба саломатии инсон хатар эҷод менамояд.

Як қатор объектҳои нигоҳдории партовҳои саноатии шимоли Тоҷикистон, сарчашмаи хатари экологӣ ба шумор мераванд. Ҳамзамон гарду чанги ифлос тавассути шамол мегузарад ва  моддаҳои хатарнок метавонанд ба хок афтида онро олуда гардонанд ва  ҳангоми боришоти сахти борон ба болои замин баромада ҷорӣ мешаванд. Дастгирии ташкилотҳои байналмилалӣ метавонад ба омӯзиш ва ҳалли масъалаҳои мазкур кӯмак расонад.

Баҳои гузаронидашуда, нисбати вобастагии табақаҳои осебпазири аҳолӣ аз таъйирёбии иқлим, дар давраи солҳои 2009-2013, собит намуд, ки  баландшавии ҳарорати ҳаво эҳтимолияти афзудани фавти табақаҳои осебпазири аҳолӣ, махсусан кӯдакону пиронсолон гардад гардад. Афзоиши ҳарорати ҳаво ва обхезиҳо ба афзоиши сарчашмаҳои касалиҳои инфексионии  домана, меъдаю рӯда ва чораҳои мувофиқи мутобиқшавӣ сабаб мегарданд.

Қонун «Дар бораи таъмини бехатарии снитарӣ – эпидиомологии аҳолӣ» назорати сифати ҳаво ва об,бехатарии маводи ғизоӣ ва муомилот бо партовҳоро дар назар дорад. Қонун «Дар бораи оби нӯшоки ва таъминоти оби нӯшокӣ» саллоҳиятҳои мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муқаррар намуда, шакли истифодабарии моликии системаи таъминоти оби нӯшокиро танзим менамояд. Ба ҷуз ан ин қонунҳо, намудҳои гуногуни қоидаҳои санитарӣ вобаста ба сифати об, ҳудудҳои ҳифзшавандаи  сарчашмаҳои таъминот бо об амал менамоянд.

  Дар Стратегияи рушди кишвар то соли 2030 ба беҳтар намудани рӯзгор ва дастрасии хизматрасонии  хоҷагии манзилию коммуналӣ диққати махсус зоҳир гардидааст.

  Дар Стратегияи миллии тандурустии аҳолӣ то соли 2020 чораҳои андешида, ба паст намудани хатари саломатӣ вобаста ба сифати об  ва ҳавова бехатарии маводи ғизоӣ равона гардидааст.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ борои таҳияи сиёсат ва назорати амалигардии чораҳо дар самти ҳифзи  саломатӣ ва меҳнат ҷаывобгар мебошад.

Дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Маркази илмӣ – тадқиқотии ташхисии тиббӣ амал менамояд ва «Дар бораи саломатии аҳолӣ» ҳисоботи солонаро, таҳия менамояд.

Хадамоти назорати давлатии санитарӣ-эпидемологӣ аз болои ҳолати санитарӣ, аз ҷумла нуқтаҳои сарҳадии иҷозатдиҳӣ назорат намуда, маълумотҳои омориро дар бора саломатии аҳолӣ, сифати оби нӯшоки ва маводҳои ғизоиро ҷаъоварӣ менамояд. Ташхисҳо дар ҳама ҳолат  гузаронида мешаванд, ичунин дар ҳолатҳои фавқулодда (заҳролудшавии умумӣ, паҳншавии бемориҳо) ва дар ҳолатҳо шикоят намудан оид ба фаъолияти тарабхонаҳо, мағозаҳо ва бозор.

Хадамоти давлатии ветеринарӣ ба таъмини саломатии ҳайвонот ва назорати маҳсулоти хӯроки чорво ҷавобгӯ мебошад. Дар назди ҳамаи бозорҳо лабораторияи ветеринарӣ-санитарии  Хадамоти мазкур фаъолият мекунад.    

Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва ташкилоти давлатӣ оид ба ҳифзи растанӣ, дар ҳифзи бехатарии маводи хӯрокворӣ иштирок менамоянд.

Агентии обуҳавошиносӣ  пешбурди мониторинги ҳавои атмосферӣ ва обҳои рӯизаминиро амалӣ намуда,ҷиҳати рух додани ҳолатҳои хавфноки ҳаво, ки барои  ҳифзи  саломатӣ ва меҳнат истифода мегарданд, маълумот манзур менамояд.

Мониторинги ҳолати радиаисионӣ аз тарафи Агентии ядроӣ ва бехатарии радиатсионӣ амалӣ карда мешавад.

Мақомоти тансиҳатии омма ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллиро бебояд, ки ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати санитарӣ-эпидиомологӣ тадбирҳо андешад ва ҳамкориро бо ташкилотҳои экологӣ, аз ҷумла дар самти табодули маълумотҳо, тадқиқотҳои ҳозиразамон ва ба ҳамоҳангсозии фаъолият вусъат диҳанд.  Ҳамзамон лозим аст, ки оид ба ҳолати фаъолияти  объектҳои санитарӣ-гигенӣ ва иншоотҳои обу корезӣ, дар навбати аввал барои мактабҳо ва беморхонаҳо лоиҳаҳо таҳия намуда, дар самти гигенӣ ва санитарӣ, корҳои ташфиқотию маърифатро такмил диҳанд.

Ҳолатҳои фавқуллода

Оқубати ҳолатҳои фақулода, Тоҷикистони марказӣ

Шароити табиӣҷуғрофии Тоҷикистон хеле гуногун мебошад ва аксаран боиси пайдоиши ҳолаҳои фавқуллодаи садамавӣ мегардад, ки ба иқтисолиёти кишвар ва аҳолӣ зарари калон мерасонад.

Просесҳои фаъоли геологӣ дар кӯҳсор, ҷойгиршавии аҳолӣ ва ҷойгиршавии объектҳо дар минтақаҳои хатарнокиашон баланд ва вайроншавии ҳолати табиӣ ба пайдоиш ё афзунгардонии иқтидори хатари ҳолатҳои фавқуллода мусоидат менамояд. Дар тулии 10 соли охир, хатарҳои табиии пайдошударо сел ва ярч ташкил медиҳанд.

Тибқи баҳои Бонки умумиҷаҳонӣ, Тоҷикистон дар байни давлатҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар самти осебпазири ба тағйирёбии иқлим вобаста ба обу ҳаво, иқлим ва пайдоиши ҳолатҳои хатарноки табиӣ ҷои якумро ишғол менамояд.

Ба вуқуъ омадани сел натиҷаи  аз ҳад зиёд будани боришот, тез об шудани барф ва ё кандашавии яхпораҳои ҳавзҳои обӣ мебошанд. Онҳо бештар дар ноҳияҳои баландкуҳи Тоҷикистон ба назар мерасанд ва қисми зиёди ҳудуди кишвар зери хатари сел қарор доранд.

Ҳудудҳое,ки  аз ҳама бештар сел ба вуқуъ меояд нишебиҳои қаторкуҳҳои Туркистон ва Кураминӣ (Тоҷикистони шимолӣ), нишебии тарафи ҷанубии қаторкуҳҳои Ҳисор, ҳавзаи дарёҳои Яхсу, Вахш, Обихингов, Панҷ ва Зарафшон (шарқу-ғарбӣ ва Тоҷикистони марказӣ) мебошанд.

Дар куҳҳои Помир гармшавии бошиддат, метавонад ба тез об шудани барф ва яхҳои кӯлҳо биёрад.

Тармаҳо доимо  дар қаторкӯҳҳои Зарафшон, Ҳиссор ва Дарвоз ба амал меоянд. Сабаби асосии лағжиши тармаҳо боришоти барфҳои нав мебошанд. ва асосан лағжиши тармаҳо дар давраи моҳҳои январ – март ба вуқуъ меоянд. Лағжиши тармаҳо метавонад боиси қатъ гардидани ҳаракати воситаҳоми нақлиётӣ дар роҳҳои асосӣ ва кандашавии хатҳои барқӣ гардад.

Лағжиши ярч дар ҷойҳое паҳн гардидаанд, ки барои пайдоишашон фаркторҳои геологӣ (ҷинсҳои кӯҳӣ, хок ва ҷунбиши баланди куҳҳо) ва иқлимӣ (боришоти бошиддат)  мусоидат мекунанд.  Бештар аз ҳазорон қитъаҳои кандашавии ярч ба маҳаллаҳои аҳолинишин, роҳҳо ва таҷҳизотҳои хоҷагии об хатар эҷод менамоянд. 

Заминҷунбӣ барои ҳамаи минтақаҳои кишвар хос буда, метавонад кандашавии ярчӣ калонро ба вуқуъ оварад ва боиси вайроншавии хонаҳои истиқоматӣ ва инфрасохторҳо гардад.

Дар 100 соли охир, заминҷунбии сахтарин соли 2911 дар деҳаи Саррез (дар натиҷаи лағжиши куҳ, кули Саррез пайдо гардид), соли 1949 дар Ҳоит (дар натиҷаи лағжиши куҳ қариб аз 28 ҳазор нафар ҷон бохтанд) ва соли 1989 дар ноҳияи Ҳисор (дар ҷойи шустани маъдани куҳӣ аз системаи обёрикунӣ, об филтератсия шуда, боиси лағжиши куҳ гардид ва дар натиҷа, 300 нафар ҷон бохтанд)

Кули Саррез дорои 17 километри кубӣ об мебошад. Эҳимол мегардад, ки сарбанди Кӯли Саррез ҳангоми тагшон ва филтератсияи об ва ё афтиши ярчи калон ё ба вуқуъ омадани гирдбодҳои  (сунами) обию бодӣ, ки дар натиҷаи он об аз сарбанд ҷорӣ гардида, ба ноҳияҳои поёноб зарари ҷиддӣ мерасонад. Дар ин кул мониторинги ҳолати он гузаронида шуда, бо тамоми системаҳои огоҳкунӣ ва кӯчонидани аҳолии Бартанг ва Панҷ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Кули Саррез (дар паси манзара) ва полиши об аз таркиби банди табиӣ Усой (дар аввали сурат), Помир

Ҳолатҳои ногуворӣ метеорологӣ, боришоти аз ҳад зиёди барф ва лағжиши тармоҳо, инчунин ҷола, боду гарду чанг ва дигар ҳолатҳои табиӣ ба иқтисодиёт ва аҳолӣ зарар мерасонанд.

Боришоти пуршиддат ва аз ҳад зиёд боиси обхезӣ гардида, таназулёбии заминро меафзонад.  Боришоти зиёди барф ба соҳаи кишоварзӣ ва нақлиёт душвориро пеш меорад.

Ҷола  бошад ба дарахтони мевадиҳанда зиён оварда, ҳолати чарогоҳро бад менамояд.

Хушкиҳои сахт гоҳ– гоҳ ба вуқуъ меоядва ле онҳо ба қисми зиёди аҳолӣ зиён оварда, ба таъмини бехатарии энергетикӣ ва озуқаворӣ таъсири ҷидди мерасонад.

Дар давраҳои гармиҳои аз ҳад зиёд (экстремалӣ) (зиёда аз 40°C), ҳамзамон бинобар сабаби гармшавии иқлим дар ноҳияҳои ҷануби кишвар шумораи рӯзҳои ҳарораташон баланд меафзояд ва ба саломатии ва ҳиссиёти гуруҳӣ табақаҳои ниёзманди аҳолӣӯдакон, пиронсолон ва занҳои ҳомила) вахоҷагиҳои кишоварзӣ таъсири номатлуб мерасонад.

Дар ноҳияҳои куҳӣ, ҳарорати пасти дарозмуддат метавонад боиси камгардии оби дарёҳо мегардад. Ҳамзамон ба истеҳсоли қувваи барқ низ таъсир хоҳад расонд.

Бинобар сабаби дар фасли зимистон камшавии энергия ва таъсири ҳарорати паст метавонад ба аҳолӣ ва иқтисодиёт таъсири номатлуб расонида, муфлисшавии системаи обию барқиро ба вуқуъ биёрад.

Сардиҳои зимистони солҳои 2007–2008 ба камшавии оби дарёи Вахш, кам гардидани истеҳсоли қувваи барқ, сармо задании ҳосил ва нобудгардии маҳсулоти кишоварзӣ кишоварзӣ оварда расонид. Дар ин давра муфлисшавии обию барқӣ ва озуқаворӣ ба ду миллион одамон таъсири худро расонид. Боиси зикр аст, ки дар ҳолати кам гардидани рӯзҳои хунуки ҳарораташ аз -10°C ба вуқуъ омадани ҳолатҳои зикргардидда аз эҳтимол дур нест.

 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва минтақаҳои ҳолатҳои фавқуллодаи характери технологӣ ва табиӣ дошта» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиаи гражданӣ» функцияҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ ва пешгирии хатари ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ ва  ба ин васила ҳаллӣ чорабиниҳои пешгирии он ва чорабиниҳои марбут ба пешгирӣ ва омодагӣ ба бартараф кардани ин ҳодисаҳоро муайян менамояд.

Масъалаи бехатарии саноат, омодагӣ ба садамаҳо ва бартараф намудани садамаҳро   Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии объектҳои  истеҳсолии  саноатӣ» танзим намуда, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии радиатсионӣ» масъалаи чорабиниҳои ҳифзи бехатарии радиатсионии аҳолӣ ва ашёҳои онҳоро муайян менамояд.

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи фаъолият», ҷуброни зарари дар натиҷаи ҳолатҳои ҳодисаҳои фавқуллода расида, дар назар дошта шудааст, аммо ин ҳолат дар амал аҳён аҳён амалӣ сегардад.

Аз соли 2014 дар Тоҷикисон системаи ягонаи давлатии огоҳкунӣ, алал хусус  системаи  ягонаи давлатии огоҳкунии ҳолатҳои  фавқуллода амал менамояд.

Стратегияи миллии рушд то соли 2030, интегратсияи чорабиниҳое, ки ба раванди паст кардани хатари холатҳои фавқуллодаро бо дар назардошти рушди иқтисодиёт ва дигар ҷанбаҳо фаъолиятӣ дар бар дорад.

Дар ҳолати кунунӣ интихоби чунин чораҳои бехатарӣ ва мутобиқати онҳо ба Барномаи қабулгардидаи Сендаӣ, дар арафаи такмилдиҳӣ қарор доранд.

Мақомоти олии ҷавобгар ба ҳалли масъалаҳои ҳолатҳои фавқуллода, Комиссияи давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқуллода мебошанд.

Раиси Комиссияи мазкур Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аъзоҳои комиссия ва ҳайати он аз мақомоти марбутаи вазорату идораҳои  иборат мебошанд. Комиссиссия ба ин монанд дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳи таъсис дода шуда, ба ҳайати он мақомоти марбуда шомил гашта, Раисии онро Раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дапр уҳда доранд.

Кумитаи ҳолатхои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ – аҳолӣ, объектҳои инфросохторӣ ва қитъаҳои пайдоиши офатҳои табииро ҳифз менамояд.   Кумитаи мазкур омодабошии аҳолиро ба офатҳои табиӣ таъмин намуда, ба фаъолияти системаи ягонаи давлатии омодабошӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои офатхои табиӣ ҷавобгар мебошад. Ҷузщзъи ҷустуҷӯӣ – наҷотдиҳӣ ва ихтиёриён ба ҳолатҳои бартарафсозии ҳодисаҳои фавқуллодаи садамаҳои нақлиётӣ заминӣ, ҳангоми заминҷунбӣ ва лағжиши ярч то ҳаддӣ наҷот додани одамон мусоидат менамоянд.

Кумитаи ҳолатхои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ бо Кумитаи хифзи муҳити зист ҳамкорӣ менамояд.

Агентии обуҳавошиносӣ маълумотҳои огоҳкунандаи пешгӯии пайдоиши ҳолатҳои хатарноки гидрометеорологиро  омода намуда, ба мақомоти давлатӣ ва аҳолӣ дастрас менамояд.

Вазорати рушди иқтисод ва савдо, гурӯҳӣ пешбурди мониторинг ва огоҳкуниро роҳбарӣ намуда,  дар маҷлисҳои гуруҳ маълумотҳоро дар бораи хатари эҷоднамуда ба иқтисодиёт, иҷтимоиёт, объектҳои табиӣ, инфосохтор таҳлил намуда, ҳисобот ва тавсияҳоро омода месозад.

Донишгоҳӣ геологӣ, сохтмонҳои ба зилзила тобовар ва зилзиласанҷии Академияи илмҳо, тавассути шабакаҳои муосири автоматикӣ мониторинги зилзиларо амалӣ менамояд.

Хадамоти геологӣ, просесҳои хатарноки геологии кандашавии ярч ва дигар просесҳоро меомӯзад.

Минтақабандии истифодабарии замин яке аз фашангҳои паст намудани хатар тавассути ноҳиякунонии сейсмикӣ ва истифодабарии замин бо назардошти факторҳоигеологӣ ба ҳисоб мераванд.

Қонунгузориҳо ташкилотҳоро вазифадор менамояд, ки нақшаи омодагӣро ҳангоми рух додани ҳолатҳои садамавии рахнашавӣ, кандашавӣ ё партовҳои моддаҳои токсикӣ таҳия намоянд.

Ҳамаи истгоҳҳои барқии обӣ дорои системаи огоҳкунонӣ барвақти буда, маълумотҳо тавассути он ба маркази идоракунии компанияи «Барқи Тоҷик» варид мешаванд.

Системаҳои калони      таҷҳизотҳои ирригатсионӣ низ, дорои маркази идоракунӣ буда, ҳангоми пайдоиши садамаҳо ба  мақомотҳои марказии ҳокимияти давлатӣ хабар медиҳанд.

Бонкҳои байналмилалии рушд, аз ҷумла Бонки рушди Осиё, Бонки Европогии рушд ва таҷдид, Бонки ҷаҳонӣ ва ташкилотҳои системаи СММ лоиҳаҳое, ки  ба  паст кардани хатари ҳолатҳои фавқуллода ва бартараф намудани оқибатҳои он  нигаронида шудаанд амалӣ менамоянд.

Барномаи олмонӣ оид ба ҳамкорӣ ба беҳтаргардонии ҳолати идоракунии замин ва сарватҳои обӣ, Барномаи Швейсарӣ ба масъалаҳои ҳолатҳои фавқуллода ва хоҷагии об машғул буда, барномаҳои  амрикоӣ бахоҷагиҳои кишоварзӣ ва бехатарии озуқаворӣ равона гардидааст.

Финландия якҷоя бо Саридораи геология ба баҳодиҳии хатарҳои геологӣ кӯмак расонидаанд.

Дар вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон ташкилотҳои Оғо-Хон, Итолиёвӣ, Франсузӣ ва ташкилоти ғайридавлатии Швейсарӣ якҷоя бо ташкилоти ғайридавлатии маҳаллӣ дар маҳалҳо кӯмак расонида, харитаи хатари ҳолатҳои фавқуллодаро омода намуда истодаанд.

Аз тарафи аҳолӣ истифодабарии сарватҳои табиӣ ва рушди иқтисод

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Обшораи афсонавии Сари хосор, Тоҷикистони марказӣ

Соҳаи сайёҳии Тоҷикистон хеле тааҷубовар ва диданист. Кишвар дар маркази минтақаи маданияти воло ва халқи дорои ҳунарҳои мардумии қадима, меҳмоннавозии самимӣ ва табиати бою хушманзараи ҳаяҷоновари хеле диданибоб вақеъ гардидааст. 

Мавҷудияти марказҳои таърихии Панҷакент, Хуҷанд, Қурғонтеппа (Бохтар), Истаравшан ва Кӯлоб, инчунин муҷассамаҳои архитекторӣ, ки таърихи бисёрасраро доранд, шарафи Точикистон мебошанд. Дар ин ҷойҳо ва дигар минтақаҳои таърихӣ, ҳунармандони мардумии дорои ҳунарҳои волои  анъанавии диданибоби куҳани тайёр кардани пилла, заргарӣ, тайёр намудани олтҳои сард, кулолгарон зиндаги мекунанд. Дар Помир боқимонондаҳои ҳунарҳои сангтароши дар тахтасангҳои кӯҳҳо, ки таърихи бисёрасраро дорад, то ҳол маҳфузаст. Дар гӯшаҳои гуногуни кишвар боҷимондаҳои қадимаи акси изи пойи динозавр ва набототу ҳайвоноти ба санг табдидгардида мавҷуданд.

Ҳавзи куҳӣ ва ҷангалзори арчаи Куҳистон

Тоҷикистон – ин ватани пиряхҳои калонтарин, дарёҳои куҳии тоза, кулҳои куҳии зеботарин ва набототи нодир мебошад.

Тоҷикистон барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳии табиӣ диққати махсус медиҳад, аз ин лиҳоз соли 2018 ба соли сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардуми бахшида шудааст.

Дар кишвар Консепсияи рушди сайёҳӣ барои солҳои 2009- 2019 амал менамояд, ки дар он самтҳои муҳим – ба монанди санаторию курортӣ ва истироҳатӣ,  куҳнавардӣ, варзиши куҳӣ, сайёҳии экологӣ ва таърихӣ, варзиши лижаронии куҳӣ ва шикори байналмилалии ғаниматӣ муайян гардидаанд.

Сайри куҳ бо қутос дар Помир

Дар Помир яке аз равандҳои муҳимтарини соҳаи сайёҳӣ – сайёҳии экологӣ, инчунин воридшавӣ ба парки миллии Тоҷикистон ба шумор мераванд. Помири Тоҷикистон дар солҳои 2016-2018 бо назардошти моҳият ва  критерияҳои устувории экологӣ дар қатори 100 минтақаҳои сайёҳии воридшавии сайёҳон шомил карда шуда, ба намоишгоҳҳои (ярмаркаҳои) ҷаҳонӣ пешниҳод гардидааст.

Барои баромадан ба қуллаҳои Помир, аз ҷумла қуллаи аз ҳама баландтарин – қулаи И.Сомонӣ (7495 м) сайёҳони тамоми ҷаҳон майл доранд. Кулҳои зиёди зебоӣ қаторкуҳҳои Фон (Ҳиссор ва Зарафшон), бо ҷангалҳои арчазор ва иқлими форами баландкуҳиаш, барои сайёҳони куҳӣ, нуфузи зиёд дорад. Дар ин минтақа, дар баландии зиёда аз 2000 метр кули Искадаркул, ки бо номи Александри Македонӣ гузошта шудааст воқеъ гадидааст (ва дар ин бобат ривоятҳои зиёд маҷуданд).

Ҷурабҳои анаънавии Помирӣ( Ҷурабҳо)

 

Ҷамъоварии хушкмеваҳои тозаи экологӣ ва чормағз

 

Зарфҳои анаънавии сафолӣ

 

Бозичаҳои анаънавии ва тутикҳо “аҷба”

 

Асбобҳои мусиқии аз намудҳои дарахтҳои таҳҷоӣ сохта шудаанд

 

Кандакориҳо дар чуб ва қисматҳои ороишии меъморӣ

Аҳолии маҳаллӣ, дар ҳаёту фаъолияти худ, маданият ва ҳунару анъанаҳои миллиро нигоҳ медоранд. Маҳсулотҳои тайёрнамудаи онҳо нафақат дар байни аҳолии таҳҷоӣ барки дар байни сайёҳон маъмул мебошанд. Ҳунарҳои мардумии  нахшдузӣ ва қуроғдузӣ тарафи занон анҷом дода мешаванд ва онҳо коллективона меҳнат намуда, ҳамзамон масъалаҳои муҳимро муҳокима менамоянд.

Нуқтаҳои аҳолинишин ва хоҷагиҳои шаҳр

Дар таи 10 соли охир аҳолии Тоҷикистон 25 фоиз афзудааст. Дар ҳамин давра фонди манзилӣ ба 50 фоиз афзоиш дода шудааст. Афзоиши фонди манзилии деҳот 75 фоиз ва шаҳр  21 фоизро ташкил мекунад. Новобаста аз суръати баланди сохтмони манзилҳои истиқоматӣ, ҳисоби миёнаи манзил ба сари як одам нисбати меъёри муқарраргардида кам буда, 11 метри квадратиро ташкил мекунад. Аз тарафи дигар, вобаста ба афзоиши аҳолӣ ва талабот ба манзили истиқоматӣ, манбаи молиявии сохтмони манзилҳо ба маблағҳои аз тарафи муҳоҷирони меҳнатӣ ирсол гардида ва маҳорати сохтмонии андухтаи онҳо иботар мебошанд.

Ба ҳолати имрӯза масоҳати маҳаллаҳо аҳолинишин 155 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Дар давраи солҳои 1990 то 2012 масоҳати маҳаллаҳо аҳолинишин 100 ҳазор гектар диёд гардид. Тибқи пешгӯиҳо таъминоти аҳолӣ бо манзили истиқоматӣ дар соли 2030 ба як нафар ба 17 метри квадратӣ расида, масоҳати фонди манзилӣ 188 миллион километри квадратиро ташкил мекунад. Яъне нисбати соли 2015 ду баробар зиёд мегардад.

Бунёди маҳалаи нав дар атрофи ш.Душанбе

Дар нақшаи генералии такмилдодашудаи шаҳри Душанбе пешбини гардидааст, ки дар соли 2030 масоҳати шаҳр то 36 ҳазор гектар васеъ карда мешавад, ки нисбати соли 2010,  12 ҳазор гектар ё худ 3 баробар зиёд мебошад.

Афзоиши шумораи манзилҳои истиқоматӣ ва масоҳати минтақаҳои аҳолинишин ба камшавии масоҳати заминҳои назди куҳӣ (бе гирифтани замин аз гардиши кишоварзӣ) ва заифгардии корҳои муҳандисиро ба миён меорад.

Дар манзилҳои истиқоатии хусусӣ (оилавӣ) 87 фоизи аҳолии Тоҷикистон зиндагӣ мекунад, аз ҷумла  54 фоизи аҳолии шаҳр ва 99 фоизи аҳолии деҳот.

Дар Тоҷикистон қариб 1 миллион хонаҳои хусусӣ ва 10 ҳазор хонаҳои бисёрҳуҷрагӣ мавҷуд аст. То 80 фоизи хонаҳои хусусӣ аз хишт сохта шудаанд. 50 фоизи хонаҳои бисёрҳуҷрагӣ асосан аз хишт ва 40 фоизашон аз бетон сохта шудаанд. Ҳамаи хонаҳои истиқоматии шаҳрҳо ва қариб ҳамаи хонаҳои истиқоматии деҳот бо барқ таъмин гардидаанд.

Пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе яке аз сераҳолитарин шаҳри кишвар ба ҳисоб рафта, аҳолии он бештар аз 800 ҳазор нафарро таштил мекунад. Дар се шаҳри калон ва қадимаи  кишвар Хуҷанд 173 ҳазор аҳолӣ Бохтар (Қурғонтеппа) 100 ҳазор ва Кӯлоб 100 ҳазор нафар аҳолӣ зиндаги мекунанд.

Аксарияти хонаҳои бисёрҳуҷрагии (95 фоиз)  шаҳрҳои зикргардида ва дигар шаҳрҳо умри 25 сола ва бештар аз инро доранд. Дар хонаҳои бисёрҳуҷрагӣ солҳои тӯлонӣ таъмир ва хизматрасонии зарурии техникӣ  гузаронида намешавад. Дар шаҳри Душанбе 95 фоизи иморатҳои истиқоматӣ ба стандартҳои гарминигоҳдорӣ ҷавобгӯй нестанд. Аҳолӣ қариб ҳама вақт барои гарм кардани хона деворҳои хонаро тавассути қолин ва тирезаҳоро бо маҳсулоти полиэтиленӣ маҳкам менамоянд.  Хонаҳои бисёрҳуҷрагӣ бошад ба воситаи материалҳои сохтмонии гарминигоҳдоранда сохта мешаванд. Барои гарм кардани хонаҳои хусусӣ ва васли печҳои гармидиҳанда, гирифтани кредит аз тарафи аҳолӣ  бештар маъмул гардида истодааст.

Дар ҷойҳои зисти  аҳолӣ,  ки  саноату нақлиёти шаҳрӣ фаъолият доранд,  аз як тараф ба ҳолати экологӣ ва аз тарафи дигар таъсири партовҳо, садо ва партовҳо ба муҳити зист ва худи одамон    таъсири манфӣ мерасонад.

Тоҷикистон яке аз давлатҳои урбанизатсияшудаи Осиёи Марказӣ мебошад, ки 27 фоизи аҳолии он дар шаҳрҳо истиқомат доранд.

Ба шаҳрҳое, ки  ифлосшавии ҳавои атмосфериаш зиёддтар аст, шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар (Қурғонтеппа)  шомиланд. Барои коҳиш додани  таъсири садо ва  партов мавқеи муайяни ҳалкунандаро кабудизорҳо (дарахтон, буттаҳо майсазорҳо гулгаштҳо) мебозад. Бо ташабуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҳар сол дар кишвар маъракаи кабудизоркунӣ ва тоза кардани партовҳо гузаронида мешаванд. Дар шаҳрҳо майдончаҳои кабудизор ва гулгаштҳо ташкил карда шудаанд. Сохтмони хонаҳои истиқоматии шахсӣ дар деҳот асосан  бо қувваи шаҳрвандон анҷом дода мешаванд ва ин амал ба ҳукми анъана даромадааст. Лекин  хонаҳои  мазкур сифати баланд надоранд. Бинобар сабаби паст будани сатҳӣ маълумотнокии одамон оид басохтмон ва савҷуд набудани лоиҳаҳои типии сохтмонӣ, дар деҳот меъёр ва стандартҳо дар самти тобоварӣ ба зилзила ва гарминигоҳдорӣ кам риоя карда мешавад. Ба обтаъминкунии бисёр шаҳрҳо, аз ҷумла Ваҳдат, Ҳисор,  Истаравшан, Конибодом, Кулоб, Бохтар, Турсунзода, Хуҷанд, Шаҳритуз ва Шаҳринав пурра аз сачашмаҳои обҳои зеризаминӣ вобастагӣ дорад. Дар маҷмуъ то 90 фози обҳои барои эҳтиёҷоти аҳолӣ лозима аз сачашмаҳои обҳои зеризаминӣ гирифта мешаванд. Тавассути системаи ба обтаъминкунии марказӣ 80 фози аҳолии шаҳрҳо ва 10 фоизи аҳолии деҳот ба об таъмин магарданд. Ҳаҷми оби мавҷуда бо ин мақсад 350-400 миллион метрии кубиро ташкил медиҳад ва то обистифодабарандагон 200 миллион метрии кубӣ дастрас мегардад ва нобудшавию сарфи ба ҳисоб гирифта нашудаи об, зиёда аз 40 фоизро ташкил медиҳад. Истифодаи об барои эҳтиёҷоти маишӣ ба сари аҳолӣдар як сол то 23 метри кубӣ кам гардид,  дар соли  2015 бошад нисбати 2009 12 метри кубӣ кам гардид. Дарозии хати таъмини обӣ нӯшокӣ зиёда аз 3 ҳазор километррро ташкил мекунад, аммо қисмати ками он дар ҳоли фарсудагӣ қарор доранд. Қисмати зиёди хатҳои таъминоти оби нӯшокӣ, ки қаблан ба колхозҳо  муттаалиқ буд фаъолият намекунанд, вале дар як қатор ноҳияҳо (Вахш, Қабодиён, Ваҳдат) аҳолӣ ин системаҳои обёриро нигоҳ дошта, истифода мебаранд.

Қариб нисфи аҳолии шаҳрҳо аз системаи канализатсионӣ истифода мебаранд. Дар деҳот бошад аҳолӣ аз ҳоҷатхонаҳои таҷҳизонида нашуда-тариқи кандани чуқуриҳо васеъ истифода мебаранд, ки ба ҳолати хоку об таъсири номатлуб мерасонад.

Дарозии хати системаи канализасионӣ 1,3 километрро ташкил мекунад, вале ба таъмиру нигоҳдории он диққати зарурӣ зоҳир намегардад. Дар шаҳрҳои калон обҳо аз системаи тазакунӣ мегузаранд, дар шаҳрҳои хурд ва деҳот системаи тозакунии об мавҷуд нест. Яке аз масъалаҳои дигари ҳалталаби экологии нуқтаҳои аҳолинишин аз сӯзонидани ва худоташгирии партовҳо, инчунин сӯзонидани партовҳои сахти маишии партовгоҳҳо ва натаҷҳизонидани системаҳои ҳимоявии обҳои зеризаминӣ иборат мебошанд.

Дар аксарияти ҷойҳо хизматрасониии канализатсионӣ ва обтаъминкунӣ ва кашонидани партовҳо аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» анҷом дода мешавад.  Дар шаҳрҳои Душанбе, Роғун, Норак ва Хуҷанд хизматрасонии канализатсионӣ, обтаъминкунӣ ва кашонидани партовҳо аз тарафи муассисаҳои махсусгардонидашудаи мақомоти маҳаллӣ анҷом дода мешаванд.

Дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Хуҷанд ва Исфара бо дастгирии Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд лоиҳаи такмилдиҳии сандуқҳо барои ҷамъоварии мавақатии    партовҳои маишӣ ва системаи партовкашонӣ ва беҳтар гардонии системаи муомилот бо партовҳо амалӣ мегардад. Лоиҳаи ба ин монанд ҷиҳати ҷамъоварӣ ва ҷойгиронии партовҳо дар шаҳрҳои Норак, Хоруғ ва дигар шаҳрҳо ба нақша гирифта шудааст. Дар деҳот нисбати шаҳрҳо партовҳои истеъмолӣ камтар пайдо мешаванд ва қисми муайяни онҳо ба сифати сӯзишворӣ ва дар хоҷогии ёрирасон истифода карда мешаванд. 

Қисми зиёди ташкилотҳои саноатӣ ва тиҷоратӣ ба истифодаи лампаҳои каммасраф гузаштаанд. Ҷамъоварӣ ва безараргардогнии ин лампаҳоро бояд сохторҳои корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» анҷом диҳад аммо таҷҳизоти амалкунанда барои коркарди онҳо партовҳои электронӣ мавҷуд нестанд. Андозаи пасти хизматрасонӣ Хоҷагии манзилию коммуналиро барои гирифтани субсидия маҷбур ва ҷалби маблағи ночизи инвеститсиони оварда мерасонад. Пардохти ночизи ҳаққи хизматрасонӣ, хароҷотҳои корхонаро намепӯшонад ва он ба паст шудани сифати хизматрасонӣ ва заифшавии корхона оварда мерасонад. Ҳукумат барои зина ба зина баланд бардоштани ҳақи пардохти истифодаи қувваи барқ ва ҷамъоварии партовҳо қарор қабул намудааст. Ҳамзамон амали барномаи расонидани кумаки иҷтимоӣ  дар самти муайян дар 25-30 шаҳрҳои кишвар оғоз мегардад.

Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳия, тасдиқкунӣ ва ҷорӣ намудани меъёру реҷаи сохтмонӣ аз ҷумла, дар самти сераҳамиятии гарминигоҳдории манзилҳои истиқоматӣ ва иморатҳои ҷамъиятӣ масъул мебошад.

Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»- барои ба истифода додани  хонаҳои коммуналӣ масъул мебошад. Дар доираи лоиҳаҳое, ки аз тарафи ташкилотҳои байналмилалӣ маблағгузорӣ карда мешаванд дар шаҳрҳо ва қишлоқҳо ҷиҳати барқароркунии системаҳои таъминот бо об,  канализатсия ва идоракунии партовҳои сахти маишӣ корҳои зарурӣ бурдашуда истодааст.

Лоиҳаҳое, ки аз тарафи Бонки Аврупоии тҷдидид ва рушд, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Аврупоии рушд  ва агентии Ҷопонӣ  дар самти барқароркунии системаи обёрикунии шаҳрҳо, идоракунии партовҳои сахти маишӣ ва паст кардани талафоти энергия ва  гармӣ амалӣ мегарданд.

Хоҷагии кишоварзӣ

Дар асоси Кодекси Замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи замин моликияти давлатӣ мебошад. Хангоми гирифтани замин ташкилотҳо ва шахсони воқеӣ тибқи тартиботи муқаррарнамудаи давлатӣ, баъди ба расмиятдарорӣ истифодабарандагони доимии замин гардиданд. Дар соли 2017, 100 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ тасис ёфт ва 80 фоизи заминҳои киштро дар ихтиёр доштанд.  Заминҳои таъиноти кишоварзии Тоҷикистон бо назардошти заминҳои кишт, чарогоҳ ва боғотқариб 3,6 миллион гектарро ташкил ишғол менамояд. Ҳар сол масоҳати боғ ва ангурзор 3-5 гектар меафзояд. Хоҷагии кишоварзӣяке аз самтҳои асосии иқтисодиёти кишварро ташкил дода, ба он қариб миллион нафар машғул аст. Масоҳати заминҳои шудгор 650 ҳазор гектарро ташкил мекунад ва аз  460 ҳазор гектараш заминҳои обӣ мебошанд. Бинобар сабаби таназулёбӣ, набудани об ва тухми самарабахш истифода намегарданд. Маҳсулоти асосии кишоварзӣ _ пахта, гандум, ҷуворимакка, картошка сабзавот ва ангурпарварӣ мебошанд. Масоҳати замини барои пахта ҷудогардида, аз ҳисоби майдони заминҳои барои маҳсулоти ғизои ҷудогардида, нисбати давраи иттиҳоди шуравӣ ду баробар ё 300 ҳазор гектар кам гардид. Хоҷагиҳои деҳқонӣ пахта низ кишт мекунад, вале кишгардонроанҷам намедиҳанд, ки боиси таназул ёфтани замин мегардад.

Пахта асоситарин маҳсулоти кишоварзии содиротии кишвар мебошад. Маҳсулоти дигари кишоварзии  содиротии кишвар маҳсулоти тозаи экологии меваҷот, аз ҷумла меваю сабзавот бинобар сабаби мавҷудияти монеаҳои гумрукӣ ва савдо душворӣ  эҷод менамояд.

Майдони пахта, Тоҷикистони ҷанубӣ

Хоҷагии кишоварзӣ 80 фоизи обҳое, ки барои обёрӣ ҷудо гардидаанд истифода мебаранд. Ҳисоби миёнаи солонаи об барои соҳаи кишоварзӣ 6,7-7 километри кубиро ташкил медиҳад. Бинобар танқисии молиявӣ хизматрасонӣ ва таъмири системаи обёрии кишоварзӣ дар ҳолати бад қарор дорад, ки он ба афзоиши шӯршавии замин ва истифодаи нобаробарии дастрасии хоҷагиҳо  об мегардад.

Нуриҳои маъданӣ кам истифода бурда мешаванд ва дар як сол 50-60 ҳазор тонна (140-180киллограм дар як гектар) ташкил медиҳад.

Ахлоти чорво хушк карда шуда, ба сифати сӯзишворӣ истифода мегардад ва ҳамагӣ як қисми он (200 ҳазор тонн) ҳамчун нӯриҳои органикӣ истифода карда мешаванд. Истифодаи аз ҳад зиёди  химикатҳо ва пеститсидҳо дар давраи шуравӣ аз худ ташкилёбии партовгоҳҳо заҳрхимикатҳои зиёд ва ифлосшавии заминро боқӣ гузошт.

Чарондани ҳайвони калони шохдори дар алафчароҳои куҳӣ

Дар самти чорвопарварӣ асосан заминҳои чарогоҳҳои табиӣ истифода бурда мешаванд, масоҳати он 2,8 миллион гектарро такил медиҳад ва аз он 2 миллион гекташро чарогоҳҳои баландкӯҳӣ тобистона ташкил мекунад. Бинобар сабаби  аз ҳад дур будан ва вайрон будани купрукҳо қариб нисфи чарогоҳҳои тобистона истифода бурда намешаванд. Қисмати зиёди чарогоҳҳо ба таназул дучор гардидаанд. Чорвочаронии  бенизом ба тағйирёбии қабати сабзпӯшӣ замин ва нобудшавии растаниҳо оварда мерамонад. Чарогоҳи терескензори кӯҳҳои Помир сарчашмаи асосии хӯрокии чорвои хонагӣ ва ҳайвоноти ёбоӣ  ба шумор меравад, бинобар сабаби кандан ва ба сифати сӯзишворӣ истифода намудани аҳолӣ, дар ҳолати бад қарор дорад. Ин ҳолат боиси биёбоншавии чарогоҳ ва вайроншавии системаҳои экологии баланкӯҳӣ мегардад. Дар ноҳияҳои ҷангалдор, қисми заминҳои ҷангал ҳамчун чарогоҳ ба истифодаи дарозмӯҳлат додашудаанд, ки он ба сарватҳои ҷангал таъсири номатлуб мерасонанд. Дар тулии 10 соли охир шумораи ҳайвоноти хусусӣ 65 фоиз афзудааст, ки ин ба чарогоҳ сарбории зиёд эҷод  менамояд. Соҳаи чорвопарварӣ яке аз манбаҳои калони пайдоиши партовҳои гулхонагӣ мебошанд, чунки ҳангоми ҳазми хӯрок,  ҳайвонот гази метанро ихроҷ менамояд. Бинобар сабаби қиммат будани арзиши гӯшт дар Тоҷикистон, истеъмоли он ба сари аҳолӣ  дар байни давлатҳои Осиёи Марказӣ хеле кам мебошад.

Ҷамъоварӣ намудани бутаҳои терескен дар Помир

Хоҷагии қишлоқ ба тағйирёбии иқлим  ниёзманд аст, аз ҷумла хушксолӣ, боришоти зиёд, дарозмӯҳлати ҳарорати паст ва баланд. Хушксолии солҳои 2001-2002 сабаби паст гаштани ҳосилнокии дар аксарияти ноҳияҳо гардид. Камобии соли 2008  ва зиминтони хушки тӯлонӣ ба рушди комплексии обию -энергетикии кишвар ва нобудшавии ҳосил таназул эҷод намуд.

Қонун «Дар бораи хок» масъалаи талаботҳо оид ба  ҳифзи хок ва чораҳои нигоҳдории қабати ҳосилнокии онродар бар дорад. Қонун Дар бораи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодаи сарватҳои генетикии растаниҳои маданӣ (соли 2012) масъалаи нигоҳдорӣ ва истифодаи сарватҳои генетикии растаниҳои маданӣ ва растаниҳои ёбоиро танзим менамояд.

Боиси зикр аст, ки кӯҳҳои Тоҷикистон ватани  растаниҳои худрӯӣ бобоӣ, аз ҷумла писта, зардолу, нок, себ, бодом, анор ва гандум мебошад. Қонун дар бораи истеҳсол ва хоҷагидории биологӣ (соли 2013)  асосҳои пешбурди хоҷагии деҳоти органикӣ ва сертификатсияи маҳсулотро муқаррар менамояд. Қонун Дар бораи чарогоҳ (соли 2013), принсипҳои асосии истифодабарии чарогоҳро муайян менамояд.

Вазорати кишоварзӣ дар самти танзими истифодабарии сарватҳои табиӣ дар хоҷагии қишлоқ нақши муҳим мебозад. Дар назди вазорат маркази омӯзишии омӯзиш ва нигоҳдории сарватҳои генетикӣ амал менамояд. Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ барои идоракунии сарватҳои замин, ҳуқуқи истифодабарии замин ва сетификатсияи ҳуқуқи истифодабарии замин ҷавобгӯ буда, ҳамзамон назорати истифодабарии замин ва кадастри заминро анҷом медиҳад. Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба идоракунии системаҳои обёрю дренажӣ ва таъминоти об ҷавогӯй мебошад.

Ташкилотҳои байналмилалӣ лоиҳаҳоро дар самти рушди бозор, омӯзиши хоҷагиҳои деҳқонӣ ва чорабиниҳои машваратию консултативиро дар соҳаи пешбкрди хоҷагии кишоварзӣ татбиқ менамоянд. Лоиҳае, ки аз соли 2010 дар доираи барномаи пилотии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии амалӣ мегардад, дар худ масъалаи чорабиниҳоро дар самти хоҷагиҳои кишоварзӣ ва истифодабарии заминро таҷассум менамояд. Барнома барои ҷорӣ намудани коркарди хок тавассути шудгор накардани замин, кам кардани сарборӣ ба чарогоҳ ва ба ин васила ба замин надодани сарбории изофавӣ ва дигар чорабиниҳое, ки ба баландбардории иқтидори мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ровона гардидаанд мусоидат менамояд.

Иқдоми давлатҳои Осиёи Марказӣ ҷиҳати идоракунии сарвати замин:- ба барқароркунии замин ва чарогоҳ,  диверсификатсияи мадании хоҷагии кишоварзӣ, ва истифодаи технологияи пешқадам равона гардидааст. Зарурияти минбаъда намоишдиҳӣ ва методу усулҳои идоракунии устуворӣ сарватҳои обу  замин мебояд.

Истифодабарии устувори чарогоҳро, тавассути таҳия ва амалӣ намудани Нақшаи идоракунӣ  чарогоҳ, ивазкунии чарогоҳ ва ҷорӣ намудани механизмҳои иқтисодии мувофиқ таъмин кардан мумкин мешавад. Бинобар сабаби тағйирёбии иқлим  зарур мешавад, ки барои коҳиш додани хатар ба хоҷагии кишоварзӣ, чораҳои зарурӣ ва лоиҳаҳоро оид ба  ҷорӣ намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии органикӣ амалӣ намоем.

Энергетика

Гидроэнергетика манбаи асосии энергия барои аҳолӣ ва иқтисодиёти кишвар мебошад. Дар давраи солҳои 2015 – 2017 неругоҳҳои барқии обӣ (НОБ) 95 фоизи ҳамаи истеҳсоли электроэнергияро таъмин намуд. Маълумотҳо оид ба истифодабарии энергия мукаммал нестанд (чаро, ки энергиябаланс бурда намешавад), вале аз рӯи баҳои додашуда, 50 фоизи истифодабарии энергияи кишвар ба неругоҳҳои барқии обӣ рост меояд. Истифодабарии манбаҳои дигари алтернативӣ ночиз мебошанд. Дастгоҳҳои истифодабарии энергияи офтоб, бод ва гази биологӣ кам мебошанд, асосан ин мабаҳоро аҳолии ноҳияҳои дурдаст ва қисман объектҳои иҷтимоӣ ба монанди мактабу беморхона истифода мебаранд.

       Иқтидори асосии гидроэнергетикии кишвар ба ҳавзаи дарёҳои Вахш ва Панҷ рост меоянд. Барои ҳалли камчинии энергияи барқӣ ва таъминоти босубони он истгоҳҳои барқии аловӣ ва пурқудраттарин НОБ- неругоҳҳои барқии обии Роғун сохта мешаванд ва барои баландбардории иқтидори моҳияти энергетикӣ чорабиниҳо амалӣ мегарданд.

      Дар Тоҷикистон 10 НОБ-ҳои калон ва то 200 НОБ-ҳои хурд ва микро НОБ-ҳо бо тавоноии умумии 5 070 МВт, инчунин 2 Неругоҳи Барқии Аловӣ (НБА)  бо иқтидори 318 МВт. Менамоянд. Азимтарин НОБ-и Тоҷикистон бо иқтидори 3 000 МВт НОБ-и  Норак мебошад, ки дар як сол 11 миллиард киловатт соат неруи барқ истеҳсол мекунад. НОБ-и  Норак асоси системаи энергетики  Тоҷикистон мебошад. Баландии  сарбанди (платинаи)   НОБ-и  Норак 300 метр буда, сарбанди рехтаи (сангу шағали табиӣ) баландтарини ҷаҳон мебошад.

    Дар соли 2015 ҳаҷми умумии истеҳсоли электроэнергия 17 миллиард киловатт-соатро ташкил намуд. Бинобар сабаби мавҷуд набудани хатҳои барқии фуруши барқ,  барқи зиёдатии дар тобистон истеҳсолшавандаро фурухтан душвор мегардад. Дар солҳои охир имконоти фуруши барқи тоҷик ба Афғонистону Қирғизистон ба вуҷуд омад. Тибқи дурнамо хати мубодилаи барқӣ бо Узбекистон барқарор ва додани барқ бо хати барқии  CASA-1000 ба Покистон амалӣ карда мешавад.  Барои аз байн бурдани камчинии энергияи барқӣ сохтмони НБА-и дар шаҳри Душанбе,  «Шӯроб» ва «Фон-Яғноб» сохта мешаван, ки иқтидори умумии системаи энергетикии барқии кишварро    ба 1000 МВт афзун менамояд.

Сохтумони НОБи Роғун дар д. Вахш

Этенгетикаи Тоҷикистон аз тағйрёбии иқлим вобастагии дорад, барои он, ки энергияи барқи асосан дар НОБ-ҳо истеҳсол мегарданд. НОБ-ҳои барқи дар ҳавзаи дарёҳое, ки аз пиряхҳо ва барф сарашма мегиранд сохта шудаанд ва устувории онҳо аз миқдори оби ҳамин дарё вобастааст. Аксарияти  НОБ-ҳои хурд дар ноҳияҳои кӯҳӣ  бинобар сабаби яхбандии дарёҳо фаъолият намекунанд ва ҷорӣ намудани технологияи навро ба миён меорад. Бисёр моделҳои ӣқлимӣ пешгӯӣ менамоянд, ки обшавии пиряхҳо миқдори оби мавсимиро тағийр медиҳад, инунин хатари обхезӣ, ҷоришавии босуръат ва такшонии лойқа ба истеҳсоли энергия таъсир мерасонад,  ҷамъшавии давомноки такшонии лойқа дар обанбори НОБ-и Норак боиси кам гардидани ҳаҷм ва иқтидори истеҳсоли қувваи барқ мегарданд. Боришоти аз ҳад зиёд, сел ва кандашавии кӯҳпораҳо ба системаи таъминоти барқ хатар эҷод менамоянд.

Такминдиҳӣ ва азнавсозии инфрасохтори НОБ-ҳо вазифаҳои калидӣ дар солҳои наздик ба шумор меравад.  Бонки Аврупоии рушд ва таҷдид бо назардошти тағйирёбии иқлим, бо истифода аз грант ва кредити Фонди иқлимии сабз, аллакай тадбиқи лоиҳаи таҷдиди неругоҳи НОБ-и қайроқумро (дар Тоҷикистони шимолӣ) оғоз намуд.

Дар ҳолати кунунӣ сохтмони НОБ-и Роғун бо иқтидори 3 600 МВтбо суръат давом дорад. Дар тули солҳои 2011-2014 Бонки ҷаҳонӣ гузаронидани баҳои иқтисодии сохтмон ва таъсири экологию иҷтимоии лоиҳаи сохтмони НОБ-Роғунро ҷонибдорӣ намуд.  Гузарогидани тадқиқот барои қабули қарори минбаъда замина гузошт ва рушди гуфтушунидҳо байни табақаҳои гуногун, давлатҳои ҳавзаи дарёҳо бо иштироки шахсони мансабдор ва дипломатҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ ташкилотҳо ҷамъиятии шаҳрвандӣ доир гардиданд. Тибқи қарордод, сотмон ва ба истифодадиҳии  НОБ-и Роғун дар асоси меъёр ва  принсипҳои бехатарӣ барои тарафҳои таваҷӯҳ дошта муҳим ва фоидаовар мебошад.

Меъёри пасти қувваи барқ хароҷотҳои истеҳсоли барқ ва хизматрасонии инфросохториро пӯшонида наметавонад. Давлат истифодаи барқро барои истифодаи хонаводагӣ  пардохт менамояд.

Тақрибан нисфи аҳолии кишвар барои эҳтиёҷоти оила ба сифоти сӯзишворӣ ҳезумро истифода мебаранд. Миқдори зиёди ниҳолҳо барои ҳезум дар маҳалҳо парвариш карда мешаванд, вале буриши ҷангал холо ҳам ба назар мерасад махсусан ғайриқонунӣ  Буриши ҷангалҳои куҳсор аз сабаби кам будани қувваи барқ дар  солҳои қаблӣ  ба ҳолати олами наботот ва ҳайвонот таъсири номатлуб мерасонида, ба таназулёбии  замин вусъат мебахшад.          Хонаҳои иистиқоматии деҳот иқтидори пасти нигоҳдории энегияи гармиро доро буда қисми зиёди гармӣ нобуд мегарданд. Таи 20 соли охир  ғунҷоишии энергитикӣ ММД дар соҳаи хизматрасонӣ 30% кам гардида,  дар саноат ва ирригатсия дар ин боб тағйироти назаррас  мушоҳида нагардид. Таи 10 соли охир афзоиши истифодаи энергия дар нақлиёт мушоҳида мегардад сабабаш, ки сабаби асосиаш дар зиёд шудани нақлиёт ва куҳна будани қисми зиёди воситаҳои нақлиётӣ мебошад, ки сӯзишвориро аз меъёр зиёд истифода мебаранд.

Тоҷикистон захираи калони ангиштро доро мебошад (дар се мабаъ Зиддӣ, Шӯроб ва Фон – Яғноб бо иқтидори 500 миллион тонна), онҳо дар ноҳияҳои дурдасти кишвар қаро доранд. Дар ҳоли ҳозир қариб 1-2 миллион тонна истеҳсол мегардад. То соли 2030  истеҳсоли ангишт барои таъминоти соҳаҳои  саноат, НБА ва аҳолӣ то 7-15 миллион тонна мерасад.

Дар Тоҷикистон манбаъҳои  истихроҷи газу нафт хеле зиёданд, вале саноати газунафт суст тарақи ёфта, кишвар ба харидории маҳсулоти нафтӣ ва гази беруна ниёз дорад.  Гази моеъ ва маҳсулоти нафтӣ асосан аз  қазоқистон ва Россия дастрас мегарданд. Интиқоли газ тавассути трубопровод соли 2013 қатъ гардонида шудааст.  Аз соли 2017 сохтмони хати D- и газопроводи «Хитой- Осиёи Марказӣ» аз  Туркменистон   бо ҳудуди Узбекистон, Тоҷикистон ва Кирғизистон  оғоз гардид.   

Дар Тоҷикстон Қонунҳо Дар бораи « Сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия» (соли 2013 ) ва «Манбаҳои барқароршавандаи энергия» (соли 2010 ), амал менамояд, ки ба ҷорӣ намудани дастгоҳҳо  ва технологиҳои нав дар самти моҳияти энергия ва тавассути ҳавасмандгардонӣ ва фурушу истеҳсол намудан, васеъ намудани истифодабарии манбаҳои барқароршавандаи энергия.

Дар асоси Укази Президент сар карда аз соли 2009 гузаштан ба истифодаи лампоҳои  каммасраф вусъат ёфт. Барномаи мазкур барои амалигардонии Барномаи истифодаи манбаҳои барқароршавандаи энергия барои солҳои 2016-2020 нигаронида шуда, дар он ҷалби инвеститсияи хориҷӣ ва муҳайё намудани шароити мусоид барои маблағгузорӣ намудани сохтмонҳои НОБ-ҳои хурд ва сохтмони манбаҳои барқарошавандаи энергия дар ноҳияҳои мутобиқ таҷассум гардидааст.

Вазорати энергетика ва захираҳои обӣ, барои пешбурди сиёсат дар самти идоркунии сарватҳои обӣ  гироэтергетика ва дар маҷмуъ ба соҳаи энергетика ҷавобгар мебошад. Барои истеҳсол, интиқол, дастрас намудан ва тақсимоти қувваи барқ, компанияи давлатии «Барқи Тоҷик» машғул мебошад. Истеҳсол ва тақсимоти энергияи электрикӣ дар ВМКБ, «Компанияи энергетикии Помир», ки тибқи шартнома ба муҳлати 25 сол дода шудааст. НОБ-и Сангтуда– 2 (220 МВт дар ҷануби Тоҷикистон дар соли 2025 ба моликияти Тоҷикистон шомил мегардад.

Агентии омор нақшаи пешбурди таррози электрикиро таҳия намудааст, кадоме, ки таи 20 соли охир маълумотҳо дар ин самт нопурра буда, қабули қарор ва пешбурди ҳисоби газҳоии гулхонагӣ ва талабот ба сӯзишвориро халалдор менамуд.

Содироти энергияи электрикӣ яке аз факторҳои асоситарини рушди иқтисодӣ мебошад.  Лоиҳаи интиқоли энергияи электрикӣ ва фуруши он «Осиёи Марказӣ – Осиёи ҷанубӣ» (CASA-1000), бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ амали мегардад. Лоиҳаи мазкур,  сохтмони хати барқии байнидавлатҳои қирғизистону Тоҷикистон ва рушди фуруши барқро бо давлатҳои Осиёи ҷабнубӣ (Афғонистон  ва Покистон) амалӣ менамояд. Дар доираи лоиҳаи таҷдиди НОБ-и  Норак бехатарии сарбанд, такшоншавии лойқаи обанбори мазкур омӯхта шуда истодааст. Маблағгузории сохтмони НОБ-и Роғун  аз тарафи Хукумати кишвар пардохт гардида, дар ин самт  ҳамкорӣ бо дигар компанияҳои байналмилалӣ анҷом дода мешавад. Ташкилотҳои маблағгузории хурд  барои баланд бардоштани иқтидори нигоҳдории энергетикӣ ҷиҳати сохтмони печкаҳо, гакунандаҳои офтобӣ ва ҳимоя  намудани гармии хонаҳо қарз пениҳод менамояд.   Барои таъмини боэътимоди энергетикӣ дар шароити тағйирёбии иқлим бояд як қатор меэёрҳо дида баромада шаванд.

Саноат

Дар Тоҷикистон каданиҳои фоиданоки тилло, нуқра, сурб, симоб, уран, сангҳои қимматбаҳо ва дигар канданиҳо мавҷуданд. Яке аз конҳои калонтарини нуқра дар ҷаҳон (70 ҳазор тонна) Конимасури Калон дар шимоли кишвар мавҷуд мебошад, вале то ҳол он коркард нагардидааст ва аз дигар конҳо то 2 тонна нуқра  дар як сол истеҳсол карда мешавад. Солҳои қаблӣ дар кишвар  ҳар сол то 2 тонна тилло истеҳсол карда мешуд ва ҳоло бошад ин нишондод дба 5-6 тонна мерасад.  Аз ҳисоби ворид намудани техника ва технологияи нав ва коркарди конҳои нав, баъди 5 сол коркарди тилло мумкин аст 2 баробар афзун гардад.

Дар саноати коркарди металургияи куҳии кишвар , мавқеи муҳимро коркарди хокаи –хоку заминӣ (глинозем) барои алюминий (ба дигар давлатҳо содирот мегардад)   ишғол менамояд. Дар солҳои  2010-2017 ҳаҷми истеҳсоли алюминии компанияи Заводи алюминии Тоҷик (ТАЛКО)  дар як сол 125-250 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки қариб 30% то 50% маҳсулоти содиротии кишварро ташкил манамояд. Истеҳсоли алюминий қувваи зиёди барқро талаб менамояд ва ҳар сол 2,5–3 миллиард киловатт қувваи барқ сарф карда мешавад.

Корхонаи нави саноатӣ бо дастгирии Чиниҳо

Дар соли 2016-2017 барои паст кардани таъсир ба муҳити зист, кам кардани миқдори истифодаи   барқ ва паст намудани ҳаҷи энергияи гармӣ сехҳои электролизӣ азнавсозӣ гардиданд. Дар соли 2015-2017 инвеститсияи  ЗАТ (ТАЛКО) дар соҳаи ҳифзи муҳити зист 62 миллион сомониро ташкил дод. Ба нақша гирифти шудааст, ки дар солҳои наздик, дар ҳамкори бо Хитой тавоноии  истеҳсолии  ЗАТ дар як сол ба 500 ҳазор тонна расонида мешавад. Рушди дигар намудҳои саноат низ  асосан аз ҳисоби маблағҳо ва технологияи Хитой оварда мешаванд.  Дар соли 2017 дар назди шаҳрҳои Истоқлол ва Хиссор сохтмони минтақаи иқтисодии Хитою Тоҷикистон оғоз гардид.  Нақшаи сохтмони якҷояи истеҳсоли маводҳои сохтмонӣ ва химиявӣ мавҷуд аст.

Бинобар сабаби сохтмони босуръати НОБ-и Роғун ва манзилҳои истиқоматӣ талабот ба семент афзуда истодааст.  Дар солҳои 2000-2010 истеҳсоли солонаи семент 50-250 ҳазор тоннаро ташкил медод, вале дар соли 2015  бинобар сабаби ба истифода додани 2 заводи сементи дигар истеҳсоли  солона ба 1,4 миллион тонна семент расонида шуд. Дар ҳоли ҳозир шумораи заводҳои семент зиёд гардидаас ва Тоҷикистон метавонад, дар як сол  4 миллион тонна семент истеҳсол намояд, вале  талаботи дохилӣ ҳамагӣ 2 миллион тоннаро ташкил мекунад.

Ҳиссаи партовҳои газҳои гулхонагии  просесҳои саноатӣ то соли 2010 камтар аз 10 %- и ҳамаи партовҳоро ташкил намуд, ки асосан оҳо ба истеҳсоли метал ва семент хос буданд. Маълумоти боэътимод дар бораи  ҳаҷм ва истифодаи об дар муассисаҳои саноатӣ  мавҷуд нестанд. Маълумоти боэътимод дар бораи патовҳои саноатӣ мавҷуд нестанд, вале аз рӯӣ баҳои додашуда, миқдори он    ҳар сол аз 1 миллион тонна зиёд мебошад. Дар ҳолати кам мавҷуд будани маълумотҳои мониторинги экологӣ ва оморӣ, додани  баҳои комплексӣ ба таъсири объектҳои саноатӣ ба муҳити зист, душвор мегардад. Миқдори зиёди объектҳои саноатии фаъолияткунанда ва фаъолияташон қатъгардида, аз ҷумла пайдокунардагони партовҳои радиоактивӣ ва дигар партовҳои хатарнок дар вилояти Суғд вақеанд, вобаста ба ин масъалаҳои ҳалталаби экологӣ  дар ин самт хеле зиёд аст.           Вазорати саноат ва технологияҳои нав доир ба пешбурди сиёсат дар самти саноат ва иноватсия ҷавобгӯй мебошад.

Тоҷикистон ба ташабус оид ба таъмини шафофият дар соҳаи коркард,  ки ба паҳн намудани маълумотҳо оид ба фаъолияти саноати коркарди куҳӣ мусоидат менамояд шомил гардидааст.

Нақлиёт

Тоҷикистон роҳи ба баҳр баромаданро доро нест ва релефи куҳии  маҳал ба рушд ва истифодаи роҳи оҳан ва авиатсия маҳдудиятро ба миён меорад.  Каловиши зиёди ҳарорат ва миқдори боришот, таъсири селҳо, лоғжши куҳпораҳо ва афтиши сангҳо боси аз истифодабарои ва ба тези вайрон шудани инфросохтори роҳҳо мегардад. Аз рӯӣ дараҷаи рушди минтақавӣ ва байналмилалии  соҳаи нақлиётӣ, Тоҷикистон  яке аз давлатҳои дар изолятсия мондаи Осиёи Маркзи мебошад.  Масофаи миёнаи маҳсулотҳои асосии содиротии Тоҷикистон – алюминий ва пахта то истифодабаранда бештар аз 3 ҳазор километрро ташкил мекунад. Масрафи на клиётӣ аксарияти молу маҳсулоти садиротӣ ва воридотиро гарон мегардонад.  Аз тарафи  дигар вобаста  ба мавқеи географии вақеъшавӣ дар роҳи Абрешим, Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир метавонад пайраҳаи  пайвандгарӣ Осиё ва Африка гардад. Аз ин лиҳоз, кишвар дар ҷорабиниҳои вобаста ба рушди минтақавӣ ва байналмилалӣ пайраҳаи нақлиётӣ фаъолона ширкат меварзад. 

Васитаҳои нақлиётии роҳи аҳан, дар боркашони (алюминий, пахта, сӯзишворӣ) мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Нақлиёти ҳавоӣ асосан барои мусофиркашонии байналмилӣ ба масофаҳои дур- сосан ба Россия, Хитой, Туркия ва давлатҳои ҳамсоя истифода мегарданд.

Баста шудани роҳи куҳӣ дар натиҷаи бавуҷудоии ярч, Тоҷикистони марказӣ

Дарозии умумии роҳҳои автомобили истифодаи умум 14 ҳазор километр, бо иловаи 5ҳазор километри роҳҳои асфалтпӯш ташкил мекунад. Зичии хати воситаҳои нақлиётӣ 20 километр ба 100 километри квадратиро ташкил  мекунад, ки нисбати дигар давлатҳои мутарақии  релефашон ба релефи куҳии  кишвари мо монанд кам мебошад (ин нишондод дар Швейтсария ба 17 километр  ва дар Австрия 137 километр).    

    Дар 10 соли охир гардиши воситаҳои нақлиётӣ миқдоран  аз 220 ҳазор то 440 ҳазор  яъне  2 баробар зиёд гардид.   Ншондоди  дорандагони воситаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон нисбатан кам буда, ба 50 нафар як автомобил рост меояд. Умри миёнаи васитаҳои нақлиётии сабукрав тақрибан 15 солро ташкил мекунад. Партовҳои моддаҳои ифлоскунандаи воситаҳои нақлиётӣ ба муҳлати истифодабарӣ, намуди сӯзишворӣ ва ҳаҷми муҳаррик вобастааст.

Бошишгоҳи нави автомошинаҳои мусофиркаш ва автобусҳо

Бо мақсади такмил додани воситаҳои нақлиётии ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе 92 автобус ва 150 таксӣ      харидори гардиданд.  Барои таъмини бехатарии воситаҳои  нақлиётӣ ва паст намудани садо ва сарбории экологӣ, сохтмон ва аз навсозии роҳҳо ва роҳҳои   пайвангар корҳои зиёде ба субут расонида шудааст. Миқдор зиёди автомобилҳо аз сабаби арзон буданаш ба ситемаи ғизовии газии воситаҳои нақлиётӣ гузаштаанд.  Миқдори автомобилҳое, ки ба сӯзишвории газӣ гузаштаанд 30-40 %-ро ташкил мекунанд. Дар назди Вазорати корҳои дохилӣ милитсияи экологӣ  ташкил карда шудааст, ки аз болои патовиши газҳои нақлиётҳо назорат барда, маълумотномаи экологӣ мадиҳад.  Аз соли 2018  сар карда, барои вусъат бахшидан ба бехатарии нақлиётӣ ва кам кардани партовҳои нақлиётӣ,  барои  ба кишвар ворид намудани васитаҳои нақлиётии куҳна истеҳсоли соли 2005 маҳдудият муқаррар карда шудааст. Бинобар собаби афзудани шумораи автомобилҳо ва аҳолӣ партовҳои воситоҳои ақлиётӣ то соли 2030 ду баробар зиёд мешаванд. Такмилдиҳии парки васитаҳои нақлиётӣ ба кам истифода намудани сӯзишворӣва миқдори партовҳо мусоидан менамояд ва васеъ намудани истифодабарии васитаҳои нақлиётии истифодаи умум,ба бетаргардии ҳолати экологӣ  ва саломатию ҳаёти  аҳолӣ мусоилдат менамояд. Дар бозори ҷаҳонӣ  пайдо шудани  электромобилҳо ва автобусҳои электрикӣ арзон будани арзиши онҳо ва содда будани идоракунии онҳо бинобар сабаби паст будани арзиши қувваи барқ, дар Тоҷикистон имконияти хуби тараққи додани ин намуди воситаҳои нақлиётӣ мавҷуд аст. Дар Хитойи ҳамсоя барои тарақи додани ин соҳа иқтидорҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида, тибқи баҳо баъди 15-25 сол қисми муайяни автомобилҳои нав- автомобилҳои  барқи  мешаванд.

Дар Қонун «Дар бораи таъмини бехатарии нақлиёти автомобилӣ» (соли 2015)  ҷораҳои зерин пешбинӣ гардидаанд:

   ҷорӣ намудани класификатсияи васитаҳои нақлиётӣ аз рӯи партовҳо,

   – амалӣ намудани шароити техникӣ ба сӯзишворӣ  ва сифати он,

    – танзими патовҳои аккумляторҳо.

Мебояд ҳавасмандгардоние, ки ба такмилдиҳии парки автомобилӣ мусоидат намояд тавассути он қабули меъёрҳои партов, аз истифода соқид намудани  воситаҳои нақлиётии аз 15-20 сол зиёд истифода гардида, мусоидат менамояд ҷорӣ карда шаванд. Назорати сифати сӯзишвории симобдор.  Зарур меояд, ки танзими шароити кории  воситаҳои нақлиётии истифодаи умум, аз ҷумла тролейбус ва автобуси барқӣ ва танзими хатсайрҳо, фаъол гардонида шаванд.

Тадбирҳои ҳифзи муҳити зист

Стратегия, барномаҳо ва нақшаҳои амал дар самти рушди устувор ва муҳити зист

Стратегияи миллии рушд то соли 2030, ки соли 2016 қабул гардидааст 3 сенарияро баррасӣ менамояд:

    – инерсионӣ (давом додани модели аграрии рушд),

    – индустриалӣ ( амалигардонии лоиҳаҳои энергетикӣ ва инфросохторӣ),

    – индустралӣ-иноаватсионӣ.

     Дар Стратегияи рушд се қисм тадбиқ дида мешаванд:

  1. Рушди иқтидори институтсионалӣ (системаи рушди идоракунии давлатӣ ва рушди минтақаҳо),
  2. Рушди иқтидори инсонӣ (маълумот ва  илм, тандурустӣ,  ҳифзи иҷтимоӣ, маданият ихтисори нобаробарӣ),
  3. Рушди босифати иқтисодӣ (сохтори ҳақиқии иқтисодӣ, сектори молиявӣ, иқлими инвеститсионӣ).

Дар Тоҷикистон инҷунин стратегия қабул гардидааст, ки  масъалаҳои муҳими гуногуни муҳити зистро дар бар мегирад, аз ҷумла Стратегияи миллӣ ва нақшаи амал оид ба нигоҳдорӣ ва истифодаи самараноки гуногунии биологӣ (қарори Ҳукумати ҶТ соли 2003, №392). Барномаи давлатии рушди ҳудудҳои табиии махсус ҳифзшаванда (қарори Ҳукумати ҶТ соли 2005, №79, Барномаи беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо оби тозаи ошамиданӣ (қарори Ҳукумати ҶТ соли 2006, №514,  Консепсияи миллӣ оид ба беҳтаргардонии  партовҳои партовгоҳи коркарди уран (қарори Ҳукумати ҶТ соли 2014, №505), Нақшаи миллии оид ба коҳиш додани оқибатҳои тағйирёбии иқлим  (қарори Ҳукумати ҶТ соли 2003, №259), Барномаи давлатии омӯзиш ва нигоҳдории пиряхҳо (қарори Ҳукумати ҶТ соли 2010, №209), Барномаи давлатии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ то соли 2020 (қарори Ҳукумати ҶТ соли 2015, №178), Барномаи реформаи секторҳои обӣ (қарори Ҳукумати ҶТ соли 2015, №791) ва дигарҳо.        

Барномаҳои маҳаллии рушди иҷимоӣқтисодии ҳалли масъалаҳои экологиро дар сатҳи маҳалли дар бар мегиранд, аз ҷумла таъминот бо об, муомилот бо партовҳо ва кабудизоркунӣ, вале онҳа на ҳамеша ҳадафи асосиро ифода менамоянд ва ба нақшаҳои миллӣ ва стратегияҳо алоқаманди доранд.

Стратегия ва накшаҳое қабул гардидаанд, ки ба таъмини иҷрои уҳдадориҳои аниқи байналмиллӣ равона гардидаанд, мисол  Нақшаи милли оид ба иҷрои уҳдадориҳо нисбати конвенсияи Стокголмӣ оид ба ифлоскунандаҳои устуворӣ органики (қарори Ҳукумати ҶТ соли 2007, №502) ва Нақшаи миллӣ оид ба кам намудани истифодаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон  (қарори Ҳукумати ҶТ соли 2015, №643).

Мақомотҳои давлатӣ дар самти ҳифзи муҳити зист ва самтҳо вабаста ба ҳолати муҳити зист. Масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва истифодаи  сарватҳои табииро дар сатҳи олӣ Раёсати кишоварзӣ  ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ сарпарасти менамояд.

Барои  таҳия ва пешбурди сиёсати давлатии экологӣ дар соҳаи ҳифз ва истифодаи табиат, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомотҳои маҳаллии он (қариб ҳазор нафар кор мекунад) ҷавобгӯй мебошанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист  ба инҳо ҷавобгӯй мебошад:

      -назорати давлатии истифода сарватҳои табиӣ ва ҳифзи табиат,

     – таҳияи лоиҳаҳои қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба масъалаи ҳифзи муҳити зист, ҳамзамон лоиҳаҳои барномаҳо, стратегия ва нақшаҳои амали миллӣ оид ба ҳифзи муҳити зист, истифодаи самарабахши табиат ва амалигардонии он,

       -таҳия ва тасдиқ намудани меъёр ва қоидаҳо дар соҳои ҳифзи муҳити зист,

       – тартиб додани маълумотнома ва ҳисоботи миллӣ оид ба муҳити зист,

       – ташкил ва гузаронидани экспертизаи экологӣ,

       – ташки ва гузаронидани мониторинги экологӣ,

       – додани як миқдор намудҳоииҷозатнома  ва иҷозат,

       – муқаррар намудани меъёру квотаҳо баро истифодаи сарватҳои табиӣ,

        -муқаррар намудани меъёри пардохт барои ифлоскунии муҳити зист ва муомилот бо партавҳо,

        – тартиб додан ва ҷорӣ намудани реестри манбаҳои ифлоскунӣ ва моддаҳои ифлоскунанда,

        – идоракунии фонди экологӣ,

        – маълумот ва маърмфати экологӣ,

        ҳамкории байналмилалӣ дар самти ҳифзи муҳити зист.

Дар назди Агентии гидротетеорологии Кумита, Маркази гидрометеорологӣ, Маркази тағйирёбии иқлим ва қабати озон, Маркази яхшиносӣ, Шабакаи  истгоҳҳои метеорологӣ ва истгоҳҳои гидрологӣ ва мониторинги экологӣ амал менамоянд. Директори Агентии мазкур ҳамоҳангсозӣ Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим мебошад ва таваҷуҳи кишварро дар ташкилоти Умумиҷаҳонии метеоролигӣ пешниҳод менамояд.

Ба системаи ташкилотҳои ғайритиҷоратии Кумита Муассисаи лавлатии Маркази илмӣ  тадқиқотии ҳифзи манбаҳои обӣ, Маркази маълумотҳои экологӣ, Муассисаи давлатии   лабораторяи  илмӣ –- тадқиқотии ҳифзи табиат, Муассисаи давлатии Маркази миллии гуногунии биологӣ ва бехатарии биологӣ, Муассисаи Давлатии  Маркази миллии татбиқи конвенсия Стокголм оид ба ифлоскунанҳои устувори органикӣ, Маркази назорати таҳлилӣ ва дигарон шомиланд.

Милитсияи экологӣ зерсохтори Вазорати корҳои дохилӣ буда, ҳангоми гузаронидани рейдҳои бар зидии қонуншиканон санҷиши воситаҳои нақлиётӣ бо  нозирони ҳифзи муҳити зист ҳамкорӣ менамоянд.  Илова бар ин системаи ғизовии воситаҳои партовҳои моддаҳои ифлоскунандаи муҳити зист ва додани маълумотнома дар ин самт бо нозирони ҳифзи муҳити зист ҳамкорӣ менамоянд.

Вазорати рушди иқтисод ва савдо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиии пешбаранда буда, ба ҳамоҳангсозии сиёсат ва соҳаи иқтисодию      иҷтимоӣ  ва ҳамоҳангсозии  соҳаи стратегияи рушд ва рушди кишварро амалӣ менамояд. Вазорати энегетика ва сарватҳои обӣ, рушди  соҳаи обу энергетикаро ҳамоҳанг сохта, назорати объектҳои обӣ ва энергетикиро таъмин намуда, лоиҳаҳои байналмилалиро сарпарастӣ менамояд.

Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати ҶТ ба таъмиру аз навсозии таҷҳизотҳои ситемаи   обёрӣ ва ҳолати заминҳои обёришаванда  ҷавобгӯй буда, дар самти  дастгирии асотсиатсияҳои истифодабарандагони об мақоми ваколатдор мебошад.

Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати ҶТ барои пешбурди сиёсати давлатии соҳаи хоҷагии ҷангал, шикор, олами набототу ҳайвонот, ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва пебурди фаъолияти хоҷагидорӣ ҷавобгӯй мбошад.

Агентии омори назди Президенти кишвар ҳар сол маълумоти омории экологиро дар шакли маҷалаи  «Хифзи муҳити зист» нашр намуда, маълумотҳои омори экологиро дар соҳаи муҳити зист амалӣ менамоянд.

Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ  барои пебурди сиёсати давлатӣ дар соҳаи истифодабарии замин кадастори замин ва назорати истифода ва ҳифзи замин масъул мебошад.

Саридораи геологияи назди Ҳукумати ҶТ ҳамоҳангсозӣ омӯзиши ва пешбурди сиёсат дар самти  сарватҳоҳои заминӣ ва истифодаи сарватҳои маъданӣ мебошад.

Хадамоти  давлатии назорати бехатарӣ оид ба коҳои бехатарии дар саноат  ва назорати  коркарди куҳии назди Ҳукумати ҶТ, реестри объектҳои хатарноки истеҳсолӣ бурда назорати идоравиро дар ин самт анҷом медиҳад.

Ҳангоми таҳияи сиёсат дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодабарии сарватҳои табиӣ, Академияи илмҳо дастгирии илмиро таъмин менамояд.  Дар ҳайати  Академияи илмҳо Донишгоҳӣ  масъалаҳои обӣ ва энергетика, Донишгоҳӣ ботаника ва зоология-кадомеки татқиқоти марбутаро мегузаронанд, фаъолият менамоянд.

Дигар вазорату идораҳое, ки фаъолияташон ба рушди соҳаи муҳити зист ва ҳолатӣ сарватҳои табиӣ таъсир мерасонанд аз инҳо иборатанд: Вазорати саноат ва технологияи нав, Вазорати нақлиёт, Вазоратикишоварзӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.

Мақомоти иҷроияи ҳакимияти давлатии маҳаллӣ дар доираи саллоҳияти худ пебурди назоратро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист анҷом медиҳанд, ҳамзамон таҳия ва амалӣ гардонии  нақшаи амалро   дар сатҳи миллӣ оид ба ҳифзи муҳити зист анҷом медиҳанд. Масъалаи хизматрасонӣ вобаста ба ҷамъкунӣ ва кашонидани партов, идоракунии сарватҳои табиии моҳияти маҳаллӣ дошта ва қабули қарор дар самти истифодабарии замин ва сохтмон ба фаъолияти мақомотҳои болозикр шомил мебошад.

Роҳбарони мақомотҳои маҳаллиро, Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо пешниҳоди мақомоти маҳаллӣ таъин менамояд, ки итоатмандии дутарафаро доранд.

Механизмҳои ҳифзи муҳити зист ва коҳиш додани маҳдудияти таъсири манфӣ ба онҳо.

Иҷозат    барои партофтани моддаҳои ифлоскунанда бо ҳаво ва об. Ҷарима барои вайронкунии қонунгузории соҳаи ҳизи муҳити зист.

Корхонаҳои саноатие, ки дар онҳо муомилот бо партовҳои хатарноки моддаҳои химиявӣ анҷом дода мешаванд, бояд барои бехатарии саноат эъломия (деклоратсия) таҳия гардад, ки дар он баҳои хатари садамавӣ ва бартараф намудани оқибатҳои он ва пешгирии ҳолатҳои садамавӣ, тадбирҳо дарҷ гарданд.  Илова бар ин экспертизаи экологии лоиҳаҳо ва баҳои таъсири он ба муҳити зист гузаронида мешаванд.

Тамоми объектҳои саноатии Тоҷикистон вазифадоранд, ки ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳадди имконпазири партовҳои моддҳои ифлоскунандаро ба атмосфера, ҳадди имконпазири партовҳои моддҳои ифлоскунанда ба объектҳои обӣ  ва меъёри ҳосилшавии партовҳоро таҳия намоянд.

Пардохт барои партофтани моддаҳои ифлоскунанда ба ҳаво, манбаҳои обӣ ва ҷойгиронии партовҳо паст мебошад. Пардохт барои ифлоскунӣ дар соли 2014 11 миллион сомониро ташкил дод, ки аксарияти он ба партовҳои истеҳсолӣ ва истелмолӣ рост меояд.

Мақомотҳои давлатӣ миқдори зиёди ҷаримаро меситонанд, вале андозаи он низ паст мебошад. Дар соли 2014 ҳисоби миёнаи ҷаримаи экологӣ 120 сомониро ташкил намуд.  Боиси зикр аст, ки меъёри ҷарима барои муомилот бо партовҳои токсикӣ ва мавадҳои радиоактивӣ нисбати қонунвайронкунии соҳаи ҷангал ва манбаъҳои обӣ кам мебошад. Ҳоло он, ки партовҳои моддаҳои радиоактивии хатарнок ба мкҳити зист ва саломатии аҳоли таъсири зиёд дошта, анҷомдиҳӣ ва амаликунонии тадбирҳои қатъиро дорад. Маблағҳои аз ҳисоби ҷарима ситонидашуда, барои маблағгузории бартараф намудани зарари расонидашудаи экологӣ, сарф кардани он мумкин нест. Дар мақомотҳои минтақавӣ ва дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зист, китоби арзу шикоятҳо ташкил гардидааст. Баррасии шикояти шаҳрвандон ва мақомоти давлатӣ, қисми асосии фаъолияти назоратии Кумита мебошад. Ҳолатҳои бештар ба вуқуъ омадани қонунвайронкунии экологӣ ба партофтани партовҳо, қуруғшиканӣ, буриши ғайриқонунии дарахтон ва истифодаи сарватҳои маъмули умум рост меоянд. 

Ҷамъоварӣ ва меъёр барои истифодаи сарватҳои табиӣ, хизматрасонии экологӣ ва энергия.

Қонун Дар бораи ҳифзи муҳити зист, низомномаро дар бораи имтиёзҳои андозбандӣ, ки ба ҳавасмандгардонӣ дар самти истифодаи оқилона ва самарабахши сарватҳои табиӣ равона гардидаанд, дар худ таҷассум менамояд.  Ҳамзамон ҳавасмандгардонии молиявии рушди манбаҳои барқароршавандаи энергия, нигоҳдории энергия ва моҳиятан  баланбардории миқдори энергияро танзим менамояд. Вале, дар Кодекси андоз масъалаҳои болозикр таҷассум нагардидааст, илова бар ин санадҳои меъёрии зарурӣ таҳия карда нашудааст.

Пардохт барои истифодабарии сарватҳои ҷангал «иҷозат барои истифодаи ҷангал» ва объектҳои табиати ёбоӣ аз тарафи Ҳукумати ҶТ соли (соли 2007) муқаррар гардида буд ва бо назардошти   беқурбшавӣ ва дигар факторҳо индексатсия карда мешаванд. Агентии ҷангал барои истифодабарии сарватҳои ҷангал меъёр муқаррар намуда, барои шикорӣ  намудҳои шикории ҳайвонот иҷозат медиҳад. Пардохти варидшуда аз ҳисоби истифодаи сарватҳои ҷангалдар як сол 2,5 миллион сомониро ташкил мекунад. Андози истифодабарии замини фонди давлатии ҷангал барои як ҳайвоноти хонагӣ 2,48 сомонӣ ба як ҳайвон муқаррар гардидааст, ки доромади солонаи ба буҷаи он воридгардида 1,2-2 миллион сомониро ташкил мекунад. Пардохти экологӣ барои хизматрасонии системаҳои экологӣ муқаррар нагардидааст, вале дар ин самт дар Ширкент ва Ромит лоиҳаҳо амалӣ шуда истодаанд.

Ҳукумат лоиҳаҳои таҷрибавии усулҳои ҳифзи олами ҳайвонотро бо ҷалби аҳолии маҳаллӣ, махсусан дар самти ҳифзи ҳайвоноти ваҳшии морхӯр (бузи пармашох), бузи куҳии сибирӣ,  Архари Помирӣ дастгири намуда истодааст. Раванди мазкур ба афзудани мабаҳои иловагии даромад барои аҳолӣ ва камшавии шикори ғайриқонуни мусоидат мекунад. Барои шикори намудҳои ҳайвоноти нодир ва ҳифзшавандаи шомили китоби Сурх гардида, иҷозатнома талаб карда мешавад. Ҳар сол барои шикор намудани ҳайвонотҳои ба Китоби сурхи  Тоҷикистон шомилгардида ба миқдори 65-85   сар иҷозатнома дода мешаванд. Квота барои додани иҷозатнома бо назардошти  пешниҳоди Акадамияи илмҳо аз тарафи ҳукумат дода мешаванд ва шумораи солонаи онҳо 65-85 ададро ташкил мекунад.  Пардохт барои шикори як сар Архари Помирӣ 55 ҳазор сомониро ташкил намуда, даромади солонаи он  то ба 3,6 миллион сомонӣ мерасад. Як қисми ин маблағ ба буҷаи маҳаллӣ ва қисмми дигараш ба буҷаи ҷумҳуриявӣ ворид карда мешаванд. Як қисми дигари он барои ба ҳисобгирии шумора ва барқароркунии миқдори сашумори  ҳайвонот сарф карда мешаванд.

Кули Булункул дар Помир

Дар Тоҷикистон замин моликияти истиснои давлат мебошад. Андози замин новабаста аз он, ки қитъаи замин ба истифодаи бемӯҳлат ё истифодаи якумра додашудааст, аз тарафи заминистифодабарандагон пардохта мешавад.  Миқдори андози замин аз сифат ва мавқеи ҷойгиршавии он, арзиши кадастории он ва шакли истифодабарӣ аз 1 то 700 сомонӣ барои як гектар муқаррар гардидааст. Истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ (шахсони ҳуқуқӣ ва хоҷагиҳои фермерҳо) ба супоридани шакли андози соддагардида гузаранд ва аз супоридани андози замин озод карда мешаванд.

Барои истифодабарии маъдан иҷозатномаи махсус ва шартномаи байни истифодабаранда ва мақоми ваколатдор  лозим аст. Бонус аз пардохти яквақта иборат буда, барои коркард ва истифодабарии сарватҳои маъмули умум роялти пардохт ткарда мешавад.  Ҳамзамон Роялти барои НОБ-ҳо низ муқаррар мегардад, ки андозаи он 2,4 соминӣ барои 1 мегаватт-соат энергияи истеҳсолгардида мебошад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ меъёри ягонаи пардохти ба истифода додани об барои обёриро ба андозаи 1,5 дирам барои 1 метри кубӣ, бе баҳисобгирии андоз аз арзиши иловашуда, ё ки 15 сомонӣ ба 1000 метри кубӣ  бе баҳисобгирии андоз аз арзиши иловашуда, ё ки 17, 77  сомонӣ бо баҳисобгирии андоз аз арзиши иловашуда.

Бинобар сабаби набудани дастгоҳҳои ҳисобкунандаи миқдори об, пардохт барои истифодаи об аз рӯи меъёри истифодабарии об ба 1 га ситонида мешавад. Ин маблағ барои барқароркунии хароҷоти системаи обтаъминкунӣ масраф карда мешавад вале, он ин хароҷотро пӯшонида наметавонад ва ба сарфа намудани об мусоидат намекунад.

Дар таъмини рӯзғор бо оби ошомидани, даромади гирифташуда барои пардохти ҳаққӣ хизматрасонӣ хароҷоти сарфнамудаи муассисаи ба об таъминкуниро ба ғайр аз муассисаи ба об таъминкунии шаҳри Хуҷанд пӯшонида наметавонад. Дар шаҳри Хуҷанд нисбати дигар минтақаҳои Тоҷикистон меъёри пардохт борои хизматрасонии муассисаи ба обтаъминкунӣ баланд мебошад. Меъёри пардохти амалкунанда барои таъминот бо оби нӯшокӣ  барои аҳолӣ ба 1 метри кубӣ 0,7 сомонӣ муқаррар гардидааст, ки аз 3 як ҳиссаи хароҷоти сарфшуда ё худ 2,2 сомонӣ ба 1метри кубиро ташкил мекунад.  Меъёри пасти таъминот бо об,  истифодаи сарфакоронаи обро ҳавасманд намегардонад ва набудани дастгоҳҳо барои ҳисоби об ба муасисаи бо обтаъминкуни имконияти муқаррар намудани миқдорӣ талабот бо обро  баҳо дода наметавонад.

Серобӣ ва аз ҳад зиёд обмонӣ

Хадамотии зиддиинҳисорӣ меъёри пардохтро барои муомилот бо партовҳо дар асоси пешниҳоди муассисаҳо муайян менамояд. Меъёри пардохти мазкур, ба миқдори одамони хонавода ва намудҳои манзили истиқоматӣ муайян карда мешаванд. Дар солҳои 2015-2017 ин меъёр барои 1 одам 2,3 сомонӣ дар як моҳ ва барои муассисаҳо 27, 35 сомонӣ барои 1 метри кубӣ  муқаррар гардидааст. Дар шаҳри Душанбе ҷойгиркунонии партовҳо пардохти иловагии 7 сомонӣ барои 1 тоннаро дорад, вале ин маблағ барои таҷдиди партовгоҳ ва таъмини бехатарии экологӣ кифоягӣ намекунад. Бо дастгирии Бонки Аврупоии рушд ва таҷдид, ҳоло дар шаҳрҳои калон лоиҳаҳои беҳсозии идоракунии партовҳо ва мутобиқаткунонии системаи меъёрӣ амалӣ гардида истодааст.

Меъёри миёнаи андозаи пардохти электроэнергия 17,6 дирамро барои як киловат соат ташкил медиҳад. Андозаи паст будани пардохти қувваи барқ барои тиҷорат ва аҳолӣ мақбул аст, вале аз тарафи дигар он ба сарфа ва истифодаи самарабахши қувваи барқ ва ҷалби сармоя ҷолиб нест.

Ҳангоми андозбандии сӯзишворӣ, вобаста ба сифат ва таркиби он дифференсиатсия карда намешавад. Меъёри андозаи  андози барои воситаҳои нақлиётии автомобилии мусофиркашонӣ 3 сомонӣ баоли қувваи асп муқаррар гардидааст, вале андоз ба ҳавасмандгардонии истифодаи сарфакоронаи сӯзишворӣ ва кам кардани партовҳои моддаҳои ифлоскунанда нигаронида нашудааст.

Сармоягузорӣ ба ҳифзи муҳити зист

Сармоягузории ҳифзи муҳити зист, аз ҳисоби маблағҳои буҷаи давлатӣ ва ва лоиҳаҳои байналмилалӣ ташаккул меёбад. Сармояи дохилӣ асосан барои тоза кардани обҳои ҷорӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ, дастгирии ҳудадҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, системаи мониторинги муҳити зист равана карда мешаванд ва 0,3-0,5% -и сарфи буҷаи давлатиро ташкил мекунад.     

Сармояи беруна асосан барои дастгирии рушди энергетикӣ, нақлиёт ва хоҷагии кишоварзӣ равана мегардад. Ба ҳиссаи ҳифзи муҳити зист 3-5 фаизи кӯмаки беруна рост меояд. Равандҳоии асосии лоиҳаҳои байналмилалӣ ба баландбардории устувори ба тағйирёбии иқлим, беҳтар намудани идоракунии партовҳои радиоактивӣ ва маишӣ,  ҳифзи табиати зинда ва ҷангал, пешгӯӣ ва паст кардани хатари офатҳои табиӣ нгаронида шудааст. Барнома ва лоиҳаҳои зиёди экологии Тоҷикистон бо ҷалби сармояи грантӣ ва кредитии Бонки Осиёгии Рушд, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Европогии рушд ва таҷдид,   Фонди глабалии экологӣ, Фонди иқлимии сабз ва аз ҳисоби кӯмаки техникии давлатҳои мутараққӣ  маблағгузорӣи мегарданд.   Кумитаи ҳифзи муҳити зист фонд дорад ва асоси ташакурёбии маблағҳои онро пардохт барои ифлоскунии муҳити зист, истифодаи олами набототу ҳайвонот ташкил медиҳад.

Зидди, Тоҷикистони марказӣ

Бо мақсади беҳтар намудани маблағгузории муҳити зист ва гузариш ба иқтисодиёти сабз бебояд,  меъёри пардохтҳои экологиро барои ифлоскунии муҳити зист зиёд намоем. Ин амал ба мо имкон медиҳад, ки ҳавасмандгардониро дар самти коҳиш додан ва пешгирӣ намудани  ифлосшавии муҳити зист ва ташакулёбии партовҳоро ҷорӣ намоем.  Аз пардохт намудан барои ташакулёбии партовҳо, мебояд ба механизми ҳавасмандгардонии коркард ва кам кардани патовҳо гузарем.

Меъёри пасти пардохт барои истифодаи об ва энергия барои хоҷагиҳои кишоварзӣ ва табақаҳои васеи аҳолӣ моҳияти иҷтимоӣро дорост, вале ҳавасмандгардонӣ ва сармояро барои боэътимодии  системаи обёрӣ ва  обтаъминкуню энергетикаро тамин намекунад.

Маълумоти экологӣ ва мониторинг

Дар шароти кунунӣ системаи мониторинги муҳити зисти Агентии обуҳавошиносӣ, лабораторияҳои Кумита ва Хадамоти назорати давлатии санитарӣ – эпидеомологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инунин Агентии омор, Агентии хоҷагии ҷангал ва Геологияи тоҷик миқдори маҳдуди нишандиҳандаҳое, ки дар Нишондоди Комиссияи иқтисодии Аврупоии СММ доир ба истифодаи нишондиҳандаҳои экологӣ барои давлатҳоии Осиёи Марказӣ, Европои шарқӣ ва Кавказ нишон дода шудааст муайян менамояд.  Бинобар сабаби мавҷуд набудани далелҳои боэътимод ва маҳдудияти системаи мониторинг, маълумотҳо кофӣ нестанд. Ба сифати мисол оид ба об ва таррози сӯзишворӣ, талафёбии об, таркиби фосфор ва нитратҳо, истифодаи маъданҳо маълумотҳо мавҷуд нестанд.

Субъектҳои фаъолияти хоҷагидор,  барои ҷорӣ намудани ҳисоботҳои оморӣ ба Агентии омор ҳисоботҳои зеринро пешниҳод иенамоянд:

     – дар бора ҳавои атмосферӣ,

     ҳолатҳои фавқуллодаи храктери табиӣ ва техногеннӣ дашта, тадбирҳои бартараф намудани он,

     – партовҳои сахти маишӣ,

     ҳудудҳои  табиии махсус муҳофизатшаванда.   

Дар соли  2010 Агентии омор қабули  ҷамъоварии  маълумотҳоро дар соҳаи хоҷагии об манъ намуд. Солҳои тӯлонист, кӣ ҳисоботи  ташаккулӣ партовҳои истеҳсолӣ бурда намешавад. Масоили вобаста ба дақиқии маълумотҳо оид ба партовҳо ба ҳавои атмосферӣ ва ташаккулёбӣ партовҳои истеъмолӣ барои мутахассисони соҳаи экологӣ масоилҳои душворро эҷод менамояд. Ҳоло ҳам дар мубодилаи маълумотҳо душвариҳо ҷой доранд (маъмумотҳо дар асоси дархости хаттӣ, дар шакли хаттӣ (ғайриэлектронӣ) пешниҳод карда мешаванд). Сатҳӣ пасти мунтазамӣ, сифати  ҷудокунӣ ва гирифтани намуна, инҷунин  автоматикунонӣ ба суръат ва имконоти табодули маълумотҳо таъсин мерасонад. Принсипҳои заминавии маълумотҳои экологии муштарак,  қисман  ҷорӣ карда шудааст ва маълумотҳои фардӣ бошад, бештар ба назар мерасанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист маълумотҳоро дар 18 шакл аз сохторҳои зертобеи худ ҷамъоварӣ менамояд. Маркази маълумотҳои экологӣ маводҳои иттилоотии- блютенҳои экологие, ки маълумотҳои мониторинги экологиро дар бар доранд, омода менамояд. Кумита ҳафтаномаи «Инсон ва Табиат» ва маҷаллаи «Ҳифзи  Табиат»-ро интишор менамояд.   Ҳамзамон Кумита, дар самти паҳн намудани маълумотҳои экологӣ тавассути васоити ахбори омма ва  веб-сайт худ (www.hifzitabiat.tj)  корҳои зиёдро анҷом медиҳад.

Дар Тоҷикистон мониторинги ҳолати ҳавои атмосферӣ дар 4-5 шаҳрҳои калон (Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Турсунзода ва Гулистон) амалӣ карда мешавад. Системаи автоматикии мониторинги муҳити зис фақат дар шаҳри Душанбе фаъолият мекунад. Мониторинги  обҳои рӯизаминӣ аз тарафи Агентии обуҳавошиносӣ дар 30 нуқта амалӣ мегардад. Маълумотҳои мониторинги сифати ҳавои атмосферӣ ва об, дар веб- сайти Агентӣ (www.meteo.tj)    ҷойгир кунонида мешванд.

Мушоҳидаи об ва обсанҷии саёр дар поёноби д.Вахш

Агентии омор дар веб-сайти худ (www.stat.tj) шакли электронии мамаҷуаи маъълумотҳои  омориро ҷойгир менамояд. Дар соли 2016 Агентӣ қолаби интернетии (www.gksintranet.tj/ecostat/) маълумотҳоро барои  истифодабарӣ дар   маърӯзаи экологӣ тайёр намуд. Дар соли 2017 Маркази миллии гуногунӣ ва бехатарии биологӣ, системаи ҷамъоварӣ ва мубодилаи маълумотҳои экологиро дар сатҳӣ вилоятӣ ва кишвар таҳия намуд (http://eims.biodiv.tj).  Системаи зикргардида,  давра ба давра ба маълумотҳо пурра гардида истодааст.

Ҳисоботи масоҳати ҷангал, барқароркунии ҷангал, бунёди ҷангал,   афзоиши ҳайвоноти  ва паррандагон, дар ҳудуди фонди ҷангал ва ҳудудҳои табиӣ махсус муҳофизатшаванда, аз тарафи Агентии ҷангал амалӣ мегардад  (http://forest.tj).

Ташхиси обҳои зеризаминӣ аз тарафи Хадамоти геологӣ амалӣ мегардад. Лабораторияҳои муассисаҳои ба обтаъминкунӣ мониторинги сифати  обҳои нӯшокиро амалӣ менамояд. Лабораторияҳои Хадамоти санитарию – эпидеомологӣ шаҳрҳои  Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва ВМКБ ташхиси обҳои нӯшокӣ ва обҳои барои оббозиро мегузаронанд.

Маълумотҳои  экологии вобаста ба ҳолатҳое, ки барои саломатии инсон ва муҳити зист хатар эҷод менамоянд, мақомоти марказии иҷроияи ҳокимиятӣ давлатӣ барои андешидани тадбирҳо истифода менамоянд.  Ин маълумотҳо асосан аз маълумотҳои вазъи обу ҳаво, рух додани ҳолатҳои экстремалӣ, инчунин маълумотҳо дар бораи шароити санитарию эпидеомологӣ ва ҳолатҳои садамавӣ иборат мебошанд.  Дар асоси ин маълумотҳо мақомоти марказии иҷроияи ҳокимиятӣ давлатӣ барои пешгирӣ  ёки коҳиш додани хатар ва зарар тадбирҳо меандешанд.

Ҳаракатҳои ҷамъиятӣ, маърифат ва маълумотҳои экологӣ

Дар Тоҷикистон дар самти  ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ қариб 100  ташкилотҳои  ғайридавлатӣ ва ғайритиҷоратии экологӣ фаъолият менамоянд. Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Агентии хоҷагии ҷангал бо ташкилотҳои  ғайридавлатӣ ва ғайритиҷоратӣ, ҷиҳати пешбурди маърифат ва маълумотҳои экологӣ ҳамкорӣ намуда,  як қисм чорабиниҳои амалӣ ба монанди шинонидани дарахтҳоро анҷом медиҳанд.

Бо дастгирии Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо дар кишвар 7 Марказҳои Орхусӣ оид ба маълумотҳои экологӣ таъсис дода шудааст ва ин марказҳо барои дастрасии аҳолӣ ба маълумотҳои экоглогӣ мусоидат мукунанд. Маркази Орхусӣ шаҳри Хуҷанд  ҷиҳати иштироки аҳли ҷомеа  барои рӯйпуш намудани партовҳои урандори шаҳри Истиқлол кӯмак мерасонад. Марказҳои Орхусӣ шаҳрҳои Душанбе,  Бохтар ва ноҳияи Рашт оид ба мавзуъҳои экологӣ  чорабиниҳои омӯзиширо анҷом медиҳад.

Барномаи давлатии рушди тарбия ва маълумоти экологии аҳолӣ то соли 2020, ба баландбардории тарбия ва огоҳсозии экологӣ дар муассисаҳои системаи таҳсилоти маълумоти умумӣ, бо ҷалби васоити ахбори омма, ташкилотҳои ҷамъиятиро дар сатҳи маҳаллӣ равона гардидааст.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба татбиқи ин барнома таваҷҷуҳиӣ махсус зоҳир менамояд, намояндагони он мунтазам бо ташкилотҳои  ғайридавлатӣ, мактаббачагон, донишҷӯён ва  вохӯриҳо доир намуда,  оид ба мавзуҳои экологӣ озмуни ҳикояҳо,  расмҳо,  беҳтаринро  ташкил менамоянд. Ҳамзамон оид ба  мавзӯъҳои муҳими экологӣ озмуни нашрияҳо ва овезаҳоро доир менамояд. Дар барномаҳои таълимӣ мавзуъҳои вобаста ба экология аз ҷумла, Табиатшиносӣ, Экология, Географияи экологӣ ва иҷтимоӣ, Табиат ва сарватҳои табиӣ шомил карда шудаанд.

Ҳифз ва барқароркунии популатсияи Озодапаланг

Як қатор донишгоҳҳо мутахассисони соҳаи экологиро омӯзонида омода менамоянд аз ҷумла, Донишгоҳӣ давлатии миллии Тоҷикистон, Донишгоҳӣ давлатии омӯзгорӣ, донишгоҳҳои аграрӣ ва техникӣ. Курсҳои такмили ихтисос дар доираи лоиҳаҳои байналмилалӣ ташкил мегарданд, вале доимӣ намебошанд. Озмун ва намоишгоҳҳо дар мавзуъҳои экологӣ доимо гузаронида мешаванд.

Қонунҳо Дар бораи ҳифзи муҳити зист ва Дар бораи баҳои таъсир ба муҳити зист, ҳуқуқҳои шаҳрвандонро дар самти иштирок дар қабули қарор оид ба нақша, барномаҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, таҷассум менамояд. Қонун Дар бораи экспертизаи экологӣ ба шаҳрвандон, гӯруҳҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳо имконоти иштирок дар қабули қарор оид ба самтҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидорӣ (лоиҳаҳо) аз ҷумла, тавассути иштирок дар экспертизаи ҷамъиятӣ метавонад хулоса диҳанд ва ин хулоса характери тавсиявро дорост.

Харитаҳо

Нишондиҳандаҳои экологӣ

Хонандагони маъруза метавонанд манбаъҳои иттилоотии зеринро дар Интернет барои шиносоӣ бо вазъи экологии Тоҷикистон истифода баранд:

Маълумоти расмии экологӣ: http://hifzitabiat.tj 

Рӯзномаи экологӣ: http://environment.tj

Омори экологӣ ва нишондиҳандаҳои рушд: www.stat.tj 

Маълумот мониторинги муҳити зист, обу ҳаво, об ва иқлим: http://meteo.tj 

Маълумот дар бораи гуногунии биологӣ: http://www.biodiv.tj

Системаи иттилоотии экологии Тоҷикистон: http://eims.biodiv.tj

Ҳисоботдиҳии байналмилалӣ

Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои бисёр равандҳои байналмилалӣ ва созишномаҳо дар соҳаи ҳифзи муҳити зист буда, ӯҳдадориҳои худро дар самти ҳисоботдиҳии байналмилалӣ иҷро мекунад. Ташкилотҳои байналхалқӣ тавассути намояндагиҳо, методҳо ва талаботҳои худ, инчунин иттилоотро дар бораи захираҳои табиӣ, иқтисодиёт ва аҳолӣ, аз ҷумла Тоҷикистон таҳия ва ба тасвиб мерасонанд.

Барои хонандагони шавқманд ва истифодабарандагони гузориш интихоби манбаъҳои дахлдори байналмилалии иттилоотӣ дар поён оварда шудаанд:

Suggest Edit